Интихобот яке аз нишонаҳои давлати демократӣ
Дар замони муосир интихобот яке аз меъёрҳои асосие мебошад, ки ба воситаи он иштироки шаҳрвандон дар ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъмин карда мешавад. Ҳамчунин, дар амал татбиқ намудани ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон аз интихобот вобастагии зиёд дорад.
Бояд гуфт, ки интихобот яке аз меъёрҳои асосии ҷомеаи демократӣ ба шумор рафта, ба воситаи он ҳокимият ба таври осоишта ва бо иродаи халқ аз дасти як гурӯҳ ба дасти гурӯҳи дигар мегузарад. Бинобар ин, интихобот воситаи иваз гардидани элитаи ҳукмрон ба шумор меравад. Самаранокии интихобот ва аз тарафи ҷомеа эътироф гардидани натиҷаҳои он яке аз нишонаҳои муҳими ҷомеаи демократӣ маҳсуб меёбад. Интихобот ҳалли масъалаҳои дар ҷомеа бавуҷудомадаро ба таври осоишта ва бо усулҳои сиёсӣ бояд таъмин намуда тавонад.
Ҳамин тавр устодони кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилали ҳуқуқи интихобот ва низоми интихоботро дар асоси қонунгузории ҷории ҷумҳурӣ пешниҳод намудааст, эътироф намуда сиёсати сулҳҷўёнаи Сарвари давлатро ҷонибдорӣ менамояд. Зеро натиҷаи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳалливу Маҷлиси намояндагон нишон дод, ки мардум имрӯз интихоби дурусти худро кардаанд. Дигар ба суханҳои беасосу туҳмати хоинон боварӣ надоранд ва 7 ҳизби сиёсӣ озодона дар доираи қонунҳои амалкунанда иштирок варзиданд.
Абдувоҳидов М. Р. – коргузори кафедраи ҳуқуқи
соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ