Конститутсия ва Истиқлолияти давлатӣ: пайванди ҳуқуқӣ ва таърихии давлатдории навини Тоҷикистон
Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст. Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯзҳо дар саросари кишвари маҳбубамон – Ҷумҳурии Тоҷикистон 32-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини давлатдории тоҷикон таҷлил мегардад.
Қабули ин санади тақдирсоз бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иштироки фаъолонаи мардуми Тоҷикистон сурат гирифта, ҳамчун марҳилаи муҳим дар ташаккули низоми нави ҳуқуқӣ ва сиёсии давлати соҳибистиқлол арзёбӣ мегардад.
Таъкид намудан бамаврид аст, ки Конститутсия пеш аз ҳама Қонуни асосии давлат ва пояи низоми ҳуқуқии ҷомеа буда, он асосҳои сохтори конститутсионии давлат, принсипҳои ташкили ҳокимияти давлатӣ, муносибати байни давлат ва шаҳрванд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин заминаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро муайян менамояд. Аммо моҳияти Конститутсия бо ин маҳдуд намешавад. Он дар баробари санади олии ҳуқуқӣ будан, ифодакунандаи арзишҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ҷомеа низ мебошад.
Ҳамзамон, Конститутсия хусусияти сиёсӣ низ дорад, зеро муносибатҳои сиёсӣ қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҳар як давлат мебошанд. Аммо Конститутсияро танҳо аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ баррасӣ кардан низ кофӣ нест. Он ҳамчунин падидаи таърихӣ мебошад, зеро ҳар як Конститутсия маҳсули марҳилаи муайяни рушди давлат ва ҷомеа буда, дар худ таҷрибаи таърихӣ, арзишҳои ҷамъиятӣ ва талаботи замони худро инъикос менамояд.
Давлатҳо дар таърихи башар ҳазорсолаҳо вуҷуд доштанд, аммо Конститутсия ба маънои муосири худ падидаи нисбатан ҷавони таърихи давлатдорӣ мебошад.
Воќеан дар таърихи башарият Конститутсияҳо борҳо ба омили дигаргуниҳои куллии сиёсӣ ва иҷтимоӣ табдил ёфта, барои ташаккули шаклҳои нави давлатдорӣ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди парламентаризм, таҷзияи ҳокимият ва таҳкими волоияти қонун замина гузоштаанд.
Пайдоиш ва рушди Конститутсияи Тоҷикистон бо таърихи ташаккул ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон робитаи ногусастанӣ дорад.
Таърихи давлатдории тољикон нишон медињад, ки њарчанд дар давлати Сомониён (асрҳои IX–X) ба маънои имрӯза конститутсияи хаттӣ ҳамчун Қонуни асосии давлат вуҷуд надошт, аммо низоми мукаммали меъёрҳои ҳуқуқӣ, идоракунии давлатӣ, суд, муносибатҳои молумулкӣ, андоз, уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ва мақоми ҳокимият вуҷуд дар он дошт. Ба андешаи муҳаққиқон, дар давлати Сомониён сохтори нисбатан марказонидашудаи ҳокимияти давлатӣ вуҷуд дошт ва Исмоили Сомонӣ барои таҳкими давлати марказӣ ва ташкили дастгоҳи мутамаркази идоракунӣ тадбирҳои муҳим меандешид. Ин аст, ки манбаъҳои таърихӣ сохтори давлатӣ ва ташкили дастгоҳи идоракунии Сомониёнро ҳамчун яке аз ҷанбаҳои муҳими давлатдории ин давра баррасӣ мекунанд. Дар њамин асос сохтори давлатӣ ва ташкили дастгоҳи мутамаркази идоракунии давлати абарќудрат ва таърихии Сомониён бешубња заминаи бунёдии худро дар ташаккул ва рушди Тољикистони муосир гузоштааст.
Бо ибораи дигар, таърихи давлатдории Сомониёнро метавон ҳамчун яке аз заминаҳои бунёдии муҳими муборизаи миллати тоҷик барои озодӣ, адолат, баробарҳуқуқӣ ва волоияти қонун донист. Барои ҳамин ҳам, Конститутсия дар таърихи давлатдории тоҷикон танҳо маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ набуда, дар ҳар як марҳилаи таърихӣ инъикосгари вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ҷомеа ва ҳамзамон воситаи ба низом даровардани муносибатҳои нави давлатдорӣ ба ҳисоб мерафт.
Роҳи ташаккули конститутсионализми тоҷикон роҳи одӣ ва якмарҳилаина набуд. Он дар давоми садсолаҳо зери таъсири дигаргуниҳои сиёсӣ, тағйироти сохтори давлатӣ ва ҷустуҷӯи шакли муносибтари давлатдории миллӣ ташаккул ёфт. Аз ин рӯ, таърихи Конститутсияи Тоҷикистонро метавон ҳамчун қисми муҳими таърихи эҳёи давлатдории миллии тоҷикон арзёбӣ кард.
Дар маҷмӯъ, марҳилаҳои нахустини ташаккули Конститутсияи Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд, ки пайдоиши конститутсионизми тоҷикон аз эҳтиёҷи таърихии ба ҳуқуқӣ даровардани сохтори давлатдорӣ оғоз гардидааст. Яъне, ҳар қадаре ки мақоми сиёсию ҳуқуқии Тоҷикистон тағйир меёфт, ҳамон қадар зарурати таҷдиди асосҳои конститутсионӣ ба миён меомад.
Маҳз ҳамин раванди пайваста дар давраҳои минбаъда барои ташаккули таҷрибаи миллии конститутсионӣ замина гузошт ва дар ниҳоят ба марҳилаи сифатан нави давлатдории тоҷикон — давлатдории соҳибистиқлол ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 оварда расонд.
Таърихи таҳия ва қабули конститутсияи солҳои 1929, 1931, 1937 ва Конститутсияи соли 1978 барои Тоҷикистони Шўравӣ ҳамчун марҳилаҳои муҳими рушди конститутсионии Тоҷикистон ба шумор мераванд ва бо вуҷуди он ки ин конститутсияҳо дар доираи низоми конститутсионии Иттиҳоди Шӯравӣ амал намуда буданд, лекин аҳамияти онњо дар таърихи давлатдорї ва рушди низоми ҳуқуқии Тоҷикистон назаррас мебошад. Маҳз онҳо таҷрибаи муайяни ташкили низоми мақомоти давлатӣ, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва рушди институти ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро дар бар мегирифтанд.
Зикр намудан бамаврид аст, ки ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии охири солҳои 1990-ум барои Тоҷикистон марҳилаи тағйироти куллӣ ба шумор меравад, зеро бӯҳрони низоми сиёсии Иттиҳоди Шӯравӣ, тағйирёбии муносибатҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, афзоиши талабот ба истиқлолияти ҷумҳуриҳо ва бознигарии муносибати ҷомеа ба арзишҳои давлатдорӣ зарурати ҷустуҷӯи шаклҳои нави рушди давлатиро ба миён овард.
Ҳамзамон, тағйироти босуръати сиёсӣ дар ИҶШС ва бознигарии низоми мавҷудаи муносибатҳои давлатӣ ба ҳаёти сиёсии Тоҷикистон низ бетаъсир намонд. Зарурати таҳияи Конститутсияи нав пеш аз ҳама аз талаботи объективии тағйир ёфтани мақоми сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷумҳурӣ сарчашма мегирифт.
Дар асоси қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990 Комиссияи конститутсионӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ин иқдом қадами муҳим дар роҳи ҷустуҷӯи шаклҳои нави танзими ҳуқуқии муносибатҳои давлатӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди давлатдорӣ гардид.
Қадами муҳими дигари ин раванд қабули Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 буд. Ин санад барои густариши заминаҳои ҳуқуқии соҳибихтиёрии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дошт. Дар шароити тағйироти минбаъдаи сиёсӣ ва пошхӯрии ИҶШС раванди таҳияи Конститутсияи нав муваққатан боздошта шуд. Пас аз эълон гардидани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар 9 сентябри соли 1991 бошад, ин раванд мазмун ва самти сифатан нав гирифт.
Бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон масъалаи қабули Конститутсияи нави давлат ба яке аз масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ табдил ёфт. Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихии рушди худ ворид гардид. Дар назди ҷомеа масъалаҳои бунёди давлати соҳибистиқлол, муайян намудани шакли нави давлатдорӣ, ташкили низоми нави мақомоти давлатӣ, таъмини кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди муносибатҳои нави иқтисодӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор гирифтанд.
Маҳз дар ҳамин марҳила зарурати ба таври конститутсионӣ мустаҳкам намудани арзишҳои нави давлатдорӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ ба миён омад. Гузариш ба иқтисоди бозорӣ, эътирофи шаклҳои гуногуни моликият, рушди соҳибкорӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташаккули институтҳои нави ҳокимияти давлатӣ ва муайян намудани муносибати давлат бо ҷомеа тақозо мекарданд, ки Тоҷикистон соҳиби Конститутсияи нави миллӣ гардад.
Ҳамин тавр, раванди таҳияи Конститутсияи нави Тоҷикистон ба як зарурати воқеии таърихӣ-њуќуќї табдил ёфт. Он бояд на танҳо сохтори мақомоти давлатӣ, балки арзишҳои бунёдии давлати соҳибистиқлол, муносибати давлат ва шахс, кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон, асосҳои иқтисодӣ ва самтҳои рушди ҷомеаро муайян мекард.
Натиҷаи ин раванди мураккаб ва таърихӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ гардид. Бо қабули Конститутсия Тоҷикистон соҳиби санади олии ҳуқуқии давлати соҳибистиқлол гардид ва рушди минбаъдаи давлатдорӣ дар асоси принсипҳои нави конститутсионӣ роҳандозӣ шуд.
Конститутсияи соли 1994 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки ифодаи ҳуқуқии марҳилаи нави рушди давлат ва ҷомеа гардид. Он арзишҳои бунёдии давлати соҳибистиқлол — соҳибихтиёрӣ, демократия, волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, адолати иҷтимоӣ ва дигар принсипҳои муҳими давлатдориро дар сатҳи конститутсионӣ мустаҳкам намуд.
Аз ин нуқтаи назар, аҳамияти таърихӣ-ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки он пеш аз ҳама заминаи ҳуқуқии ташаккули давлати соҳибистиқлол ва муайянкунандаи самтҳои асосии рушди минбаъдаи ҷомеа гардид. Мардуми Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ тавассути қабули Конститутсия иродаи сиёсию ҳуқуқии худро барои бунёди давлати дорои низоми нави арзишҳо баён намуд.
Конститутсияи соли 1994 дар баробари муқаррар намудани сохтори давлат ва низоми мақомоти ҳокимият, ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ мақоми махсус дод. Ин равиш дар рушди конститутсионализми Тоҷикистон аҳамияти принсипиалӣ дошт, зеро муносибати давлат ва шахсро ба сатҳи нави ҳуқуқӣ бардошт.
Дар ин замина, муқаррароти моддаи 5 Конститутсия, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф менамояд, яке аз муҳимтарин асосҳои фалсафаи ҳуқуқии Конститутсияи амалкунанда ба шумор меравад. Ҳамин меъёр нишон медиҳад, ки мақсади ниҳоии фаъолияти давлат танҳо ташкили ҳокимият нест, балки таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди шахсият мебошад.
Ҳамзамон, моддаи 1 Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон менамояд. Ин муқаррарот маҷмӯи арзишҳои бунёдиро муайян карда, самти рушди сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии давлатро муқаррар мекунад.
Моддаи 10 бошад, мақоми олии ҳуқуқии Конститутсияро таъмин намуда, муқаррар менамояд, ки Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он бевосита амал мекунанд. Аз ин рӯ, ҳамаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба Конститутсия мутобиқат дошта бошанд.
Дар ин раванд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо арзишҳои эълоншуда нестанд. Онҳо бояд тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, низоми судӣ, қонунгузорӣ, маориф, фарҳанги ҳуқуқӣ ва рафтори ҳуқуқии шаҳрвандон ба воқеияти иҷтимоӣ табдил ёбанд.
Аз ин рӯ, нақши таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро танҳо бо қабули он дар соли 1994 маҳдуд кардан дуруст нест. Аҳамияти воқеии он дар раванди татбиқ, ҳифз ва рушди арзишҳои конститутсионӣ зоҳир мегардад. Конститутсия заминаи ҳуқуқии муносибатҳои нави ҷомеаро фароҳам овард, вале татбиқи самараноки меъёрҳои он аз сатҳи рушди институтҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пеш аз ҳама аз фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста мебошад.
Дар ҳамин маъно, Конститутсияро метавон ҳамчун пайвандгари таърихи давлатдорӣ ва воқеияти муосир арзёбӣ кард. Он таҷрибаи таърихии давлатсозии тоҷиконро бо вазифаҳои имрӯзаи рушди давлати соҳибистиқлол пайваст намуда, барои наслҳои имрӯзу оянда арзишҳо ва меъёрҳои бунёдии муносибатҳои давлат ва ҷомеаро муайян мекунад.
Аз ин ҷост, ки дар солҳои аввали истиқлолият ва дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдорӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун асоси ҳуқуқии таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ташаккули ҷомеаи муосир нақши муҳим бозид.
Бо гузашти солҳо Конститутсия ба яке аз рамзҳои муҳими давлатдории навини тоҷикон табдил ёфта, ҳамчун асоси ҳуқуқии фаъолияти давлат ва ҷомеа хизмат мекунад. Арзиши ин санади олии њуќуќї дар он аст, ки принсипҳои давлатдорӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва самтҳои асосии муносибатҳои ҷамъиятиро дар сатҳи олии ҳуқуқӣ мустаҳкам намудааст.
Аммо маънои аслии Конститутсия танҳо дар матни он маҳдуд намешавад. Конститутсия он вақт воқеан самаранок амал мекунад, ки меъёрҳои он ба фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа, ба муносибати шаҳрвандон ба қонун, ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ба муносибатҳои ҳаррӯзаи иҷтимоӣ ворид шаванд. Аз ин рӯ, эҳтиром ва риояи Конститутсия, қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва фарҳангӣ мебошад.
Дар маҷмӯъ, марҳилањои ташаккули конститутсионализми Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки рушди Конститутсия бо рушди худи давлат ва ҷомеа робитаи ногусастанӣ дорад. Аз Конститутсияҳои давраи шӯравӣ то Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ин раванд роҳи тӯлонии таҳаввули давлатдорӣ, ҳуқуқ ва арзишҳои ҷамъиятиро тай намудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, натиҷаи ҳамин таҳаввули таърихӣ буда, оғози марҳилаи нави конститутсионизми миллиро гузошт. Он барои ташаккули давлати соҳибистиқлол, таҳкими волоияти қонун, эътироф ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Аз ин рӯ, Конститутсияро метавон на танҳо Қонуни асосии давлат, балки ифодаи ҳуқуқии марҳилаи нави давлатдории миллӣ, таҷассумгари арзишҳои бунёдии ҷомеа ва заминаи ҳуқуқии рушди минбаъдаи Тоҷикистон арзёбӣ намуд.
Санавварзода Ғолибҷон Бақо,
д.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи
ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ