Пайрави мазҳаби аслии худ бошем
Новобаста аз он ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳамаи хиёнату разолату ҷинояти ин гурӯҳи террористӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ чашм пӯшида онро бахшид, ин гурӯҳ бошад, боз дар пайи нооромии кишвари мо нақшаҳои пинҳони худро тарҳрезӣ намуд.
Ҳар тоҷике, ки имоми мазҳаби худаш – Имоми Аъзам Абӯҳанифа ва мазҳаби ҳанафии худашро дӯст медорад, наҳзатиҳои мазҳабфурӯшро маҳкум мекунад. Имрӯз пурра собит шудааст, ки ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати ислом бо “ҳидоят”-и хоҷагони хориҷиаш аз оғоз нақшаи барҳам задани давлати тоҷиконро доштааст. Аммо дар ҳамон солҳо иддае аз мардуми гумроҳ ба даъватҳои дурӯғини наҳзатиён бовар карда буданд, гумон мекарданд, ки ҳизби наҳзат ҳомии дини ислом аст. Қайд кардан бамаврид аст, ки ин гурӯҳи ифротии ба ном “исломӣ” аз таълимоти асосии инсондӯстии дини ислом ҳеҷ баҳрае нагирифтааст.
Яке аз ин падидаҳо гурӯҳҳои терористии ДИИШ, Ҳизбуллоҳ, Ихвонулмуслимин, ТЭТ ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои терористӣ мебошанд. Чанде пеш дар Ҷумҳурии Арабии Миср Конфронси ҷаҳони уламои мусулмон доир гардид, ки дар он ҳамаи муфтиён ва уламои мусулмони кишварҳои мусулмонӣ ТЭТ ҲНИ-ташкилоти террористӣ эътироф карда, сармоягузорони онро душмани башарият хонданд.
Ҳоло ТЭТ ҲНИ ягона роҳи зинда мондани худро дар фитнаву ғавғо медонад ва аз ин рӯ, роҳбарони он ҳатто зану кӯдаконашонро ҳам ҷалб карда, ҷо-ҷо садо мебароранд. Чӣ тавре ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ маълум гардид, ТЭТ ҲНИ даст аз макру фитнаҳои худ боз надошта, роҳи худро дар гумроҳсозии ҷавонон идома дода истодааст. Амали пешакардаи ТЭТ ҲНИ нанговар буда, аз он бӯи ифроту хушунат бармеояд. Мисли таърихи гузашта мехоҳанд, ки ҷавонони моро ба ифроту гумроҳӣ бурда, аз маърифати баланди сулҳу оромиш берун созанд ва ба фитнаи нави худ ҷалб намояд. Мақсад аз даъват ба ин гуна чорабиниҳои ТЭТ ҲНИ ин пеш аз ҳама амалӣ сохтани ҳадафҳои хоинонаи иддае аз роҳбарони он мебошад. Имрӯзҳо зиндагии осудаи халқи Тоҷикистон намунаи ибрат буда, дар кишвар сулҳу субот таъмин ва корҳои ободониву созандагӣ дар авҷи худ қарор дорад. Дар ростои ҳамаи ин дастовардҳои замони истиқлолият, моро мебояд дар партави ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, пеш аз ҳама шукронаи неъмати бузурги тинҷиву оромиро намуда, эҳтироми арзишҳои миллиамонро баҳри пойдории сулҳу субот ва рӯзгори осудаи ҳар як хонадони Тоҷикистони азизамон ба ҷо орем.
Кабирӣ бо ноогоҳиаш аз таърихи на он қадар дури таърихӣ бори дигар собит сохт, ки тафриқаандозиҳои ӯ ва ҳаммаслаконаш на ин ки ба муқобили халқи тоҷик буд, балки ба мардуми башар низ созгор нест. Зеро ақидаҳои радикалии хиёнаткоронаи ӯ нобахшиданист.
Изҳороти Рауфов М.М. – ассистенти кафедраи
назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ