Изҳороти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт нисбати баромадҳои беасоси хоинон дар Австрия

Имрӯзҳо гуруҳе ба ном аз равшанфикрони ҷомеа бо роҳбарии Кабирӣ дар хориҷи мамлакат созмоне таъсис додаанд, ки ба он “Анҷумани озодандешони тоҷик” номгузорӣ кардаанд. Аъзоёни ин созмон собиқ аъзоён ва ҷонибдорони кунунии фаъолияти сиёсии ТЭТ ҲНИ ва мулло Кабирианд. Баъди расман манъ кардани фаъолияти ҳизб дар дохили мамлакат наҳзатиён ба хориҷа панаҳ бурда, аз худ қаҳрамонтарошиҳо мекунанд. Аз ҷумлаи чунин шахсияти худхонд Ҳизбуллоҳ Шовализодааст.

Ҳизбуллоҳ Шовализода баъди манъ гардидани фаъолияти ТЭТ ҲНИ ҳамроҳи роҳбари худ Кабирӣ ба Австрия раҳсипор гашта, дар васоити ахбори омма бо забони ифротӣ ҳаргуна мақолаҳои муғризона нисбати сиёсати кунунии давлати мо нашр мекунад. Ӯ ҳамчун имеҷсозӣ Кабирӣ баромад намуда, дар созмонҳои Аврупоӣ аз ин хиёнаткор ҳимоят мекунад, ки ба ақли одамӣ рост намеояд. Хоинони наҳзатӣ айни ҳол дар шаҳрҳои Венаву Берн ба ном “пикетҳои” ифротгаронаи худо таъсис намуданд, ки хандаи кас меояд. Гуё онҳо бар муқобили режим ва барои озодӣ мубориза мебурда бошанд.

Аҳли устодони кафедраи технологияҳои

 иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДҲБСТ

You might also like