Саркардагони даҳшату бадӣ
Дар давраи истиқлолияти миллӣ-давлатӣ, оқибати сангини пайвастани дину сиёсатро дар таъриху тақдири тоҷикон мо дар мисоли фаъолияти ҳизби сиёсӣ-динии наҳзати исломӣ дар солҳои 90-уми садаи ХХ баръало мушоҳида мекунем, ки ҳанӯз аз хотираи мардум нарафтааст.
Ҳарчанд Ҳукумати Тоҷикистони навистиқлол бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон ба хотири сулҳу ваҳдат ва таъмин сохтани амну суботи ҷомеа бо мухолифин созишномаи сулҳ баста, ин ҳизбро аз нигоҳи ҳуқуқӣ қонунӣ сохт, вале дар асл дар сохтори сиёсӣ, аз ҷумла сохторҳои қудратӣ мақоми муайян касб кардани ҳизби мазкур ҳам ба низоми давлатдории миллӣ ва ҳам дунявӣ ихтилоф дошт ва ҳатто аз нигоҳи он таҷрибаи талхи таърихие, ки тоҷикон аз сар кардаанд, як андоза такрори иштибоҳҳои пешин буд, вале иштибоҳи бошуурона ва ногузир ба хотири сулҳу ваҳдат ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ.
Мусаллам аст, ки Ҳизби наҳзати исломӣ дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар манотиқи мухталифи он аз ҷониби нерӯҳои берунӣ пинҳонкорона ба мақсади аз дохил вайрон кардани низоми ҷомеа таъсис ёфта буд.
Ҳизби мазкур дар дасти нерӯҳои берунӣ ҳамчун василаи вайрон намудани Иттиҳоди Шӯравӣ то андозае хизмат карда, имрӯз низ дар амалисозии нақшаи геостратегии нерӯҳои манфиатҷӯи минтақавӣ дар Осиёи Миёна метавонад нақши бориз дошта бошад. Ба ин робитаи хеле наздики ТЭТ ҲНИ бо созмону ташкилотҳои “байналмилалӣ” шаҳодат медиҳад.
Далели ихтилоф доштани ТЭТ ҲНИ ба низоми давлатдории миллӣ дар он аст, ки дар Оинномаи он, ҳизби мазкур на дар асоси андешаи миллӣ, балки дар асоси ақидаи динӣ таъсис ёфтааст ва танҳо дар партави андешаи сиёсии исломӣ фаъолият мекунад. Ба ҳамаи онҳое, ки аз диншиносӣ ва исломшиносии илмӣ бархӯрдоранд, маълум аст, ки ислом дини космополитикӣ (оламватанӣ) буда, дар ақидаи исломӣ на миллат ва давлати миллӣ, балки уммат (умумияти динӣ ва хилофат) ҷой дорад. Бо истифода аз ин ақида араб давлатҳои миллии аҷамро барҳам ва арзишҳои миллии онҳоро такфир намуда, империяи худро бо унвони «Хилофат» бунёд намуд ва дар мафкураи мусулмонон идеяи хилофатро бо нақши меҳварӣ доштанро дар он ҷойгузин кард, ки ин яке аз сабабҳои асосии бештар сиёсишавии ислом ва ба фирқаҳо тақсимшавии мусулмонон ва пайдошавии низоъу ҷангҳои байнимазҳабӣ дар ҷаҳони ислом буд, ки оқибат хилофатро заиф сохт ва дар садаи XIV дар он туркони усмониро сарнишин кард.
Аз садаи 18 инҷониб ҳарчанд араб аз тариқи созмон додани ҳизбу ҳаракатҳои ғайрисуннатӣ ба мисли “Ваҳҳобия”, “Ҳизбуттаҳрир”, “Ихвонулмуслимин”, “Ал-Қоида” ва имрӯз «ДИИШ» кӯшиши барқарор кардани мақоми таърихии худ, яъне хилофатро дорад, вале ин кӯшишҳо бесамаранд. Зеро ин ҳизбу ҳаракатҳо замоне ба рӯи кор омаданд, ки ҷаҳони ислом аз нигоҳи иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва ҳарбӣ-сиёсӣ заиф гардида, дигар қудрати ба давлатҳои пешрафтаи Аврупо ва ИМА рақобат кардан надоштанд ва ба мустамликаи ин давлатҳо табдил ёфта буданд. Ҳаракату ҳизбҳои ғайрисуннатии динӣ-сиёсӣ бошанд низ ба бозичаи дасти давлатҳои қудратманд ҳамчун василаи амалисозии манфиатҳои геостратегии онҳо дар Шарқи исломӣ табдил ёфтанд. Баъдан қисме аз ин ҳизбу ҳаракатҳоро ҳамин давлатҳои тавоно бо дасти худи мусулмонон таъсис дода, аз онҳо барои ба вуҷуд овардани нуктаҳои низоъ дар байни мусулмонон ва сипас дахолат кардан ба ҳалли онҳо ва аз ин роҳ ҳифз намудани манофеи геостратегии худ истифода мебаранд, ки ТЭТ ҲНИ низ аз ин силсила истисно нест.
Бинобарон ҲНИ аз рӯи табиати худ хусусияти миллӣ надошта, сирф хусусияти исломи сиёсиро дорост, ки имрӯз чунин ҳизб ба яке аз василаҳои харобсозии ҷаҳони ислом табдил ёфтааст. Намунаҳои онро чанд даҳсолаи охир дар ҳаводиси сиёсии олами ислом мушоҳида мекунем.
Ахмедова М. – н.и.и., дотсенти
кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ