Журналистони наҳзатӣ аз худ муллотарошӣ мекунанд!

Дар ҳама давру замон ва макон душманӣ ва нотавонбинӣ дида мешавад. Ин хислатҳои  бади инсонӣ буда инсонро ба корҳою роҳҳои бад бурда ба тангкучаисарбаста бурдамепартояд…

Оғози соҳибистиқлолии кишвар кудратталабон ва рӯҳониёне, ки солҳои зиёд андешаи ба даст овардани ҳокимиятро дар дил доштанд, якбора ба муборизаи ошкоро бархостанд. Ҳисси носолимии маҳалгароӣ, тухми кинаву адоватро байни мардум пошид ва ба парокандагии миллат сабаб гардид. Дар фазои сулҳу осоиштагӣ  мардум бо шукргузорӣ аз ваҳдату ҳамдилӣ  барои ободии диёр, таҳкими давлатдорӣ ва болотар аз ҳама барои рушду нумуъ ёфтани меҳани хеш сол аз сол кӯшида истодаанд. Аммо, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои ифротгаро – амсоли  ТЭТ ҲНИ бо аъзову пайравони худ бо ҳар роҳу васила кӯшиш менамоянд, ҳадафҳои муғризонаи хешро болои миллати мо таҳмил намоянд. Албатта, аксари сокинони кишвар мусалмон ҳастанд ва аз ин афзалият истифода намуда, ҳизби наҳзат манфиатҳои худро дар ҷамъият ҳимоя мекард ва динро воситаи пешбарандаи барномаи худ қарор дод. Маҳз бо ин роҳу восита дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода мебурд, ҳол он ки дар дини мубини ислом гурӯҳбозӣ ва тафриқаангезӣ манъ аст. Аз ҳамин лиҳоз, Тоҷикистон фаъолияти ҳизби наҳзатро бидуни шарту шароит ҳамчун ташкилоти террористӣ манъ кард.

“Насиҳат”-и ба ном журналисти ҷавон Халил Қаюмзод ба Раиси шаҳри Душанбе, ки дар саҳифаи  шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” нашр шуд, хеле бемаънию бесаводона буд. Халил ва ба ӯ монандҳо қодиранд, ки дар ивази некӣ бадӣ кунанду ашхоси дар ҳаққашон бадии зиёд кардаро болонишин созанд. Ба ғайр аз ин, наҳзатиҳои террорист боис шуданд, ки модари «ормонӣ»-ву нашъаманди Халил ҷавонмарг шавад. Манзур аз рабт додани ибораи «марги тадриҷӣ»- ба Абдуқаюми Қаюмзод, ки ба шарофати дӯстони наҳзатиаш ба мубтало шудаааст, нашъаманд буданаш аст. Шояд бисёриҳо надонанд, ки маҳз бо ин ҷурм падари “насиҳатгар”-и зикршуда як муддат паси панҷара қарор дошт.

Аҳли ҷомеа итттилоъ доранд, ки падари ин “насиҳатгар” яке аз журналистони кисагии ташкилоти террористии наҳзат маҳсуб мешуд.         Бояд эътироф кард, ки Абдуқаюми Қаюмзод аз лиҳози касбият журналисти бад набуд, вале зудбовариаш боис шуд, ки ба доми макру фиреби наҳзатиҳо афтад. Далели бебаҳс аст, ки наҳзатиҳои террорист ин «зиёӣ»-ро истифода бурдаанду баробари аз истифода баромадан партоб кардаанд.

Мутаассифона, “журналист”-и ноқисулақл ва фарзанди нохалаф Халил Қаюмзод низ чун падараш дар “матолиб”-и иншонамудааш нодида мегирифту мегирад, ки солҳои навадуми асри гузашта наҳзатиҳо ҳуқуқу озодиҳои сокинони Тоҷикистонро маҳдуд ва ба хотири “дигарандешӣ” қисме аз онҳоро қатлу беватан карданд. Дарк кардан намехоҳад, ки идома ёфтани фаъолияти ТТЭ ҲНИ, ки аз хурофот, ҷоҳталабӣ, нотавонбинӣ, бегонапарастӣ ва ғайра таркиб ёфтааст, танҳо бар зарари мардуми мост. Барои «халил»-ҳо комилан бефарқ аст, ки агар нисбат ба ташкилоти терррористи наҳзат мақомоти зиддахли Тоҷикистон сари вақт чораандешӣ намекарданд, пайомадҳояш барои тоҷику тоҷикистониён фоҷиавӣ мегашт.

Дар чунин ваъияти зудтағийрёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар фарди Тоҷикистонро зарур аст, ки аз асли хеш бохабар бошанду ва ба фиребу дассисаҳои иғвоангезонаи чунин гурӯҳҳои терроритӣ дода нашаванд ва ҳамагӣ нерӯи худро танҳо ва танҳо баҳри таҳкимбахшии пояҳои Истиқлолияти давлатӣ равона намоем.

Юсупова З.М. – сармуаллимаи

кафедраи забони русии ДДҲБСТ

You might also like