Алҳазар аз Кабирӣ!

Баъди шикасти пай дар пайи худ роҳбарияти ТЭТ ҲНИ ва ҳамакнун Паймони милии Тоҷикистон даст ба навиштани мақолаву изҳоротҳои муғризона пардохта, кушиш дода истодаанд то симои разили худро ба хонандаи тоҷик нек нишон диҳанд. Аз ҷумла мақолаи “Бо Раҳмон ё бо Кабирӣ” давоми мантиқии ҷанги иттлиоотии душманони миллат аст.

Оре, мо ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввал то ба охир содиқ мемонем ва сиёсати оқилонаю хирадмандона, дурбинонаю  дурустро дастгирӣ менамоем. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон метавонад ва қодир аст, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон корҳоеро анҷом  диҳад, ки боиси шукуфоӣ ва ривоҷу равнақ бошад. Мавриди зикр аст ва бояд иқрор шуд, ки обрӯ ва эътибори Пешвои муаззами миллатамон Эмомалӣ Раҳмон рӯз ба рӯз ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он меафзояд ва ниёз ба ситоиш надорад.

Зеро, ӯ корҳои хубу назаррасро анҷом медиҳад. Аз ҷумла, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки халқу миллати Тоҷикистон ба ҳам орад, якҷо намояд, якпорча созад. Бо кору пайкори хеш дар кишвари маҳбубамон фазоеро ба вуҷуд овард, ки он фазои созандаву ояндадору дурахшон мебошад.

Тоҷикистонро дигар қисмат намудан маъное надорад. Ҳама бояд танҳо дар атрофи “Тоҷикистони ободу озод Ватани маҳбуби ҳамаи мост” муттаҳид гардем. Ватанамонро аз ин ҳам дида ободу зебо гардонем ва барои рушди нумуи он камари ҳиммат бубандем. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҳоло ҷомеаи Тоҷикистонро як руҳияи сулҳ ваҳдат фарогир аст.

Одинаев А. – н.и.с., дотсенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like