«Ихвон – ул – муслимин» ҳаммаслаки навбатии мухолифин

Дар ҷаҳони пуртаззоди имрўза, ки дар гўшаву канори олам бахусус дар минтақаҳои даргир вазъият ҳамоно  ноором боқӣ мондааст, гурўҳҳои гуногуни террористиву экстремистӣ бо ҳар гуна роҳу равишҳо, бо номҳои мухталиф  худро дар расонаҳои хабарӣ муаррифӣ намуда, оромии минтақаро халалдор месозанд.

Яке аз ин тоифа «Ихвон – ул – муслимин»  ба ҳисоб меравад. Ин гурўҳи ифротӣ низ ҳамқадами ТЭТ ҲНИ ва ДИИШ буда, мақсаду мароми онҳо ба ҳам шабоҳат доштааст.  «Ихвон – ул – муслимин» дар кишварҳое таъсис ёфтааст, ки дар ин кишварҳо расму русуми зиндагиашон дар асоси оинҳои диниву мазҳабӣ сурат гирифтааст ба вуҷуд омадааст.

Дар кишварҳое, ки ин гурўҳ арзи ҳастӣ дорад дар он ҷо омўзиши илму маърифат камтар буда, маърифати ҳуқуқии мардум низ ба дараҷаи лозимӣ набуда, мардуи бисёртар ба эътиқодҳои динӣ такя намудаанд. Гумон меравад, ки дар чунин ҷомеаҳо батарият ва афзалияти рўҳониён зиёд ба назар мерасад.

Мақсаду мароми ин ташкилотҳои террористиву экстремистӣ якмаром буда, мехоҳанд ҷаҳони оромро ба кашмакашиҳои бемаънӣ табдил диҳанд ва мақсадҳои ғаразонаи худро бо ҳар роҳ амалӣ намоянд. Ҳанўз аз хотираҳои мардуми кишвари азизамон воқеаҳои нангини даҳшатборе, ки ба сари мардуми азияткашидаи Тоҷикистони азиз оварда буданд фаромўш нашудааст.

Вокеаҳои нангини солҳои баъди ба даст овардани истиқлолият рўҳониёни аҷнабии солҳои наваддум қариб буд кишвари азизамонро ба несту нобудшавӣ бурда расонанд. Дар охирҳои солҳои 90-ум мардуми кишвари мо низ  ба боварии рўхониёни ҳамонвақта даромада дар майдонҳои пойтахт борҳо гуруснанишинӣ ва гирдиҳамоиҳо ташкил намуда, мардумро даъват ба ҷиҳод намуда буданд.

Ҳанўз дар хотир дорам, ки саркардагони ин ҳодисаҳои даҳшатовар ташкилотҳои экстремистиву террористии асри гузашта буданд. Барои расидан ба ҳадафҳои ғаразонаи худ мардумро гумроҳ намуда, ба онҳо яроқу аслиҳа тақсим намуда буданд. Имрўз меросхўрони ин хоинони миллат дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурда кору пайкори разилонаи гузаштагонашонро идома дода истодаанд.  Дар амалӣ сохтани ҳадафҳои худ аз кўмаку дастгириҳои хоҷагони хориҷии худ парҳез накарда, бо истифода аз сомонаҳои гуногун буҳтонҳо ва дасисаҳои навбатии хешро пешниҳод намуда истодаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки мухолифини асри гузашта, ки онҳоро «иттиҳоди чоргона» номидан мумкин буд хостанд бо роҳи зўрӣ ғасби ҳокимият намуда, сохти давлатдориро дигаргун намоянд. Хушбахтона ин ҳадафҳои разилонаю ваҳшиёнаи онҳо амалӣ нагардид.

Боиси ифтихор аст, ки фарзанди фидоии миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик ин кишвари офатзадаро бо ақлу хиради азалии худ раҳоӣ бахшад.

Мирзоев А.Н. – сармуаллими

кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ

You might also like