Ваҳшонияти паймон
Мардуми хирадманду фозил ва сабури тоҷик имрӯз бори дигар шоҳиди он мегарданд, ки гурӯҳҳои ифротгаро, ки зери як «Паймон» аҳд бастаанд ва аз режими пешгирифтаи хеш, ки аз ваҳшоният ва поймол намудани ҳуқуқҳои фитрии инсон иборат аст, ҳоло ҳам даст кашиданӣ нестанд. Умедворем, бархе аз ҷавонони раҳгумзада аз пешрафтҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву динии кишвар пуштибонӣ карда, ба миллату Ватани худ хиёнатро раво намебинанд.
Ин гуфтаи бузургворро мебояд ҳамеша дар мадди назар қарор дода, баҳри ҳифзи сулҳу субот ва боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азиз камари ҳиммат бандем. Бешак, таҷриба нишон медиҳад, ки шахси беватан аслан бепушту паноҳ аст. Зеро ватан модар буда, инсон инсон буданашро танҳо дар озодӣ, соҳибихтиёрӣ эҳсос менамояд. Аз мутолиаи осори гузаштагон ба мо маълум мегардад, ки бузургони миллати мо ҳамеша ба ватну миллати худ ифтихор мекарданд ва ҳеҷ вақт ватану миллати худро дар назди дигар бегонагон паст назада, бо фарҳангу тамаддуни ғании худ сарбаланд буданд. Ин амал амали маҳз шахсони хиёнаткору манфиатҷӯ буда, барои расидан ба манфиатҳои иқтисодӣ ва сиёсии худ ба ҳама гуна амал даст мезананд.
Барои мо маълум аст, ки суханҳо, амалҳо, нақшаҳо ва мақсадҳои роҳбарони Паймони миллӣ нишон медиҳад, ки гурӯҳи мазкур душмани инсоният буда, ҳатто барои падару модари худ, бародару хоҳари худ раҳам наменамоянд. Аз ин ҷиҳат зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ ҳамеша зарур ва дар мадди аввал аст.
Ташкилу роҳандозии чунин “тазоҳурот” аз ҷониби роҳбарону аъзои ТЭТ ҲНИ идомаи ҳамон равандест, ки онҳо дар солҳои аввали истиқлолият бо ин гуна ҳамоишу гирдиҳамоиҳо мардумро дар дохили кишвар ба бесарусомонӣ, бенизомӣ ва ҷангу ҷидол кашида, имрӯз ба ин кирдорҳои нангини худ дар хориҷи кишвар идома дода истодаанд.
Чи тавре ки медонем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳои худ доим таъкид мекунанд, ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст.
Аз ин рӯ, бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, ободиву осудагии ватани маҳбубамон насли ҷавонро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи иғвову дасисаҳои ифротгароёну тахрибкороне ба мисли аъзоёни ТЭТ ҲНИ нагарданд.
Ҳасанов М. – мудири кафедраи назарияи
таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ