Амалҳои номатлуби гурўҳҳои ифротӣ
Дар паёми навбатии худ Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мачлиси Олӣ бори дигар ба масъалаи амалиёти зиёновару фасодбори гурӯҳҳои экстремистӣ дар олам дарҷ карда шуд. Пешвои миллат бо нигарони иброз доштанд, ки солҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гушаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодааст. Тоҷикистон низ аз доири назари террористиву экстримистӣ дур намонда аст.
Ҳатто зумрае аз онҳо бархоста аз дохили мамлакат ҳамонҳоянд, ки бар Ватан хиёнат кардаву барои манфиатҳои худ ва ғаразҳои гурӯҳҳояшон даст ба омилҳои шармандавору зиёновар ба халқу кишвар заданд. Барои расидан ба ҳадафҳои нопоку пурғарази худ аз ягон амали зишту нопок ва вахшиёна даст намекашанд. Ифродгароён ва гурӯҳҳои номатлуб аз паси “хоҷаҳои хориҷиашон” паноҳ бурда, санги маломат ба сӯи Тоҷикистон меафкананд, иғвогарои мекунанд. Чунон ки дар забони мардуми мо мегуянд “Бори каҷ ба манзил намерасад”.
Ҳама даст ба дасти ҳамдигар дода, аз Пешвои миллати хеш дифо намоем, зеро пушту паноҳи ҳамаи мо Пешвои муаззами миллат мебошанд. Пешвои муаззами хешро мо падари маънавии ҳар як тоҷику тоҷикистони гуем низ ҳато намекунем, зеро маҳз ҳамин шахс ғами тарбияи фарзандони мову шуморо хурда «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амали сохтанд, ки ин икдом бори дигар аз ғамхории падаронаи ин инсони наҷиб муҷда медихад. Мо ҷонибдори сиёсати хирадмандонаву маънавибунёди Пешвои муаззами кишвари хеш буда, амалҳои номатлубро доимо, дар хар кадам махкум хохем кард!
Абдувоҳидов М. Р. – коргузори кафедраи ҳуқуқи
соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ