Афкори ифротии наҳзат
Дар ҷаҳони мутамаддин мунтазам ҳодисаву воқеаҳое рўй дода истодаанд, ки боиси сарафкандагии мусалмонон ва кам нишон додани обрӯи дини мубини Ислом дар назди ҷомеаи башарӣ мебошад. Ҳамзамон ҳар коре, ки ҷиҳати паст намудани сатҳи маънавиёти ҷомеа ва барҳам задани суботу ороми анҷом дода мешавад, аз тариқи сўистифода аз бовариҳои динии мардум роҳандозӣ мегардад.
Чунин ҳолат аслан кори дасти гурўҳҳоест, ки динро воситаи расидан ба сиёсат, василаи тафриқаангезии миёни мардум ва яроқи асоси бар зидди худи мусалмонҳо кардаанд. Яке аз чунин гурўҳҳое, ки даҳсолаҳо фазои идеологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро олуда сохта, кўшиш дорад ваҳдати комилро аз миёни мардум бардорад, ТЭТ ҲНИ мебошад. Ҳизби наҳзати ислом –захираи ташкили мебошад, ки онро тарафи хадамотҳои махсуси хориҷӣ барои пешбурди манфиатҳои махсус дар Тоҷикистон офаридааст. Дар бойгониҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо ҷилдҳои парвандҳои ҷиноятии амалишуда маҳфузанд, ки гуноҳи ҲНИ-ро, ки аъзои он бо супориши хадамоти махсуси хориҷӣ даҳҳо санадҳои террористиро ба муқобили хизматчиёни ҳарбӣ, намояндагони аҳли зиё, дигар динҳо мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва сокинони маҳаллӣ содир кардаанд, исбот мекунанд.
Имрўз ТЭТ ҲНИ кўшиш мекунад худро як тарафи сулҳ нишон диҳад ва ба ин васила воқеияти таърихиро ба манфиати худ таҳрир созад. Аммо хушбахтона хотираи таърихии миллати тоҷик қави аст. Ҳама медонанд, ки як ҷониби сулҳ ИНОТ буд на ТЭТ ҲНИ ва чунин берўгии сиёсие, ки аз ҷониби наҳзат сурат мегирад воқеан шармовар аст.
Аммо бадтар ин ҳолат ин аст, ки мутаасифона, имрўз ҲНИ ба як василаи фишанги сиёсии хориҷиён болои Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштааст ва хеле таассуф мехўрем, ки ҳоло ҳам ҳастанд ҷавононе, ки фирефтаи найрангҳои ин тоифа гашта бо аъзоги ба он худро дар роҳи хиёнат ба ватану миллат шарик сохта истодаанд. Имрўз ҲНИ ба як бозичаи дасти дигарон дар саҳнаи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, аз ватандўстиву миллатпарастии он танҳо суханҳои хушку холи боқи мондаанд. ҲНИ бо муроҷиат намуданаш бо созмонҳои хориҷӣ ва дар симои онхо чустани такягохи сиёсӣ бори дигар хиёнат кардани худро ба арзишхои олии ватандорӣ на танҳо барои мо, балки барои тамоми оламиён собит сохт.
Мо, зиёиён, аҳли устодони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолияти ғайриқонунии Ҳизби наҳзати исломро маҳкум намуда, ҳамагонро ба ваҳдати миллӣ, дўстиву рафоқат, сулҳу осоиштагӣ дар партави сиёсати сулҳҷуёнаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки барои гулгул шукуфоии Тоҷикистони азизи мо кўшишҳои зиёде ба харҷ додаанд, даъват менамоем.
Тоҷибоева М.Н. – ассистенти кафедраи
баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ