Мардум интихоби дурусти худро кардааст ва он бидуни наҳзату кабирист!
Омӯзиши таърихи дирӯзу имрӯзи тоҷикон собит месозад, ки ҳамеша дар заиф намудану аз миён бурдани ҳувият ва давлатдории хос миллӣ, дар ҳама давру замонҳо омили дингароӣ, сӯистифода аз пойбандии кӯркӯрона ба он, ки дар пояи бесаводии гурӯҳҳои алоҳидаи омма сурат мегирад, истифода шудааст. Ба амалҳои зиддимиллӣ асосан қишри руҳоният, онҳое даст задаанд, ки ҳисси ватандорию миллатпарастӣ барояшон бегона буд. Гирифторӣ бар таассубу ҷаҳолат, ғуломи ақидаи ғайр будан, фармонбардори қавму миллатҳои бегона гаштан, аз нахуст дар хуни ин қабил ашхос ворид гаштаву насл ба насл мағзи шахгаштаи онҳоро мехӯраду ғизо мегирад, онҳоро дар асорати ҳамон ҷойгоҳе нигоҳ медорад, ки ҳазорсола пеш бар сарашон кашидааст.
Фарзанди регу биёбон худ дар маишат аст, аҳкому аркони ҷадди бузургаш барояш навиштаро канор задаю барои шому наҳорхӯрӣ ба ин гӯшаю он гӯшаи ободтарини дунё парвоз мекунаду барои хомӯш кардани нафси ҳайвониаш шаберо бо як-ду миллион доллар бо фоҳишаҳунарманди ғарбие мегузаронад. Аз фоидаи пули нафташ кадом як кишваре миллиардҳо фоида ба даст меоварад ва аз фоизҳои он болои ҳамдинонаш тоннаҳо бомбу борут мерезад. Вале парвояш нест. Ҳатто муқаддасотеро, ки мантиқан бояд моли тамоми муслимин бошанд, ҷузъи тиҷорату кисапуркунии худ кардааст. Фоидаро ба ҷайби худ мезанаду ҳар кору пешомади бадро бар дӯши қазову қадар. Фоҷиаи имсола, марги беш аз ҳазор зоири ҳаҷ гувоҳи ин гуфтаҳост.
Вале чи кунем, аз мост, ки бар мост. Пешпохӯриҳои қарнҳо дар асари гузоштани дин боло бар миллату давлатдории миллӣ, барои мо ҳеҷ сабақ намешаванд. Тағир хӯрдани сохту шева ва иваз шудани султаи давлатдорон низ, ҳеҷ гоҳ тиннати бардагонаи руҳонияти моро натавонистааст ислоҳ созад. Умре сари таъзим пеши араби бодиянишин доштаанд, ё муғулу турки кӯчманчӣ. Бо ҳидояту дастури онҳо, ҳазорсолаҳо теша ба решаи фазлу маърифат, арзишҳо, ҳуввият ва давлатдории миллӣ задаанду задан доранд.
Таассуби қозиву охунду муллою наҳзатиҳо дар ҳама давру замонҳо миллати моро аз рушду такомули фарҳангию иҷтимоӣ боздошта аст. Ҳар амале, ки зидди муқаддасоти қавму миллати худ, алайҳи манфиатҳои онҳо сурат мегирад, хиёнат аст. Аз ҷумла роҳбари наҳзати хоин қабл аз интихоботи парлумонӣ тариқи сомонаи “Озодӣ” мусоҳибаи дуруғини худро доир намуд, ки ранги пешин пур аз фисқу фасод аст. Мо мардуми тоҷик ва тоҷикистониён афкору ақидаи разилонаи Кабириро маҳкум намуда, бори дигар иброз менамоем, ки онҳо ҳама ифротианд. Мардум интихоби дурусти худро кардааст ва он бидуни наҳзату кабирист!
Валиева Д.М. – ассистенти
кафедраи аудит ва ревизияи ДДҲБСТ