Изҳороти кафедраи молия ва қарз оиди мақолаи “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус”
Рости баъди мутолиаи мақола таҳти унвони “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус” ҳар яки моро ваҷҳ овард. Муаллифони мақола Азимҷон Раҳмонзода, Зиёев Субҳиддин ва Фирдавс Мирзоёров бо як сабки баланд ба фаъолияти наҳзату паймон баҳои реалӣ додааст. Вақте ақидаҳои Муҳиддин Кабирӣ ва наҳзатиҳоро назар мекунем худ боварии комил пайдо мекунем, ки мақсади ниҳоии онҳо ин сулҳу салоҳ не, балки хунрези парокандакунии миллати тоҷик ва тақсимоти сарҳад аст. Ин нуктаро маҳз дар ҳамин мақола муаллифон чунин баён доштаанд: “Албатта, ин бесабаб нест, ҷое зиндагӣ мекунанд, мансуб ба аҷнабист, пуле мегиранд мансуб ба аҷнабӣ, афкоре, ки рӯйи коғаз меоваранд, супориши аҷнабиҳост… Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар нохалафоне амсоли инҳо, ки ҳатто бо зикри номи манҳусашон даҳон олуда мешавад, имрӯз аз мусибати мардум суд меҷӯянд ва суиистифода кардан мехоҳанд”.
Миллати тоҷик аз азал таърихи бою гаронбаро доро мебошад ва такя ба он намуда тавонист аз он рӯзҳои сахте, ки баъд аз солҳои 90-уми асри XX аз тарафи афродони ба монанди М. Кабирӣ ба вуҷуд оварда буданд, сарбаландона баромада тавонист.
Ин диёри зебову дилнишине, ки мо дар он ҷо зиндаги мекунем ба монанди биҳишт аст, биёед, ба ҳама ин аз рӯи ҳақиқат баҳогузорӣ намоем. Некӣ, ягонагӣ, дӯстӣ, ободӣ, ҳақиқат ва ваҳдат дар тамоми давру замон таърифу мадҳ карда мешавад. Ва роҳе, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол пеша кардааст, аз ҳамин иборат аст.
Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озодӣ ман!
Аҳли устодони кафедраи
молия ва қарзи ДДҲБСТ