Амалҳои номатлуби гурўҳҳои ифротӣ сазовори маҳкум аст!
Мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, функсияи худро дар ин соҳа тавассути мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ амалӣ менамояд.
Субъектҳои бар зидди терроризм муборизабаранда ба субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда ва субъектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштироккунанда тақсим мешаванд.
Тавре, аз муқаррароти моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”.
Барои ҳар як шахси маълумотдор, сиёсатмадор, ки дар арсаи сиёсат баҳс мекунад ана ҳамин моддаи якуми Конститутсияи номбурда кифоягӣ мекунад, зеро маҳз дар ҳамин модда қайд шудааст, ки давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон давлате мебошад, ки сохташ демократӣ ва бунёдаш ҳуқуқӣ сатҳи идоракунии давлатиаш аз дин ҷудо аст.
Дар арсаи сиёсат оқибатҳои бесаводии, беилмии шахсони номбурда ба ҳаракатҳои мусаллаҳона табдил ёфт, ки ғаразҳои номатлуби хешро зоҳир карданд. Мо шоҳиди он гаштем, ки чанд нафар шахсони бегуноҳ қурбони амалҳои ин ҳизб гаштанд, модар аз фарзанд ҷудо, фарзанд аз падар ҷудо.
Ҳоло он ки дар дини мубини ислом на танҳо куштор гуноҳи азим, балки озор додан ҳам гуноҳ аст. Аз ҳамин хулоса карда, чунин мегўем, ки ин шахсон аз дину диёнат ҳам бехабаранд ва лофҳои бардурўғ ба номи Худованду ислом мезананд.
Имрўзҳо мо шоҳиди онем, ки дар давлатҳои дигари олам оқибатҳои чунин амалҳо ба терроризм ва экстремизм оварда расонида истодааст.
Решаҳои терроризм хеле чуқур буда, ба базаи иҷтимоии он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ – фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд. Дар аҳли қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурўҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатафганӣ мехостанд мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд.
Абдувоҳидов М.Р. – котиб коргузори кафедраи
ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ