Шукронаи истиқлолият кунем!
Имрӯзҳо мо халқи тоҷик шукронаи истиқлолият, шукронаи тинҷиву осоиштагӣ ва сулҳу субот мекунем. Истиқлолият бузургтарин неъматест, ки барои миллати сарбаланду некноми мо муяссар гардидааст. Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки дар як муддати хеле кӯтоҳ мамлакати мо рӯ ба беҳбудӣ ниҳад. Мо тавонистем, ки он мероси аз ниёгон ба мо мондаву аз хотираҳо фаромӯш шударо дубора зинда гардонем. Бо ташаббус ва кӯшиши Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистони мо зебову обод ва ба як кишвари биҳиштӣ табдил ёфт.
Аммо, баъди пойдор гардидани сулҳу субот дар Тоҷикистон боз хоинон ва хоҷагони ҳизби наҳзати ислом пайдо шуданд, ки бо мақсадҳои ғаризонаи худ мехостанд ин тинҷиву сулҳу суботи моро халалдор намоянд.
Яке аз мушкилоти асосие, ки имрўз роҳбарияти тамоми кишварҳо ва алалхусус Ҳукумати навбунёди Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст, боло рафтани сатҳи ҷинояткорӣ, масъалаи терроризм ва экстремизм дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Бояд зикр намуд, ки имрӯз ин масъала ба нуқтаи охирини худ расидааст, яъне ягон давлате, миллате, ки аз терроризм ва экстремизм ҷабр надида бошад мавҷуд нест.
Мутаасифона дар ҷаҳони муосир ва замони пурихтилоф ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд.
Айбҷӯии ягон тоифаи ҷамъият, ҷӯстуҷӯи айби якдигар роҳи ҳалли муаммоҳои имрӯза нест. Мо аҳли ҷомеа набояд зери нохун чирк ҷӯем, балки танҳо бо амали солеҳ, ақли расо ва меҳнатдӯстӣ проблемаҳои ба амалояндаро ислоҳ карда метавонем.
Имрӯз мо бояд кӯшиш намоем, ки кишвари ободгаштаистодаи худро боз ҳам ободтар намоем, баҳри пешрафти ҳамаҷонибаи кишварамон чораҳо ҷӯем. Вазифаи аввалиндараҷагии ҳар як инсони равшандил ин пеш аз ҳама таъмини тинҷӣ ва осудаҳолии аҳли ҷомеа мебошад, зеро душманӣ инсонро танҳо ба ҷангу ҷидол ва низоҳои харобиовар меоварад.
Аз паси суханбозӣ ва айбҷӯи вазъияти мамлакат мушкил шуда хатари баамалоии низоҳо, нооромиҳо шуданаш мумкин, аз ҳамин сабаб биёед ҳаракат намоем, ки роҳи пешгирии хатарҳоро ҷустуҷӯ намоем, содиқона китф ба китф истода меҳнат намоем, ватани биҳиштосоямонро боз ободтар намоем ва садди роҳи носозгориҳо шавем.
Шарипова З.С. – сармуаллимаи кафедраи
иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ