Боздиди беш аз 2000 нафар хатмкунандагон аз ДДҲБСТ
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ҷалби хатмкунандагон ба таҳсили илму дониш дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии раёсати маорифи вилояти Суғд имрӯз санаи 22-юми феврали соли равон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон «Рӯзи дарҳои кушод» ва озмуни ҷумҳуриявии “Хатмкунандагони болаёқат” баргузор гардид.
Гуруҳ-гуруҳ хатмкунандагон ҳамроҳи устодони худ аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мақсади шиносоӣ аз вазъи таълиму тарбия, шароити таҳсил, имконияту ихтисосҳо ва факултетҳои донишгоҳ дар «Рӯзи дарҳои кушод» иштироки фаъолона намуданд. Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода дар назди хатмкунандагон баромад карда, онҳоро бо барномаи чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод» ва озмуни «Хатмкунандагони болаёқат» шинос кард. Ҳамчунин намояндаи Вазорати маориф ва илми кишвар иштирок ва сухан кард. Сипас хатмкунандагон аз дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ ва дарсҳои намунавии устодон дидан карда, ба худ маълумотҳои зарурӣ гирифтанд.
Дар чорабиниҳои «Рӯзи дарҳои кушод» то нисфирӯзӣ 2360 нафар, аз ҷумла 1314 нафар тариқи офлайн ва 1046 нафар онлайн хатмкунандагон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ширкат варзиданд. Бахусус хатмкунандагони ноҳияҳои дурдасти вилоят ва шаҳри Душанбеву наҳияҳои вилояти Хатлон тариқи онлайн тавассути интернет дар ин чорабинӣ иштирок намуданд. Тибқи барномаи озмуни «Хатмкунандагони болаёқат» аз рӯи намунаҳои саволномаҳои санҷишии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хатмкунандагон дониши худро санҷиданд.
Пас аз боздид ва шиносоӣ дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №1-и донишгоҳ мулоқоти ректор, профессор Мумин Шарифзода бо иштирокчиёни озмуни «Хатмкунандагони болаёқат» доир гардид. Дар мулоқот аз рӯи натиҷаи имтиҳоноти тестӣ ва холҳои ноилгардида дар озмуни «Хатмкунандагони болаёқат» аз мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон Фаромарз Ҷонибеков сазовори ҷойи аввал ва ноутбук, Абдуҳофиз Шамсиев аз гимназияи №4 сазовори мақоми дуввум ва планшет, Раҳматҷон Муҳҳаммадҷонов аз мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон сазовори ҷойи сеюм ва рақами тиллоии ширкати Тселл гардиданд.
Дар баробари ғолибон иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳои «Рӯзи дарҳои кушод» бо туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ ва ширкати Тселл қадрдонӣ шуданд. Дар хотима барномаи пешниҳодкардаи гурӯҳҳои эҷодии донишгоҳ, дастаи «Ошёни меҳр», гурӯҳи рақсии «Хушхиром» хотири ҳозиринро болида гардониданд.



















