Изҳороти кафедраи аудит ва ревизия нисбати интихобти баргузоргардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 1-уми марти соли равон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобот ба вакили ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор гардид, ки дар он аҳолии кишвар иштирок намуда, вакилони сазовор ва ҳизби сиёсиро интихоб намуданд.

Мутаасифона аз тарафи аъзоёни ТТЭ ҲНИ тариқи расонаҳои интиернетӣ изҳор баён намуданд, ки интихоботи баргузор гардида на ба манфиати халқ балки барои ашхосони алоҳида баргузор шуда бошаду ва бо ин роҳ мардум аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Лек, тавре аз баронамаҳои телевизинову намояндагони расмиву хориҷие, ки дар интихоботи баргузоршуда ҳамчун мушоҳидони байналмилалӣ ширкат варзиданд, шунидем, ки интихобот тибқи қоидаҳо ва талаботҳои дахлдор ва дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардида ва интихобот аз тарафи онҳо мусби баҳогузорӣ карда шуд.

Ҷолиби қайд аст, ки мардуми кишвар бо як руҳияи баланд, идона ба чорабиниии сиёсӣ фаъолона иштирок намуданд, дар баробари ин низ ҷавонон бештар фаъол буданд. Аз ҷумла мо аҳли устодону омузгорони кафедраи мазкур ҳамчун шаҳрвади Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи мазкур бевосита ширкат варзида, номзадҳои арзаро ҷонибдорӣ кардем.

Аҳли устодони кафедраи аудит ва ревизияи ДДҲБСТ

You might also like