Лаънат ба ватанфурӯшон
Дар шароити ҷаҳонишавии хоҷагии халқ кишвари соҳибистиқлоламон рӯз аз рӯз рушд намуда дар арсаи ҷаҳонӣ ба қатори мамлакатҳои мутарақӣ дохил шуда истодааст. Таҳлилҳои иқтисодии солонаи ҷумҳур шаҳодат медиҳад, ки дар тамоми самтҳои мамлакат ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст, намоён аст.
Дар навбати худ таъкид намудан ҷоизи имкон аст, ки бо ташаббуси беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввали солҳои истиқлолияти давлатӣ барои инкишоф ва рушди он як қатор қонунҳо ва чорабиниҳои мукаммал қабул карда шуд ба аҳамият молик аст.
Вале, таассуфи зиёд, ки имрӯз ин пешравию музаффариятҳо на ба ҳама писанд аст. Аз ҷумла, барои як қисми онҳое, ки солҳо дур аз Тоҷикистон қарор доранд, ё ин ки нону намаки мардуми тоҷикро хурда истода дар дохили мамлакат баъзе курнамакҳо ҳастанд сулҳу оромии кишвари мо ба онҳо мақбул нест.
Ташкилоти “Паймони миллии Тоҷикистон” объекти аз зумраи чунин инсонҳои каҷрафтор ва ватанфурӯш мебошад. Ташкилоти номбурда, ки ҳоло зидди сулҳу субот ва оромии кишвар аст, ва мавқеи худро дар дохили иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ пайдо кардааст. Ташкилоти “Паймони миллии Тоҷикистон” ба муқобили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада, онҳо чашми пешравиҳои кишварро намебинад, танҳо ягона коре, ки метавонад анҷом диҳанд, зери танқид қарор додани ин ё он шохаи ҳокимият ё роҳбарияти кишвар мебошад. Онҳо гӯё ғамхори мардуми тоҷик худро намоиш дода, ба онҳо зарбаҳои маънавии худро ҳар соат, ҳар дақиқа расонида меистанд.
Таъкид ҷоиз аст, ки дар тафаккури тарафдорони ташкилоти “Паймони миллии Тоҷикистон” баромаду гуфтаҳое, ки барнафъи миллат ва бақои он бошад, мављуд нест. Онҳо дар ҷомеа чун ҳашаротҳоли музӣ (паразитҳо) дар сиришти миллатанд, ки аз роҳи фиреб барои касби эътибори кизб ва бақои худ мехоҳанд аз огоҳии миллӣ сўйистифодаҳое барои пойдории худ дошта бошанд.
Таърих меомўзад, ки ҳисси баландпарвозӣ, љоҳталабӣ, бартарихоҳӣ, фахрфурўшӣ, поймол кардани ҳаққу ҳуқуқи дигарон, таљовуз ба ҳуввияти фардӣ ва амсоли ин навъ андешаҳои вайронгарии иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ ҳаргиз пешрафтро ба ҳамроҳ надоштааст.
Дар навбати худ мавриди зикр аст, ки Пешвои муаззами миллат моро водор месозанд: “мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, ба халқи азизамон содиқонаву самимона ва бо виҷдони пок хизмат кунем, нақшаҳои бунёдкоронаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем. Дар навбати худ мо бояд ташаббускор бошем, тамоми кӯшишу ғайрат, донишу малака ва қобилияти ташкилотчигии худро барои раҳнамоӣ кардани мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ба корҳои ободонӣ сафарбар намоем”.
Агар ҳар як шаҳрванди кишварамон бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқатамон ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссагузор бошем, ба тинҷу осудагии давлати хеш ҳеч кас наметавонад таъсири манфӣ расонад.
Ҳайитбоева Н.А. – н.и.и., дотсенти кафедраи
иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ