Мардуми тоҷик тарафдори паймонҳои бо ном “миллӣ” нест!
Баъз аз пошхӯрии ИҶШС мардуми тоҷик фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ниқобпӯше гардид, ки онҳо дар лафзи худ мақсадҳои ободкоронаро зикр намуда, дар асл кишварамонро хароб мегардониданд. Хушбахтона, имрӯз симои аслии ҳамаи он ҳизбу ҳаракатҳо аён гашта истодааст.
Мардуми хирадманду фозил ва сабури тоҷик имрӯз бори дигар шоҳиди он мегарданд, ки гурӯҳҳои ифротгаро, ки зери як «Паймон» аҳд бастаанд ва аз режими пешгирифтаи хеш, ки аз ваҳшоният ва поймол намудани ҳуқуқҳои фитрии инсон иборат аст, ҳоло ҳам даст кашиданӣ нестанд. Айни замон дар кишвари Олмон ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом, ки дар дафтари аъмоли он 146 адад ҷиноятҳои характери экстремистӣ-террористӣ сабт гардидааст, барои пиёда сохтани ақида ва афкори ғализи хеш мустақар гардидааст. Муҳоҷирон, сокинон ва бошандагони муваққатии тоҷикони Олмон пеш аз ҳама бояд дарк намоянд, ки таҷрибаи таърихи кӯтоҳи ватанамон нишон дод, ки зери ниқоби “ислом” ва ҳамакнун “демократия” қувваҳое амал мекарданду мекунанд, ки бо нияти тағйир додани сохти конститутсионии кишвар амалиёти тарғиботию ташвиқотӣ ва ҳарбию сиёсиро пеш гирифта, ҳатто ба табаддулоти давлатӣ даст заданд. Бо истифода аз номи поки дини ислом ин гурӯҳи хиёнаткор бар он мекӯшад, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон бадном созад, ки ин рафтори онҳо хиёнати рӯйрост ба Ватану миллат аст.
Додоҷон Атовулло, яке аз рӯзноманигорони маъруф ва айни замон муҳоҷири мустақар дар Олмон, ки дар деги ҳамин кӯрнамакон ҷӯшидаву пухта расидааст, дар саҳифаи фейсбукаш иброз доштааст: «Бовар накунед. Ба хиёнаткор як бор бовар кардан шояд камоли бузургворист. Аммо ду бор бовар кардан камоли аблаҳист. Бовар накунед агар сад бор савганд ёд кунанд.. Ҳама ҳарфашон дурӯғ аст. Намози онҳо дурӯғ аст. Мусалмонии онҳо дурӯғ аст. Одамияти онҳо дурӯғ аст».
Барои мо маълум аст, ки суханҳо, амалҳо, нақшаҳо ва мақсадҳои роҳбарони ТЭТ ҲНИ нишон медиҳад, ки гурӯҳи мазкур душмани инсоният буда, ҳатто барои падару модари худ, бародару хоҳари худ раҳам наменамоянд. Аз ин ҷиҳат зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ ҳамеша зарур ва дар мадди аввал аст. Танҳо бо василаи ваҳдат, сулҳ, ҳамдилӣ ва якпорчагӣ метавонем ҳастии худро ҳифз намуда, таърихи гузаштагонро зинда карда, ояндаи дурахшон барои насли наврас омода созем.
Тавре аз тариқи сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ огаҳӣ дорем, ТЭТ ҲНИ ва пайравонаш бо ташкили ҳамоишу гирдиҳамоиҳо ба амалҳои иғвоангезӣ ва мардумфиребонаи худ идома дода истодаанд.
Ташкилу роҳандозии чунин “тазоҳурот” аз ҷониби роҳбарону аъзои ТЭТ ҲНИ идомаи ҳамон равандест, ки онҳо дар солҳои аввали истиқлолият бо ин гуна ҳамоишу гирдиҳамоиҳо мардумро дар дохили кишвар ба бесарусомонӣ, бенизомӣ ва ҷангу ҷидол кашида, имрӯз ба ин кирдорҳои нангини худ дар хориҷи кишвар идома дода истодаанд.
Ин бадхоҳон мехоҳанд мардумро, махсусан ҷавонони моро фиреб дода, ба доми худ андозанд. Ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ҳар роҳу васила истифода менамоянд. Зеро пешаи онҳо чунин аст.
Умедворем, бархе аз ҷавонони раҳгумзада аз пешрафтҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву динии кишвар пуштибонӣ карда, ба миллату Ватани худ хиёнатро раво намебинанд.
Аз ин рӯ, бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, ободиву осудагии ватани маҳбубамон насли ҷавонро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи иғвову дасисаҳои ифротгароёну тахрибкороне ба мисли аъзоёни ТЭТ ҲНИ нагарданд.
Рауфов М.М. – ассистенти кафедраи назария
ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ