Фазои интернет-воситаи татбиқи ғояҳои ифротӣ нест!

Дар замони муосир сомонаҳои гуногуни ғайрирасмии ватаниву хориҷӣ зиёд гашта истодаанд, ки соҳибони онҳо гурӯҳҳои гуногуни террористиву экстремистӣ мебошанд ва мақсади онҳо халалдор сохтани тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвари мо мебошад. Ба чунин сомонаҳо “ахбор.ком” ва “наҳзат.ру” дохил мешаванд.

Созмонҳои гуногуни ифротгаро бо воситаҳои гуногун ба монанди  телевизион, радио ва хусусан интернет тафаккури инсонро вайрон сохта ба шуури ҳуқуқии онҳо таъсири калони манфӣ мерасонанд. Онҳо ғояҳои иртиҷоии худро дар амал татбиқ намуда, ҳисси раҳму шафқати инсониро аз ботини мардум дур месозанд. Масъалаи таҳқиқи таҳдиди ғояҳои иртиҷоӣ ба ҳаёти маънавӣ баробари аз лиҳози амнияти ҷомеа муҳим буданаш, як қатор масъалаҳои фалсафию иҷтимоиро дар бар мегирад, ки барои таҷрибаи ҷомеасозии аз аҳамият холӣ нест. Агар мо аз равзани арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  ба таърихи навини  Тоҷикистон назар андозем, шоҳиди он мегардем, ки миллати кӯҳанбунёдт мо  дар тӯли ин солҳо роҳи пуртазоду даҳшатборро тай намуд. Равандҳои ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистонро тӯли ин солҳо аз нигоҳи фалсафаи иҷтимоӣ баҳо дода, таъкид намудан ҷоиз аст, аз як тараф ин солҳо ибтидоӣ оғози тағйирёбиҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию маънавӣ бошад, ва аз сӯи дигар –  даврони  тезутунд гаштани низоҳои  иҷтимою  сиёсӣ тавсиф намудан мумкин аст.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ  ва бархӯрди тамаддунҳо маънавиёти ҷомеа  ба фазое табдил ёфтааст, ки кучактарин тағйирёбиро дар ҳаёти ҷомеа эҳсос намуда, дар муносибат, рафтору кирдори одамон инъикос меёбад. Ин раванд аз як ҷиҳат боиси ғанӣ гаштани симои аънавии ҷомеа гардад, аз тарафи дигар омилҳоеро ба бор меоварад, ки сабаби косташавии он мегарданд. Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки сатҳи пасти донишу таҷриба, шуури ахлоқӣ на ба ҳамаи афроди ҷомеа имконияти дарки дурусти ин тамоюлҳои ҷадидро медиҳад. Аз ин боис, намояндагони баъзе қишрҳои ҷомеа, аз он ҷумла ҷавонон, дар баҳодиҳӣ, интихоб ва муносибатҳои ахлоқӣ дар ҷомеа ба хатогиҳо роҳ медиҳанд, мушаххастар, баъзе аз онҳо сӯи ҳар гуна ҳизбҳову ҳаракатҳои хислати радикализми динӣ ва экстремистӣ дошта майл менамоянд.

Муназзамӣ ва барқарории рушди ҷомеаи Тоҷикистон дар шароити кунунӣ ҳар чӣ бештар ба солимӣ ва рушди маънавияти ҷомеа вобаста мебошад. Дар чунин шароит азнавдарккунии масъалаи шуури ахлоқӣ зарурияти амалӣ пайдо намудааст, чунки дар заминаи он омодагии ҷомеа ва шахс барои ҳифзи манфиатҳо ва арзишҳои умумимиллӣ ташаккул меёбад. Аз ин сабаб зарур аст, ки имрӯз маҷмӯи арзишҳои аслии ахлоқ, ки дар рушди иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа дар раванди бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ ҳамчун омили муҳимтарин маҳсуб меёбанд, ҳифз ва ғанӣ гардонида шаванд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо дар бораи ба ҳаёти маънавии ҷомеа  ворид гаштани ҳаргуна ғояҳои иртиҷоӣ ва майли баъзе қишрҳои ҷомеа ба сӯи ин ғояҳо андешаҳои мухталиф баён мегарданд. Шиносои ва таҳлили ин мақолаву рисолаҳо нишон медиҳад, ки муаллифон асосан кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки омилҳои гаравидани афроди алоҳидаро ба ҳаргуна гурӯҳҳои экстримиству ҳизбҳои террористӣ муайян намуда, диққати масъулони соҳаҳои мухталифро барои пешгири намудани ин амалҳои номатлуб равона месозанд, ки аз аҳамият холӣ нестанд

Мо бо андешаҳои муаллифоне, ки гароиши қишрҳои алоҳидаи ҷомеаро ҳамчун натиҷаи костагиҳои воқеъияти моддӣ  матраҳ менамоянд, эроди ҷиддӣ надорем, зеро тавре дар илми фалсафӣ қабул шудааст, дар ниҳоят ҳастии моддии одамон ҳастии маънавии онҳоро муайян менамояд. Аммо принсипи мазкурро ба сифати  методологияи ягонаи таҳқиқи мавзӯи мазкур қарор додан имконияти вокуниши моҳияти масъаларо намедиҳад, зеро ҳатто дар китобҳои номукаммалтарини илми фалсафа таъкид гаштааст, ки инсон маҷмӯи омилҳои биологӣ, иҷтимоӣ ва  психофизиологӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, вақте, ки сухан аз боби муқовимати ҷомеа ва шахс бар зидди экстремизми динӣ, терроризм ва ифротгароӣ меравад,  мо набояд ин муамморо саҳл бинем.

Рауфов М.М. – ассистенти кафедраи

назария ва таърихи давлат ҳуқуқи ДДҲБСТ

You might also like