ДДҲБСТ: Баргузории маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии адабию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон
10 октябри соли 2026 ба ифтихори гиромидошти санаи фархунда – Рӯзи омӯзгорон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ таҳти унвони «Ҳаққи устод аз падар беш аст” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ ва аҳли ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар оғоз, ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода тамоми устодону омӯзгоронро бо иди касбиашон шодбош намуда, зикр дошт, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илм аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, барои рушди он тадбирҳои пайваста амалӣ мегарданд. Таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таҳкими заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, рушди таҳқиқоти илмӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа равона гардидааст. Афзоиши музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти касбӣ ва таваҷҷуҳ ба масъалаи таҳкими мақоми ҳуқуқию иҷтимоии омӯзгор аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим дар ин самт мебошанд.
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар омода намудани мутахассисони соҳибкасб, рушди илм ва тарбияи ҷавонони донишманду ватандӯст саҳми арзандаи худро мегузорад. Ифтихори мо аз он аст, ки дар Донишгоҳ ҳайати омӯзгории соҳибтаҷриба, олимони варзида, муҳаққиқони ҷавон ва омӯзгорони ташаббускор фаъолият менамоянд. Ҳамкории насли таҷрибадори омӯзгорон бо ҷавонони эҷодкор барои идомаи анъанаҳои неки илмиву омӯзгорӣ ва рушди иқтидори зеҳнии муассиса заминаи мусоид фароҳам меорад. Бигзор дар ҷомеаи мо эҳтиром ба омӯзгор ҳамеша пойдор бошад, илму маърифат рушд ёбад ва насли ҷавон бо дониш, одоб, худшиносии миллӣ ва муҳаббат ба Ватан камол ёбад. Бигзор ҳар як омӯзгор самараи заҳмати худро дар комёбиҳои шогирдон, пешрафти ҷомеа ва ободии Тоҷикистони азиз бубинад, иброз намуд Шероз Мӯминзода.
Дар идома, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода баромад намуда, ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳро бо Иди касбиашон табрику таҳниятҳо гуфт ва зикр намуд, ки мақому манзалати омӯзгор дар ташаккули фарҳанги ниёгони мо ҳамеша бузург арзёбӣ гардида, ӯро тарбиятгари инсон, чароғи роҳнамо ба сӯйи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа ва саҳмгузори рушди неруи ақлонӣ номидаанд.
Дар қисми дигари маҷлиси тантанавӣ бахшида Рӯзи омӯзгорон як қатор кормандону устодон барои заҳматҳои содиқонаашон дар пешбурди фаъолияти илмиву таълимӣ бо нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаву Сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати Донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.
Барномаи хуби адабию фарҳангӣ, ки аз меҳнату заҳмати омӯзгорон шаҳодат медод, ба чорабинии тантанавӣ ҳусни анҷом бахшид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

























