Гуфторхои фарзанди Мухамадалии Ҳаитро дастгирӣ наменамоем!
Хар шахс бояд ғуломи қонун ва итоаткорӣ ӯ бошад. Зарурати хуқуқҳои инсонро инкор кардан мумкин нест. Инсон худро дар хамон маврид комилан дар ҷамьият озод ҳис карда метавонад, ки соҳиби ҳуқуқ ва озодиҳои кафолатнок бошад. Зарурати чунин ҳуқуқхо ба монанди ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ, таьмини иҷтимоӣ дар вақти пиронсолӣ ва чунин озодиҳо ба монанди озодии ҳуқуқи моликият, виҷдон, сухан, матбуот ва ғайра ба ҳама маьлум аст. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон табиӣ мусодир нашаванда аст. Бе амали гардонданиинин ин ҳуқуқҳои асосии инсон ҳеҷ гунна озодӣ, инсондустӣ, адолат ва беҳбудии ҳолати инсон шуда наметавонад.
Ҳар як инсоне, ки ба дунё меояд, дорои чунин хуқуқ ва озодиҳо буда ҳамаи онҳо дар назди қонун баробаранд. Ҳамаи шаҳрвандон новобаста аз нажод, ранги пӯст, миллат, чинс, забон, баромади иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ, молумулкӣ, мансаб, ақида муносибат ба дин иштирок кардан ё накардан дар иттиҳоди ҷамъиятӣ ҷои истиқомат ва ҳолатҳои дигар дорои ҳуқуқ ва озодиҳои баробар мебошанд. Дорои хуқуқ ва озодиҳои гуногун будани шаҳрвандон маънои онро надорад, ки ҳар як шахс чи тавре ки хоҳад, ҳамон тавр рафтор намояд. Баръакс баамал барории ҳуқуқ ва озодиҳои кониститутсионии ҳар як шахс набояд ҳуқуқ ва озодиҳои дигаронро вайрон намояд, ба ҷамъият ва атрофиён зарар расонад. Зар як шаҳрванд уҳдадор аст, ки кониститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистонро риоя намояд, андоз ва ғункуниҳоро супорад, табиатро эҳтиёт ва ёдгориҳои таърихиро ҳифз намояд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994) ҳуқуқҳои фитрии инсонро дар моддаи 5 мустаҳкам кард. Боби дуюми Конститутсия бошад, пурра ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Ҳуқуқҳои фитрии инсон ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, хориҷиён ва ашхоси бешаҳрвандро дар назар дорад, ки табиатан (новобаста аз давлат ва ҷои зисту сукунат) мансуби ҳар як фард мебошанд.
Озодӣ – соҳаи бо хуқуқ кафолатгаштаи мухторияти фард аст, ки дар ҳудуди он шахс мустақилона, мувофиқи хоҳишаш амал мекунад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд – вазъи ҳуқуқии шахс ба воситаи маҷмӯи хуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ки дар меъёрҳои ҳамаи соҳаҳои ҳуқуқи амалкунанда инъикос ёфтаанд, муайян мегардад. Асоси вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд бошад, ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои ба тарзи конститутсионӣ муқаррар гардидаро дарбар мегиранд. Барои инсон ва шаҳрванд ҳуқуқу озодиҳо воситаи худифодакунӣ ва ошкор намудани лаёқати дар ҷомеа ташаккул ва инкишофёбӣ, таъмини шаъну шараф, ки барои шахсияти озод хос аст, воситаи амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои инкорнашавандаи ӯ ба иштирок дар идораи ҷомеа, ки узви он аст, таъмини шароити зарурии иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ҳаётан муҳими моддию маънавӣ мебошанд. Ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд бо шакли махсуси ҳуқуқии муқаррар ва мустаҳкам гардидан хусусиятноканд. Онҳо дар санади олии ҳуқуқии давлат – Конститутсия, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дорад, мустаҳкам карда мешаванд.
Дар мамолики демократӣ Омбудсман шахси мансабдоре, аз тарафи Президент таъин ва ё аз ҷониби Парламент бо мақсади назорат бурдан барои риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз болои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин шахсони алоҳида ва иттиҳодияҳо интихоб карда мешавад.
Падарҳои беҳтарин зиндонӣ намешаванд. Фаъолияти падари Фируз Мухаммадалӣ ғайриконунӣ хисобида шуда, ӯро беҳуда зиндонӣ накардаанд. Дигар падарҳои аз дасти падари бехтарини Фируз Мухаммадалӣ ҷабр дидаанд, оё бехтарин падар набуданд. Гуфторҳои фарзанди Муҳамадалии Ҳаитро дастгири наменамоем. Бо ин суханхо мо гуфтани хастем, ки хеч касро бехуда зиндони намекунанд. Конунхои Чумхурии Точикистон хеч кор ноадолатона кор намекунанд. Аз руи гуноххои кардааш Муҳамадалии Ҳаит ҷазо гирифтааст. Чавонони имруза намегузоранд, шароити имрузаро вайрон кунанд. Мо бо Пешвои миллатем, сиёсати Ҷаноби Олиро дастгири менамоед.
М.Раҳмон – сармуаллимаи кафедраи фанҳои
риёзӣ – табиатшиносии муосири ДДҲБСТ