Эътироз ба мусоҳибаи Кабирӣ
Чуноне, ки мардуми кишвар огоҳанд, якуми марти соли 2020 маъракаи муҳимми сиёсӣ, яъне интихоботи вакилон ба мақоми олии қонунгузори мамлакат Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор гардид.
Дар ин интихобот фаъолияти Ҳизби наҳзати Исломро, ки соли 2015 манъ карда буданд, баъзе аз ашхосон маҳкум намуда нисбати интихоботи гузашта эътироз баён намуданд. Дар ин радиф Радиои Озоди сўҳбате гузаронидааст, бо Муҳиддин Кабирӣ, ки раиси ҳизб дар ҳамон вақт буд ва ҳоло дар хориҷа мавҷуд мебошад.
Тибқи маълумоти додаи Кабирӣ гўё ба интихобот ҳама таваҷҷўҳе, ки тамоми роҳбарон менамоянд шаффоф ва демократӣ нест. Агарчӣ интихоботҳо ғайридемократӣ мегузаранд, мо бояд камтарин имкониятро истифода барем. Аз ин муҳосиба бармеояд, ки худи Кабирӣ, ки худ дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок намекунад ва ҷараёни баргузории он бархўрдор нест бо бофтаҳои хому хаёлӣ баромад намудааст.
Мо аҳли маорифчиён шоҳид ҳастем, ки чорабинии мазкур дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ ва бо ширкати фаъолонаи интихобкунандагон доир шуд ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири ояндаи неки кишварамон бо масъулияти баланд намояндагони шоиставу арзандаи худро ба парлумони мамлакат ва маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб намуданд. Зеро интихоботи одилонаву шаффоф ва пазируфтани фарзандони лоиқи миллат ба ҳайси вакилӣ дар парлумону маҷлисҳои маҳаллӣ ин гарави пешрафти ҳамаҷонибаи Ватани маҳбуби мо мебошад.
Интихоботи парлумонӣ дар фазои ором ва фазои идона доир шуд. Барои интихобкунандагон, тамоми шароит фароҳам оварда шуда буданд, то ба номзади арзанда овоз диҳанд. Аз субҳ дар саросари мамлакат рӯҳияи идона ҳукмфармо буд. Мардуми зиёд барои овоздиҳӣ дар навбат буданд. Ин аз фаъол будани шаҳрвандон дарак медод. Дар симои одамон дар саҳни бинои участка ва ҳавзаҳои интихоботӣ эҳсоси шодӣ ҳувайдо буд.
Изҳороти Тоҷибоева М.Н. – ассистенти
кафедраи баҳисобгирии бухгалтери ДДҲБСТ