Марди неву ноҷавонмардии Кабирӣ
Аз рӯзҳои аввали ташкилёбии худ ТТЭ ҲНИ то қатъи фаъолият пайравони он якчанд маротиба сабаби бесару сомонии ҳаёти осоиштаи мардуми кишвари мо гардида, зарарҳои ҷиддӣ ба ин давлату миллат расонидаанд. Ҷанги шаӽрвандии соли 1992-ро ҳеҷ кас аз ёд набаровардааст, ки сабабгори ин ҷанги хонумонсӯз ҳамин пайравони “ҳизби наҳзат” буд, ки бо кӯмак ва ҷонибдории хоҷагони хориҷиашон сурат гирифт.
Ташкил намудани ҳар гуна равияҳои ифротӣ, сохтани масҷидҳои ғайриқонунӣ, таъсис додани мактабӽои ғайриқонунии динӣ, зарба задан ба тафаккури миллат ва дигаргун кардани идеологияи ҷавонон, баргузории маҷлисҳои пинҳонӣ ва амсоли инҳо мебошад, ки мақсадҳои ниҳоии ифротиён зери пардаи демократияи исломӣ, ноаён монда буд.
Имрӯз чун аҳли ҷаҳон аз симои разилонаи ТТЭ ҲНИ огаҳ гардид, ҷаҳониён пайравони ин ҳизби террористиро маҳкум мекунанд. Агарчӣ далелҳо зиёд буданд ва гувоҳӣ медоданд, ки ин ҳизби мамнӯъшуда дар ҳақиқат як ҳизби террористӣ ва экстремистӣ аст, аммо онҳо худ инро рад карда, ки инро то ҳол тўҳмат медонад.
Кадом шахси бонангу номус ба ин худсафедкунии онҳо бовар мекунад. Дар маълумот оиди “мардиву ҷавонмардии Кабирӣ” сухан рафтааст. Ба фикри мо сифати ин хоинони миллат дар зери пардаи “мардиву номардӣ” панаҳ шудани симои “ватанфурўш, хоин, аблаҳ, террорист, ифротгар” аён аст.
Бегуноҳии ҳамаи 11 узви аршади ҲНИ, Муҳаммадалии Ҳайит, Сайидумар Ҳусайнӣ, Зубайдуллоҳи Розиқ, Саъдиддини Рустам, Абдуқаҳҳори Давлат, Абдусамади Ғайрат, Қиёмиддин Аваз, Раҳматуллои Раҷаб, Ҳикматулло Сайфуллозода,Муҳаммадалии Файзмуҳаммад , Муҳаммадшариф Набиев , Воҳидхон Қосидинов ва Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров, Маҳмадрӯзи Искандаров ва М. Кабирӣ суханҳои беҳуда аст. Гунаҳгор ё бегуноҳ будани шахсро, суд бо таҳқиқи далелҳои ҷамъовардашуда ҳал кардааст, на аз рўи хоҳиш ё тавсияи ягон ташкилот, воситаҳои ахбори омма ё шахсони гумроҳ!
Чи хеле, ки Юсуф Раҳмон Прокурори генералии ҶТ қайд кардаанд: “Мо бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо барои боздошт ва ба Душанбе баргардонидани роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон террористӣ шинохташудаи Наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ музокираи доимӣ мебарем” дуруст аст, чунки ҷинояткор бояд боздошт шуда, тибқи қонун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад.
Дар расонаҳои хабарӣ паҳн шудани андешаҳои ғалат ва хусусияти ифротӣ дошта, ки муаллифони он, ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин, ки мехоҳанд бо ҳамин васила эътимоди аҳли ҷомеаро нисбати ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистонро коҳиш диҳанд ва умуман пояҳои давлатдории кишвари моро заиф гардонанд, моро водор мекунад, ки баҳри ҳифзи арзишҳо ва эътибору нуфузи дастовардҳои Истиқлолият талош варзем. Чунин хабарҳои саркардагони ифротӣ, хоинони миллат, ки аз ниятҳои ғаразнок ва зишти худ даст накашидаанд, бо дастгирии қувваҳои моҷароҷў, кинаву алами худро ба ҳақиқат монанд карданӣ мешаванд. Лекин онҳо ҳаргиз ба ниятҳои зишти худ намерасанд.
Раҳматуллоев А.Э., Авезова З.Б.- устодони
кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурори ДДҲБСТ