Ҳизби шайтонии Кабирӣ

Агар ба шахсияти М.Кабирӣ назар афканем, маълум мегардад, ки ӯ як шахси нотавонбин ва дур аз фаҳмиши кавонини Ислом мебошад. Ӯ нисбат ба дини Ислом кур-курона муносибат мекунад ва бо ин рафтораш ғазаби Худоро меорад, ки оқибаташ талх аст.

Хиёнати Муҳиддин Кабириро тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аллакай дарк намуда, ба эшон лаънат мехонанд ва уро ташкилотчии асосии ҳодисаи мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли 2015 меҳисобанд. Назарсанҷиҳо миёни мардум нишон дод, ки дар давраи 28 соли истиқлолияти Тоҷикистон роҳбарон ва аъзоёни собиқ ТЭТ ҲНИ (ҳоло ташкилоти террористӣ-экстремистӣ) дар пешрафт ва  ободу зебогардонии кишварамон умуман саҳм нагузоштаанд. Чунки онҳо мақсади аз байн бурдани давлати ҳуқуқбунёду дунявии тоҷиконро доштанд ва мехостанд, ба таври ба худ хос, як давлати хилофатро бунёд намоянд.

Мардуми осоиштаи мо ба муқобили ҳамагуна созмони ифротӣ аз қабили ташкилоти террористӣ-экстремистии ТЭТ ҲНИ мебошанд. Дар шароити кунуни нишонае аз фаъолияти ин ҷараёни тундгаро ва ё дастгирии он аз ҷониби сокинон, дида намешавад. Зеро ки мардум дарк намудаанд, ки ТЭТ ҲНИ онҳоро ба роҳи бад ҳидоят мекард.

Мунаққидон ва озодандешони бобати фаъолияти ТЭТ ҲНИ андешаҳои худро баён намуда, зикр менамоянд, ки дар дини мубини Ислом ҳизбгароӣ ҳарром аст. Пас аз ин бармеояд, ки қаблан роҳбарони ҳизби ифротӣ бо истифода аз дини мубини  Ислом дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҳизби «Ҳизб-уш-Шайтон»-ро таъсис доданд, ки роҳбарони он дар симои Муҳиддин Кабирӣ зердастон ва аъзоёни худро то ҳол ба шайтониву дуруғгуи ва авомфиреби ҳидоят карда истодаанд.

Мардуми сарбаланд ва сарсупардаи миллати тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қодир аст дар муқобили ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои дини-ифроти, аз ҷумла ташкилоти ифротии ТЭТ ҲНИ, истодагари карда, Ватану миллати худро аз таҳдидҳои онҳо ҳифз намояд.

Муҳиддин Кабирӣ худро ҳамчун як фарди сиёсатмадори бузург меҳисобад, ин рафтори ниқобангезонаи Кабирӣ наметавонад як давлати тинҷу осударо ба фикрҳои ғаразонаи худ мардуми тоҷикро аз обу ҳавои мусаффои имрӯза маҳрум созад.

Фарзанди гумроҳи кишвар Муҳиддин Кабирӣ гӯё гуруҳи Паймони миллӣ таъсис дода, худро мусичаи бегуноҳ ҳисобида барои иҷрои супориши хоҷагонаш кӯшиш менамояд.

Мазмуни суханрониҳои Кабирӣ хиёнаткорӣ нисбат ба Ватан, сабаб шудан ба ҷангу хунрезӣ буда, дар маҷмӯъ мақсад ва ҳадафҳои ғаразнок ва хиёнаткорона нисбат ба ватан худ мебошад.

Мо, имруз бо дастгирӣ ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як мақсади баланд ва андешаҳои фарҳангиву сиёсии хуби имрӯза ватани азизамонро ҳимоя хоҳем кард ва ҳеҷ гоҳ намегузорем ватани худро аз дасти душманон ба монанди Муҳиддин Кабирӣ зери хатар гузорем.

Муҳиддин Кабирӣ роҳбари ҳизби мамнуъшудаи Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар иғвоангезии навбатии худ, ки тариқи шабакаҳои интернетӣ пахш гардид, бори дигар ҳамон таҷрибае, ки ба худ хос дорад истифода кард. Дар он замоне, ки ӯ дар курсии парлумон соҳиби овоз шуд, ин таҷрибаро аз худ кардааст. Ӯ пайваста кӯшиш мекард, бо гуфтани камбудиҳои ҷузъии ҳукумат худро ба мардум ширин нишон диҳад. Вале пешравиҳое, ки дар ҷумҳурӣ ба амал меомад, нодида мегирифт ва бо ин роҳ мехост мардумро ба худ ҷалб карда, ба мақсади нопоки худ бирасад.

Муҳиддин Кабирӣ дар ин мусоҳибаи худ, ки ба сомонаи хабарии “Радиои Озодӣ” додааст, пур аз дурӯғу буҳтон аст. Сиёсати давлати моро заиф шуморида, онро мавриди мазаммат қарор додааст. Системаи интихоботии моро хуб сарфаҳм нарафта, аз худ муллотарошӣ мекунад. Хушбахтона шаҳрвадони мамлакат ва ҳамсоягони мо ба сиёсати кунунии давлату ҳукумат баҳои нек додаанд. Аз ҷумла афғоне гуфта буд, ки “Тоҷикистон ва Афғонистонро як дарё ҷудо месозад. Замин, хок ва ҳаво якгуна аст. Вале пешравӣ ва сулҳу суботе , ки дар Тоҷикистон ҳаст дар Афғонистон нест. Зеро шумо Эмомалӣ Раҳмон доред”.

Рауфов М.М. – ассистенти кафедраи назария

ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

You might also like