Хизмати ҳарбӣ — мактаби ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ
Мутобиқи боби 2 моддаи 43 конститутсияи ҷумҳурии тоҷикистон, ҳифзи ватан, ҳимояи манфиати давлат таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст
Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат бузургтарин дастоварди таърихӣ ва заминаи асосии рушди давлатдорӣ мебошад. Ҳифзи истиқлол, тамомияти арзӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ бошад, масъулияти доимии давлат ва ҳар як шаҳрванди он ба шумор меравад. Дар ин раванд омодагии ҳарбӣ, таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳ ва тарбияи насли ҷавони ватандӯст аҳаммияти махсус пайдо мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва таъмини амнияти ҷомеа ба масъалаи тарбияи шаҳрвандони масъулиятшинос таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд. Дар чунин низоми арзишҳо хизмати ҳарбӣ танҳо як вазифаи хизматӣ набуда, ҷузъи муҳими фарҳанги шаҳрвандӣ, худшиносии миллӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷомеа мебошад. Ҳимояи Ватан аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ мебошад. Ҷавоне, ки ба хизмати ҳарбӣ меравад, бо адои ин вазифа дар назди давлат ва ҷомеа масъулияти муайяни худро иҷро мекунад. Маҳз ҳамин масъулиятшиносӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳими камолоти шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Хизмати ҳарбӣ ба ҷавон ҳисси интизом, тобоварӣ, масъулият, риояи тартибот, эҳтироми қонун ва ҳамдигарфаҳмиро меомӯзонад. Ин сифатҳо на танҳо барои фаъолияти ҳарбӣ, балки барои зиндагии минбаъдаи шаҳрвандӣ ва касбии инсон низ аҳаммияти муҳим доранд. Сиёсати давлатии ҷавонон ба ташаккули насли дорои ҷаҳонбинии солим, худшиносии миллӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ равона гардида, дар ин замина масъалаи омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими тарбияи шаҳрвандӣ арзёбӣ мешавад. Ҷавони имрӯз неруи иҷтимоии фардои кишвар аст. Аз ин рӯ, муносибати ӯ ба Ватан, қонун, давлат ва вазифаҳои шаҳрвандӣ дар муайян намудани мавқеи ӯ дар ҷомеа нақши муҳим дорад. Тарбияи ҷавононе, ки арзишҳои истиқлол ва давлатдориро дарк мекунанд ва барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ омодаанд, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи муосир мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди муҳими давлатдорӣ дар ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияти давлат нақши муҳим доранд. Қудрат ва омодагии низомии давлат бо сатҳи интизом, касбият, маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси масъулияти хизматчиёни ҳарбӣ пайванди мустақим дорад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба Артиши миллӣ бояд ҷузъи фарҳанги шаҳрвандии ҷомеа бошад. Хизматчии ҳарбӣ на танҳо либоси низомӣ ба бар мекунад, балки масъулияти ҳифзи манфиатҳои давлат, амнияти ҷомеа ва осоиштагии шаҳрвандонро ба уҳда дорад. Тарбияи ватандӯстӣ танҳо вазифаи як сохтор нест. Оила, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеа, сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷавонон дар ташаккули мавқеи шаҳрвандии насли наврас масъулияти муштарак доранд. Маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, шинохти таърихи давлатдорӣ, эҳтироми рамзҳои давлатӣ, арҷгузорӣ ба сулҳу субот ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ бояд аз синни наврасӣ ташаккул ёбанд. Зеро ватандӯстии воқеӣ на танҳо дар сухан, балки дар муносибати масъулона ба вазифаҳои шаҳрвандӣ ва омодагӣ барои саҳм гузоштан дар рушди ҷомеа таҷассум меёбад. Муҳити ҳарбӣ ба ҷавон меомӯзонад, ки манфиати шахсӣ бояд бо масъулияти шаҳрвандӣ ва манфиатҳои ҷомеа мутаносиб бошад. Ин раванд дар ташаккули интизоми шахсӣ, эҳтироми қонун, қобилияти қабули масъулият ва ҳамкории дастаҷамъона нақши назаррас дорад. Аз ин нигоҳ, хизмати ҳарбӣ метавонад ҳамчун мактаби муҳими камолоти иҷтимоӣ ва шаҳрвандии ҷавонон арзёбӣ гардад. Ҷавоне, ки масъулияти худро дар назди давлат дуруст дарк мекунад, баъд аз анҷоми хизмат метавонад дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ бо ҳисси баланди масъулият фаъолият намояд.: Давлатдорӣ танҳо фаъолияти мақомоти давлатӣ нест. Давлатдорӣ инчунин сатҳи масъулиятшиносии шаҳрвандон, эҳтироми қонун, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва омодагии онҳо барои иҷрои вазифаҳои шаҳрвандӣ мебошад. Аз ин рӯ, хизмати ҳарбӣ бояд дар заминаи эҳтиром ба қонун ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ ташаккул дода шавад. Ҷавон бояд дарк намояд, ки ҳимояи Ватан на танҳо як уҳдадории ҳуқуқӣ, балки масъулияти маънавӣ дар назди насли имрӯз ва фардои кишвар низ мебошад. Хулоса истиқлолият арзиши бузурги миллӣ буда, ҳифзи он масъулияти насл ба насл мебошад. Дар ин раванд Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва ҷавонон ҳамчун неруи ояндасоз мавқеи махсус доранд. Хизмати ҳарбӣ ҷавонро ба интизом, масъулият ва эҳтироми қонун ҳидоят намуда, дар ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ нақши муҳим мегузорад.
Ватанро танҳо бо сухан дӯст доштан кофӣ нест. Муҳаббат ба Ватан дар масъулият, садоқат, риояи қонун, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва омодагӣ ба ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа таҷассум меёбад. Зеро ҳифзи истиқлол, таҳкими давлатдорӣ, таъмини амният ва ҳифзи сулҳу субот масъулияти муштараки тамоми шаҳрвандон мебошад.
Аҳлиддин Умаров – донишҷӯи ДДҲБСТ