Қабули довталабон ба  магистратура ва докторантура аз рўи ихтисос (PhD), таҳсилоти дуюми олии касбӣ  ва  идомаи таҳсил

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон қабули довталабонро ба зинаҳои  магистратура ва докторантура аз рўи ихтисос (PhD), таҳсилоти дуюми олии касбӣ  ва  идомаи таҳсил аз рўи ихтисосҳои амалкунанда эълон менамояд.

Донишгоҳ  бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда мутобиқ ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ мутахассисони соҳибтахассусро  тайёр мекунад, ки дар вазорату кумитаҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ, сохторҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ фаъолият мебаранд. Дар назди донишгоҳ Шўрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ амал карда, барои тақвияти таҳқиқоти илмӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабон ба комиссияҳои қабул ва аттестатсионӣ  то санаи 20 августи соли 2020  идома меёбад.

Марҳамат ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон.

Суроға: шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 17, бинои таълимии № 2, тел. 2-38-11, 2-08-53, 2-30-35. с http:// www.tsulbp.tj

You might also like