Дар ниқоби нав

Ҷаҳони имрӯзаи мо  пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, ки яке аз сабабҳои он афзудан ва густариш ёфтани терроризмм ва экстремизм мебошад.

Терроризм ин ташкили хатар, яъне аз тарафи ташкилотҳо, субъектҳо ё шахсони алоҳида бо истифодаи қувва, зўроварӣ ба амал овардани вазъияти ноором, муҳити тарсу ҳарос ва хатар дар ҷомеа мебошад. Экстремизм ин канораҷўӣ, ифротгароӣ, тундравӣ фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба масъалаи муҳим ва пурпечутоби сиёсӣ-иҷтимоӣ, ки солҳои охир таъсири манфии он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон назаррас аст, бетараф будани шаҳрвандон аз беэътиноии онҳо шаҳодат мадиҳад. Мутаассифона, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурўҳҳои террористиву экстремистӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ рўз аз рўз зиёдтар ба назар мерасад. Зеро асосан ҷавонон ҳадафи гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ қарор мегиранд. Бинобар ин, хонандагони мо бояд мушоҳидакор, дурандеш, хирадманду зирак бошанд. То ба доми бозиҳои сиёсии хоинон кашида нашаванд. Мо бояд дуруст дарк намоем, ки барои ТЭТ ҲНИ ва ПМТ ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон тамоман муҳим нест. Мақсад бедор кардани нафрату бадбинии мардум нисбат ба ҳокимият аст.

Бинобар ин, аз ҳар як шаҳрвандӣ кишвар ва ҳар як фарди миллатдӯсту бедордили тоҷик ки дар қалби хеш фақат як орзу мепарварид: сулҳу салоҳ мебошад ва пайваста дар фазои осоишта, ваҳдату ҳамдилӣ умр ба сар мебараранд намегузорем, ки онҳо амалҳои нопоки худро анҷом диҳанд тафаккури созандаву иродаи шикастнопазир, фитрати баланду ваҳдатпарвари азалии мардуми мо аз ҷониби як гурӯҳ носипосон паст карда шавад. Зеро мардуми тоҷик, имрӯз зарурати вахдати миллӣ ва ҳифзи якпорчагии давлати миллиро беш аз пеш дарк намудааст.

Бинобар он, ҳар як фарди ҷумҳурӣ бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зуҳури ин гуна амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди бономуси миллат мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба муаммоҳои ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Бинобар ин тамоми қишрҳои ҷомеаро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм ва ифротгарои дастаҷамона ва беамон мубориза баранд.

Бояд ҳар як шаҳрванди ба ору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳаргиз фирефтаи таблиѓоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсиии ҷомеъа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомотҳои давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.

Шарипова З.С. – сармуаллимаи кафедраи

иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

You might also like