ҚАДРШИНОСИИ КОРМАНДОНУ ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН
Ба муносибати Рӯзи омӯзгорон як қатор кормандону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф ва фаъолияти пурсамари меҳнатӣ қадршиносӣ шуданд.
Дар ин замина, ба онҳо унвонҳои соҳавӣ, ифтихорномаву сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, инчунин ифтихорномаву сипосномаҳои раёсати Донишгоҳ тақдим гардиданд. Ҳамзамон, ба кормандону омӯзгорон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа



























