Хуни тоҷикӣ надоранд!

Рӯзе қабл мақолаи муҳаққиқони варзидаи миллати мо Азимҷон Раҳмонзода, Зиёев Субҳиддин ва Фирдавс Мирзоёров зери унвони “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус” дар шабакаи иҷтимоӣ рӯи нашр дид. Бе муболиға дар мақолаи таҳлиливу бунёдии мазкур ҷанбаҳои асосии мафҳумҳои “тоҷик”, “тоҷикият” ва “короновирус” мавриди таҳлили ҳамаҷониба кашида шудааст. Хушбахтона аксари расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро мақолаи “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус” фаро гирифт, ки ин бешубҳа аз ҳамовозии қишрҳои гуногуни ҷомеа дарак медиҳад.

Зеро дар он ҳаводис ва руйдодҳои олам махсусан, мавзӯи бадбахтии саросарии олам-коронавирус, муносибати манфии баъзе аз хоинон ва нотавонбинони миллат чун ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллӣ баҳои воқеиву мардона ва инсонгароёна дода шудааст. Дар мавод ҳақиқати ҳол, ғурури ватандориву ватандӯстии муаллифон басо равшан мушоҳида гардида, ба ҳар масоили ташвиқи иғвоангезона, амалҳои ғайриинсонӣ, ба тарсу ваҳома андохтани шаҳрвандон ва паҳн намудани хабарҳои бардурӯғи ин гурӯҳҳои ифротии ТЭТ ҲНИ мӯшикофона рӯоварӣ карда шудааст.

Чунончи муаллифони мақола хитоб ба паймоншиканон зикр мегардад: “Ин иғвогарҳо (яъне наҳзатиён) насиҳатгар доранд. Аммо ягонтои онҳо тоҷик нестанд. Хуни тоҷикӣ надоранд”.

Маҳз як гуруҳи хурдака иборат аз 15-20 нафарак худро ба як армияи бузурге шабоҳат медиҳанд. Хаёли хому пуч доранд, гӯё ки башарият имрӯз наҳзатро ҳамчун тарафи сулҳ, чун опозитсияи исломӣ ва неруи созанда мешинохта бошад. Лек як гурӯҳак, ки хешро чун  «журналисти шинохтаи тоҷик», «рӯзноманигори маъруфи тоҷик», «чеҳраи шинохтаи тоҷик» ва ҳоказо унвону номҳои пурдаабадро ранги солҳои 90-ум генерали мардумиву эшони милливу дигару дигар унвон дода буданд.

Дар ҳақиқат ин ифротиёнро месазад, ки аз ҳадафу амали нопок ва нақшаҳои зархариди хориҷӣ дурӣ ҷуста, баръакс, барои таҳкими пояҳои давлатдориву сулҳу осоишта, решакан намудани ҳамагуна зуҳуроти номатлуб ва ин бемории сироятии коронавирус муборизаи шадид нишон диҳанд. Бояд ба хориҷиён муттаҳидӣ, мардонагӣ, ватандӯстӣ ва тоҷики асил будани худро бо амалҳои шоистаи инсонӣ нишон дода, заррае аз муаммои тоҷику тоҷикистонӣ ҳарфе назананд. Зеро танҳо дили тоҷик ба Тоҷикистон месӯзад на хориҷиён. Вабои асре, ки бо номи коронавирус ҷаҳониёнро фаро гирифт ба Тоҷикистон низ вуруд шуд вале чӣ ҳоҷати хурсандии ин наҳзатиён аст? Дар ҳоле, ки сухан дар бораи зодгоҳу кишвари худ ва тоҷику тоҷикистонӣ меравад. Ҳоҷат ба доиранавозиву хушҳолӣ нест!

Муаллифони мақола дуруст қайд менамоянд, ки “Ҳама медонистанд, ки ин вабо дер ё зуд ба кишвари мо низ меояд. Аммо наҳзату паймони террорист пешопеш табли шодӣ мезаданду таҳлукаангезӣ ва тарсафканӣ мекарданд, яъне даст ба коре мезаданд, ки ҳатто душман намекунад”.

Ин гурӯҳҳои ифротӣ ва ё наҳзатиро водор месозад, ки аввал андешаи солим намоянд, дуюм дар фикри Ватани миллати худ бошанд, ғурури тоҷик будани худро ба хориҷиён исбот намоянд ва дар рӯзҳои ғаму шодӣ ҳамшарик бошанд на ҳамчун тамошобин! Таърих ин рӯзҳоро нисбати мардум намебахшад. Ҳар як амалу рафтори онҳо дар хотираи мардум ва таърихи миллат абадан нақш мебандад.

Қурбонов Ҳ. – ассистенти кафедраи

сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like