Филми “Хиёнат” бозгӯи розу ниёзи наҳзат!
Терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, ҳамчун яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият боиси нигаронии тамоми кишварҳои рўи олам гардидааст. Аз ин рў, ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифтааст, ва ҳатто дар мутамаддинтарин, фарҳангитарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи курраи арз нишонаҳояш ба назар мерасад.
Ташкили ҷанги таҳмилӣ дар даврони нахустқадами соҳибихтиёривутаҳкими пояҳоитозаистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатгари он аст, ки ҲНИ аз зумраи чунин гуруҳҳои экстремистӣ, террористӣ ҳануз дар солҳои 1991 дар кишвари азизи мо решаи худро паҳн карда буд. То замони муосир доманаи фаъолияти ин созмони террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, ба амал баровардани даъватҳо аз хориҷи кишвар ва таҳияи маводҳои бофтаву дурўғ тавассути сомонаҳои гуногуни шабакаи интернет вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом то ҳол кўшиш дорад, дар Тоҷикистон сохтори конститутсиониро тағйир диҳад, амнияти ҷамъиятиро халалдор созад, ҳокимияти олиро соҳиб шавад. Ба монанди он, ки ДИИШ ва Ал Қоида ба иғвоангезиву даҳшатафканӣ дар ин ё он гӯшаю канори олам машғул аст, ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистон ҳамин ҳадафро пиёда карда истодааст. Амалҳои шабеҳу разил ва нафратангези ин се муттаҳилда далолат ба он доранд, ки ҳар се дастпарвари як мактабанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки аз ТЭТ ҲНИ меҳану фарзандони азизи ватанро ҳимоя намоем.
Ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба аҳамияти об, саъю кӯшишҳои доимӣ баҳри некӯаҳволии мардуми шарафманду рушду нумӯи ҳамаҷонибаи диёри азизамон, таъмини сулҳу субот дар минтақа аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид қадршиносӣ гаштаю дастгирӣ ёфта истодаанд. Ҳамаи ин заҳматҳо дар маҷмӯъ обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба маротиб боло бурда, кишвари моро дар чаҳон машҳур гардонида истодааст. Дар замони соҳибистиқлолии давлатӣ кишвари гулгуншукуфони мо дар соҳаҳои мухталиф ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст. Соҳаҳои иқтисодиёту саноат, энергетикаю кишоварзӣ, иҷтимоиёту фарҳанг, илму маориф пайваста дар инкишофу пешравӣ мебошанд ва ин бевосита ба болоравии сатҳи зиндагии аҳолии диёрамон мусоидат мекунад. Иншооти саноатию энергетикӣ, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ босуръат бунёд меёбанд, ки ин дар маҷмӯъ гӯшаю канори Тоҷикистонро хейле зобою озода гардонидааст.
Ҳеҷ кас, ҳатто дӯстони мо, боварӣ надоштанд, ки иншооти аср-НБО «Роғун» сохта мешавад. Аммо ягона шахсе, ки ба сохта ва ба истифода додани он итминони комил дошту кӯшишу заҳматҳои зиёде дар ин ҷода сарф намуд ва ба монанди кӯҳе аз «бодҳои номусоид» онро ҳимоя кард, Пешвои муаззами мо буд. Натиҷа он гардид, ки 16 ноябри соли ҷорӣ агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иштироки намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Беларус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, дигар давлату ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба кор дароварда шуда, тамоми шакку шубҳаҳоро аз байн бурд.
Вале, ҳамаи ин пешравиҳою бо тадриҷ беҳтар гардидани некӯаҳволии мардуми кишварро саркардагону фаъолони ташкилоти мамнуъ ва террористии Ҳизби наҳзати исломӣ нодида гирифта, бо мақсади иғвоангезию бадномсозии давлату миллати мо ҳар гуна маводи хабарии туҳматкунандаро дар расонаҳои хабарии ифротиашон паҳн менамоянд. Наҳзатиҳои аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехта, дар хориҷи кишвар паногоҳёфта бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш ва иҷроиши супоришҳои хӯҷаину сармоягузорони хориҷии хеш бори дигар саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ақидаҳои нопоки хешро сари мардуми тоҷики дохилу хориҷи кишвар таҳмил созанд.
Аз ин лиҳоз, пайваста кӯшиш менамоянд, амалҳои муғризонаи худро рӯйпӯш намуда, худро мусичаи бегуноҳе нишон диҳанд. Вале амалҳои нопоки онҳоро, ки ҷинояти навбатии он қатли саёҳони хориҷӣ буд, набояд фаромӯш кард. Ҳатто расонаҳои бонуфузи байналмилалӣ ба таври ошкор ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ТЭТ ҲНИ)-ро ба даст доштан дар қатли 4 сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара айбдор карданд.
Дар хабарҳои нашркардаи наҳзатиҳо гуфта шудааст, ки мавзӯи асосии гирдиҳамоӣ ҳифзи ҳуқуқи маҳбусон мебошад. Агар воқеан ҳам гирдиҳамоӣ барои пуштибонӣ аз ҷинояткорон баргузор гардад, пас наҳзат бори дигар бо ин амалаш исбот менамояд, ки наҳзат пуштибонии аслии «ДИИШ» дар Аврупо мебошад. Агар воқеан ҳам ин «ҳамоиш» баргузор гардад, М.Кабирӣ бори дигар исбот мекунад, ки аъзои наҳзат бо «ДИИШ» ҳамкории ҷиноӣ доштанд, доранд ва хоҳанд дошт.
Маҳз ҳамин ҳамкории намояндагони ТЭТ ҲНИ бо «ДИИШ» дар Ироқу Сурия буд, ки он шаҳру ноҳияҳои обод ба харобазор табдил ёфта, то ҳозир қабристонҳои дастиҷамъии кӯдакону занону мӯйсафедони бегуноҳи аз дасти диишиҳо бақатлрасида пайдо шуда истодаанд. Дар сурати пеши роҳи наҳзатиҳоро нагирифтан, онҳо барои расидан ба ҳадафҳои хеш метавонанд Тоҷикистони азизро ба харобазорҳои Сурияю Ироқ табдил диҳанд.
Ба хотири тинҷию осудагии кишвар ва доим беғубору мусаффо будани осмони нилгуни ону хандаи доимии кӯдакон ба дасисаҳою суханҳои фиребои онҳо дода нашавему амалҳои онҳоро маҳкум намоем!
Рауфов М.М. – ассистенти кафедраи назария
ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ