Изҳороти кафедраи сиёсатшиносӣ оиди ташкилоти ифротии Анҷумани озодандешони тоҷик
Имрўзҳо вазъи ҷаҳони муосир хушдор медихад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем. Дар замони кунунӣ неруъҳое ҳастанд, ки мехоҳанд вазъи ҷомеаи ҷаҳониро ноором созанд. Бо ин кирдори худ онҳо вазъи оромро вайрон мекунанд.
Дар замоне, ки аксар кишварҳои ҷаҳон ба ватани мо нигоҳи нек доранду ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаашро ҷонибдорӣ менамоянд, қалби ҷисми нокасу номарди хоинони миллати мо оромӣ надорад ва онҳо ба ҳам меоянд чун мору каждум анҷуман барпо месозанд, ки ҳама як ҳадаф дорад: ноором сохтани фазои сулҳрези Тоҷикистон.
Дар расонаҳо аз таъсиси «Анҷумани озодандешони тоҷик» хабарҳо паҳн гардидааст. Аъзоёни ин Анҷуман озодандешон нестанд. Балки хоинону ватанфурӯшон ҳастанд. Ин як амали нопок аст. Бо таъсиси ин гурӯҳ онҳо боз ягон нақшаи ғаразнок доранд. Онро хоинону ватанфурӯшон таъсис доданд. Маҳз Кабирӣ супориши хоҷагонашро амалӣ месозад, ки онҳо маблағгузорӣ кардааст. Инчунин онҳо сомонаи ozodandishon.org, ки бо он хабарҳои ивғоангезонаи худро паҳн мекунанд, фаъол гардид. Мо зидди чунин афроди хоину ватанфурӯш муборизаи беамон мебарем. Зеро сухану гуфтори онҳо ба ҳақиқат наздикӣ надорад. Аз ҳақиқат даҳҳо ва ё садҳо қадам дур буда, худро ҳақиқатнигор меҳисобанд. Аммо ин хоинони миллат тарафдори несту нобуд кардани миллати тоҷик ҳастанд.
Бо амалҳои нопоки худ мехоҳанд, зидди Тоҷикистони орому осуда ва сулҳовар, байни мардумони бофарҳангу худшиносу худогоҳаш зиддияту кина барангезанд. Онҳо рӯзе зери номи ин анҷуман нақшаҳои нопоки худро татбиқ намуданианд. Боиси тааҷҷуб аст, ки онҳо номи тоҷикро ба Анҷумани худ ҳамроҳ кардаанд, ки ин тамоман ғайриимкон аст, зеро тоҷики асил дар Ватан аст ё берун аз он бошад ҳам, дар хизмати Ватан аст. Аммо ин хоинон бо дасисакорӣ на дар дохил ва на хориҷ баҳри ин миллат хизмат накардаанд. Онҳо ғуломи пулу моли хоҷагони худ мебошанд.
Аҳли устодони кафедраи
сиёсатшиносии ДДҲБСТ