Ҳифзи амнияти иттилоотӣ-вазифаи муҳимми ҷомеа
Мусаллам аст, ки имрӯз фазои иттилоотӣ, хусусан интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳаёти ҷомеа таъсири бағоят бузурге гузошта, равандҳои бисёре монанди: мудҳо, ақидаҳои навбаромад бо суръати тез паҳн шуда истодаанд. Мутаассифона, дар ин бобат дар маводи интернетӣ ақидаҳои беасос бо истифода аз номи дини мубини Ислом, ҳатто ақидаҳои пантуркизму таърихи дурӯғин ва ба ин ё он миллат тааллуқ додани олиму мутафаккирони барҷаста ҷой гирифтааст. Ҷавононе кам нестанд, ки ба чунини маълумоти бардурӯғи иттилоотӣ бовар карда, дар наворҳо “лайк” мегузоранд ё гуфтаи онҳоро ҳақиқат пиндошта, ҳимоя низ мекунанд.
Ҳарчанд, ҷиҳати пешгирии ин зуҳурот ва ақидаҳои иртиҷоӣ аз ҷониби мақомоти дахлдорӣ давлатӣ тадбирҳои судманд амалӣ мешаванд, вале он то ҳол кифоя набуда, ҷиҳати шарҳи асоснокии маводи иттилоотӣ ба таъсиси марказ ё бахшҳои алтернативии иттилоотӣ зарурият пеш омадааст.
Хатари маводҳои нодурусту беасоси иттилоотӣ ба он раванда мерасонад ки ҷавонон дар натиҷаи зери таъсири фақат як манбаи иттилоот қарор гирифтан, паёрави онҳо мегардад.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва зиракии сиёсии насли ҷавон шароити арзандаи таълиму тарбия ва баргузории озмуну ҳавасмандгардониҳо роҳандозӣ гарданд ҳам, вале ҳоло ҳам қисмати ҷавонон пойбанди интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ буда, назар ба мутолиаи китоб бисёртар аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд. Дар ин ҳолат яке аз роҳҳои беҳтарин инъикоси илму фарҳанг дар фазои иттилоотӣ мебошад. Албатта, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бо нафароне, ки ба вайронкунии муқаррароти қонун даст мезананд, муборизаи беамон бурда, чунин шахсони пайрави ақидаҳои нодурустро ҷазо дода истодааст. Фикр кардан мумкин аст, ки бо ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани шахсоне, ки пайрави ақидаҳои ноддуруст шудааннд мо фазои солимро нигоҳ медорем ҳам, онро бурди мукаммал номидан номумкин аст. Гумроҳ шудани ҷавонон барои миллату давлат ва ҳам барои оилаашон зарбаи гарон мебошад. Вобаста ба ин масъалаи хеле ҳассос метавон иброз дошт, ки то решаи паҳнкунандаи чунин ақида аз байн наравад, хатарҳои шомилшавии ҷавонон беидеологияи бегона вуҷуд дошта метавонад. Таҳлилгарон бар он ақидаанд, ки шахсе ки пайрави ақидаҳои нодуруст шудааст, метавонанд аз тарс солҳо рӯякӣ худро ислоҳшуда намоиш диҳад, аммо бо пайдоиши имконияти аввалин ҳатман ба пояи худ бармегардад.
Аз ин лиҳоз, бо таъсиси марказҳои таъсиррасони иттилоотӣ, алтернативаи иттилоотӣ ва шарҳи доимии маводи асоснок ба он муяссар шудан мумкин аст, ки ҷавононро аз роҳи фирефташавӣ наҷот бахшида, фикррониионҳоро бар зидди ақидаҳои нодурусти паҳншаванда истифода барем. Ифтихор бояд кард, миллати тоҷик аз азал миллати фарҳангофару тамаддунофар ва эҷодкору созанда буд. Таърих гувоҳ аст, ки фарҳанги пешазисломӣ ва ҳам фарҳанги пасазисломии миллати тоҷик ҷаҳониёнро бо андешаҳои созгор мафтун сохтааст.
Чуноне зикр шуд, имрӯзҳо дар саросари ҷаҳон равандҳои ҷанги иттилоотӣ, ҷаҳонишавӣ ва бархӯрду гуфтугӯи фарҳангу тамаддунҳо вусъати тоза касб намудааст. Дар ин равандҳои номатлуби ҷаҳонӣ нақши ҳалкунандаро иттилоот мебозад ва асоси иттилоотро фарҳанг ташкил медиҳад.
Мо метавонем бо пайравӣ ба Пешвои муаззами миллат бо инъикоси дурусти фарҳанги шашҳазорсолаи миллати тоҷик ба яке аз абарқудратҳои фарҳангии дунё табдил ёбем. Имкон ҳаст ки саросари олам пайрави фарҳанги ориёӣ гарданд, забони тоҷикӣ – форсӣ -дарӣ ба забони ҳикмат, илму фан ва навоварӣ, ба яке аз забонҳои байналхалқӣ табдил ёбад, он гоҳ ана ҳамин ҳолат ғалабаи мо дар ҷанги иттилоотӣ хоҳад буд.
Имрӯз имконияти нотакрор дар бобати инъикоси фарҳанги тоҷикӣ дар фазои иттилооти ҷаҳонӣ вуҷуд дошта метавон бори дигар бузургию ҳашамати Сомониёнро ҳамаҷиҳата барқарор созад ва ҷаҳонӣ гардидани “Наврӯз” исботи ин гуфтаҳост. Агар имрӯз ин имконият истифода бурда нашавад, фардо аз дидани ҷавононе ки бегонапарастӣ мекунанду барои фарҳанги бегонаҳо ба фидо шудаанд тайёранд ҳайрон шудан лозим нест, зеро дар ҷанги иттилоотӣ ҳолати “сулҳ” вуҷуд надорад, агар мо дар таблиғ кардан ғолиб нашавем, пас ҳатман мағлуб хоҳем шуд. Роҳи сеюм дар ин роҳ вуҷуд надорад.
Дар ҳамин асос таъсиси “маркази ҳифзи фазои маҷозии ҷумҳурии Тоҷикистон” (асосан интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ) бо мақсади корбарӣ ва равшаниандозӣ дар масъалаҳои мубрами ҷомеа пур намудани фазои холии ҷомеа бо маълумоти муфид мубориза бо наворҳое ки бо мақсади вайрон кардани фазои солим, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлатӣ паҳн шудаанд амри зарур аст. Методи кории ин марказ набояд хусусияти сензуравӣ- маҳкумкунӣ, балки марказ бояд уҳдадор бошад ки ба маълумотҳои зараррасон вокуниш карда, ҷавоби мушаххасу асоснок нашр намояд ва бо ҳамин роҳ мафкураи миллатро аз тахайюли бегона наҷот диҳад.
Ташкили чунин марказ имкон медиҳад ки пайравони равияҳои бегонапараст ва ҷиноятҳое ки дар натиҷаи гумроҳии идеологӣ ба вуҷуд меоянд (эктремизм ва терроризм) ба таври назаррас кам карда шаванд ё бо пуррагӣ аз байн бурда шавад, дар натиҷа ҷавонон на аз руи тарс аз роҳҳои хато дасткашӣ мекунанд, балки бо истифода аз маълумоти алтернативӣ пешниҳоднамудаи ин марказ худашон ба сари интихоби дуруст меоянд.
Марказ метавонад дар оянда ҳаёти ҳазорон нафарро аз ифлосшавии мафкуравӣ ва маҳбусӣ наҷот диҳад.
Саъдӣ Абдулазиз-
донишҷӯи бахши 4 факултаи сиёсатшиносии ДДҲБСТ