Мо ҷонибдории сиёсати давлатем!
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар ҳақиқат аз хиёнаткориву нокомиву бадхоҳии хоинони миллати тоҷик хуб огаҳӣ дорем ва ҳамагуна зуҳури чунин афроди нотавонбинро маҳкум менамоем.
Тибқи моддаи 64-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шудааст, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.
Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад». Ҳамаи фаъолият ва ҳуқуқу ўҳдадориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст.
Вобаста ба вазъяте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми навбатии Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа намудаанд, ки: «Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.
Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад».
Итминони комил дорам, ки ҷомеаи яктану муттаҳид, соҳибваҳдату тамаддунофари Тоҷикистон ҳамаи давру замон баҳри як порчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расидан ба ҳадафҳои олии инсонӣ ҳамеша дар гирди роҳбарияти олии кишвари азаизам сарҷамъ ҳастанду нерӯи ақлию ҷисмонии худро баҳри орому осудагии Ватани зебоманзарашон сарф менамоянд. Ягон нохалафро мақсадҳои муғризаш ба ҳадаф намерасад, зеро Тоҷикистон макони ободу сулҳофар асту боқӣ мемонад!
Изҳороти Абдувоҳидов М.Р. – коргузори кафедраи
ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ