Самараи сиёсати забонгустарии Пешвои миллат дар замони соҳибистилолӣ
Масоили забону фарҳанг ҷузъи ҷудонопазир ва рукни муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, ба хотири рушду такомул бахшидани арзишҳои моддию маънавӣ ва гиромидошти рукнҳои муҳими давлатдорӣ пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.
Дар моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст», ки ин муқаррарот ба истиқлоли забонӣ таҳкурсии боэътимод гузошт. Бо ташаббус ва сиёсати забонгустарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди қабули Конститутсияи ҷумҳурии соҳибистиқлоламон забони миллӣ дар қатори паҳлўҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рушду такомул меёбад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо амалӣ шудани сиёсати миллии забонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи танзим ва ба тартиб даровардани забони адабии тоҷикӣ корҳои назаррас ба анҷом расидаанд.
Санаи 5 октябри соли 2009 бо тағйироту иловаҳо аз нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди амал қарор гирифтани Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудани «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» аз 30 июни соли 2021, № 268, таъсис додани Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили комиссияи давлатии татбиқи Қонуни забон нақши Истиқлоли давлатиро дар густариши забони давлатӣ инъикос мекунад. Мавриди амал қарор гирифтани ин санадҳои муҳими давлатӣ ба аҳли ҷомеа бори дигар истиқлоли забон ва мақоми давлатӣ ёфтани онро таъкид мекунад. Рўзи забони давлатӣ ҳамчун ҷашни умумимилӣ ва рамзи худшиносию худогоҳӣ ҳамасола дар сатҳи шоиста таҷлил гардида, дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навин ва ояндаи пурсаодати он пойдор ва ҷовидон монда, ифодагари сиёсати маънавибунёди Сарвари давлат ва нишони садоқату арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ арзёбӣ мешавад.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ дар раванди рушду такомули забони тоҷикӣ даврони наве падид омад. Дар чорабиниҳои сиёсӣ ва илмию фарҳангӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар миқёси байналмилалӣ забони тоҷикӣ ба сифати забони миллӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифодаи комил қарор гирифт. Забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ – сохторҳои давлатию ҳукуматӣ, истеҳсолоту иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дигар ниҳодҳои ҷомеа мавқеи забони расмии коргузориро ба даст овард ва нақши худро дар иҷрои вазифаҳои иҷтимоӣ низ устувор намуд.
Забони тоҷикӣ ба забони асосии раванди таҳсил дар зинаҳои гуногуни илму маориф ва воситаҳои ахбори омма мубаддал гардид. Истифодаи самарабахши забони давлатӣ дар тамоми зинаҳои соҳаи маориф имкон медиҳад, ки забони мо ҳам дар сатҳи таълим ва ҳам дар сатҳи илмӣ густариш пайдо кунад, чунки таҳияи садҳо ҳазор китобу воситаҳои таълимӣ бо забони давлатӣ, ҳамгунсозии истилоҳоти истифодашаванда дар ин воситаҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки забони илмии тоҷикӣ ҳам дар бахши илмҳои иҷтимоӣ ва ҳам дар бахши илмҳои дақиқ поягузорӣ шавад.
Дар тамоми ҷамъомад, сўҳбат ва мулоқотҳое, ки дар сатҳи роҳбарияти кишвар доир мегардад, масоили забон дар маркази таваҷҷўҳ қарор мегирад. Асари Эмомалӣ Раҳмон “Маориф омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат аст” асарест, ки маҷмуи мақола, сўҳбатҳо ва суханрониҳо зимни ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ, таҷлили ҷашнҳои миллӣ, мулоқот бо қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон, зиёиён, донишҷўён ва омўзгоронро давоми соҳои 1993-2006 дар бар мегирад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз дар маросими таҷлили Рўзи забон моҳи июни соли 1996 зикр карда буданд: «Имрўз ба касе пинҳон нест, ки забони давлатӣ мақоми устувор гирифтааст ва ба он ҳеҷ чиз таҳдид намекунад. Фақат кўшишу ҳиммат зарур аст, ки масъалаҳои умдаи забоншиносӣ, нашри китобҳои дарсии муосир, луғатҳои тафсирӣ ва луғатҳои забонҳои хориҷиро ба роҳ монем. Масъалаи таҳия ва ба тасвиб расонидани қоидаҳои имлои хуби забони адабии давлатӣ низ аз масъалаҳои хеле муҳим ба шумор меравад» Дар мулоқот бо кормандони соҳаи маориф моҳи декабри соли 2005 зикр кардаанд: “Мо бояд кўшиш намоем, ки наврасону ҷавонони мо пеш аз ҳама забони шевои тоҷикиро, ки нишони ҳастии миллат аст, аз худ кунанд, истифодаи онро дар тамоми давраҳои фаъолияти худ озодона таъмин карда тавонанд ва ба густариши забони давлатию тафаккури миллӣ ҳукмрон гардидани он мусоидат намоянд”
Мулоқоти Президенти кишвар бо зиёиёни тоҷик, ки қариб ҳамасола дар арафаи ҷашни Наврўз ба вуқўъ мепайвандад масъалаҳои умдаи забонро дар бар мегирад: «Забон хишти аввалини кохи миллат буда, яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ мебошад. Мо пеш аз ҳама барои рушди солими забони давлатӣ, тамоми тадбирҳоро меандешем» Пешвои миллат ташаккули фарҳанги миллӣ, аҳамияти қабули Қонуни забонро манбаи муҳим баҳри густариши забони миллӣ ҳисобида афзудаанд: «Истиқлолияти фарҳангии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир ба назари ман аз кўшишу талошҳои зиёиёни равшанзамир ва аҳли ҷомеа баҳри истиқлолияти забон ва мақоми давлатӣ ёфтани он оғоз ёфт» (9, 312).
Инчунин дар вохурӣ бо зиёиёни кишвар таъкид шудааст: «…ба масъалаи забон ва паҳлўҳои гуногуни он муфассал таваққуф кардани ман бесабаб нест. Зеро забон калиди дониш ва маърифат аст».
Дар маҷмӯъ, дар ҳар як саҳифаи асари “Маориф омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат аст” нигоҳи Сарвари давлат ба масоили забони давлатӣ равона шуда, нишонгари пуштибонию ҳомигиашон нисбати ҳифзу гиромидошти унсури муқаддасамон маҳсуб меёбад.
Аз ҷумла дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби дуюм. Аз Ориён то Сомониён» зикр менамояд: «Вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо истиқлолияти давлатамонро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавонро дар рўҳияи ватандўстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудан аст»
Асари пурарзиши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат-ҳастии миллат» пешоҳангиву пуштибонии ин сиёсатмадори абарқудратро роҷеъ ба мақоми таърихии забони тоҷикӣ барҷаста ифода кардааст. Асари мазкур дар баробари инъикоси таърихи ҳифзи Ватан ва муқаддасоти миллиамон аз ҷониби ниёгон, шебу фарозҳои он дар масири зуҳуру густариш ва зарфиятҳои фароху фарогири забони тоҷикӣ саршори муҳаббати самимии муаллиф ба забон ва соҳибони он мебошад. Муаллиф чунин таъкид намудаанд: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад». Асари мазкур бузургтарин сарчашмаҳои таърихию тамаддуни тоҷиконро фаро мегирад ва бо асоснокии илмӣ исбот карда шудааст, ки замоне истифодаи ин ё он забон дар ягон соҳа ё ришта маҳдуд мешавад, ҳамон дам ин вазъият ба такомули он таъсир расонда, дар ҳамон ришта ҷои онро забони дигар ишғол менамояд. Бинобар ин, Сарвари давлат пайваста омўзиши дурри гаронбаҳои миллатро бо ин забони ноб таъкид дошта, риояи меъёр ва поку бегазанд маҳфуз доштани забони давлатиро вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди баору номус меҳисобанд ва бегазанд ба дасти насли оянда ба мерос мондани ин арзиши миллиро таъкид медоранд. Интиқоли таҷриба ва донишҳои ниёгонро ба воситаи забон асоси бақои миллат, рушду такомули ҷомеа, илму фарҳанг ва маориф ҳисобида, Сарвари давлат зикр мекунанд: «Умри миллат ба умри забон вобаста аст».
“Мехоҳам хотирнишон созам, ки омӯхтани забон ва равону суфта шудани он танҳо ба шарофати мутолиаи китоб муяссар мешавад” таъкид кардаанд Сарвари давлат. Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” аз 14-уми феврали соли 2019 интишор ёфт, ки ҳадаф аз ин падида пос доштани рисолати неки гузаштагон ва тавассути осори гаронмояи гузаштагону муосир бо фарҳангу забони устувори миллӣ ба мерос гузоштани ояндаи босуботи кишвар ба наслҳои оянда мебошад. Дар сиёсати забонии Президенти кишвар амалӣ намудани ин ҳадаф аз оғози давлатдорӣ ба миён омада, ба таври ҳамешагӣ талош меварзанд ва таъкид кардаанд: “Фарде, ки аз сарчашмаи суннатҳои аҷдодӣ ғизо намегирад, аз фарҳанги қадимаву ғаноманди гузаштагон баҳравар намегардад, ба қадри забони шевои модарӣ, адабиёти чандинҳазорсола, таърихи бою пурифтихор ва Ватани тамаддунпарвари аҷдодӣ намерасад, чун дарахтест, ки аз решаҳои ҳаётбахш канда шудааст”.
Чунончи аз ҷараёни таърихии таҳаввули забони тоҷикӣ бармеояд, дар рафти ташаккули халқи тоҷик ва инкишофи забони он ду раванди ба ҳам марбутро мушоҳида кардан мумкин аст: аз як тараф, забон ва воҳидҳои луғавии он барои инкишофи фарҳанги суннатии тоҷик мусоидат карда бошад, аз тарафи дигар, инкишофи фарҳанг боиси тавсеа ва ғановати забони тоҷикӣ, бахусус, таркиби луғавӣ ва низоми истилоҳоти он гардидааст. Бо мақсади рангу ҷило бахшидани забони адабиёт, илм ва матбуоти тоҷик, инкишофу такомул ва тағйиру таҳаввул, пайдоиши мафҳумҳои наву тоза бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бо фарогири таркибҳои забони тоҷикии давраи классикӣ ва муосир китоби дуҷилдаи “Фарҳанги забони тоҷикӣ” таҳия гардид. Таваҷҷўҳи беандозаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси таҳия ва чопи чунин фарҳанги аз лиҳози сохтор мукаммал, барои истифодаи доираи васеи хонандагон гардид ва Пешвои миллат бо самимият таъкид кардаанд: “Бигзор ин фарҳанги ҷомеа ҳамчун мероси азизи гузаштагони мо дастраси ҳар хонадони тоҷик ва китоби рўимизии ҳар фарди бо нангу номуси миллат бошад”
Забони тоҷикӣ дар муттаҳид сохтани тоҷикони ҷаҳон низ нақши муассир мегузорад. Ин ҳама падидаҳои соҳибистиқлолӣ аст, ки имконият фароҳам овард забони тоҷикӣ қавитар ва таҳқиқу омӯзиши он осонтар гардад.
Умуман, дар сиёсати забонгустарии Пешвои миллат дар савияи баланд омўхтани забони давлатӣ – омили муҳими устувории давлат, сулҳу осоиштагӣ, пешравии истеҳсолот ва ташкили зиндагии шоста маҳсуб меёбад.
Имрӯз забони мо вориди марҳалаи сифатан нави инкишофи худ гардидааст. Ин ҳолат моро ба андешидани иқдомоти нав дар ҷодаи рушди минбаъда ва ҳамоҳангсозии он бо раванди ҷаҳонишавии иттилооту захираҳои иттилоотӣ водор месозад. Мо бояд дар чунин шароит кӯшиш кунем, ки рисолати забони худро ҳифз намуда, ҷараёни табиии инкишофи онро таъмин намоем.
Дар сиёсати забонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забон яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳастии миллат, ҳофизи таърих ва воситаи пайванди наслҳо мебошад. Мавқеи Сарвари давлат дар роҳи рушду эҳтироми забони модарӣ аз оғоз устувор буда, насли имрӯзу ояндаи ин забони нобу тавоноро ба ҳифзи покизагӣ ва рушду такомули ҳамаҷонибаи он чун забони коргузории давлатӣ, фарҳанг ва илму техникаи муосир ҳидоят менамояд. Пешвои миллат дар шароити нави таърихӣ ва рушду нумўи босуръату тағйирёбандаи муносибатҳои иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ҷамъиятию ҳуқуқӣ бо воситаю омилҳои маъмулу пазируфташуда –забон, мерос, ҳуввият ва асолати миллати худ таҳкурсии мустаҳками ояндаи дурахшони ҷомеаи навини тоҷиконро бунёд карданд. Бо шарофати Истиқлоли давлати таҳти сиёсати хирадмандона ва заҳматҳои бесобиқаи Роҳбарияти олии мамлакат имрўз забони тоҷикӣ ба ҳайси баёнгари ҳастии дирўз, имрўз ва фардои мо, бузургтарин василаи фарҳангу тамаддунофаринӣ, баёнгари ҷаҳони маънавӣ ва пайвандгари миллатҳо рисолати хешро иҷро менамояд.
Дар маҷмуъ, таҳаввулоту тағйироте, ки дар роҳи рушди забони миллӣ бо шарофати Истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати забонгустарии Пешвои миллат дар забони миллии мо ба вуҷуд омадаанд, хеле бунёдӣ ва сарнавиштсоз буда, метавон чунин натиҷагирӣ кард: забони тоҷикӣ ба сифати забони расмию давлатӣ дар паноҳи давлат қарор гирифт ва дар ҳамаи идораю вазорат ва ташкилоту муассисаҳои кишвар, қатъи назар аз шакли моликияташон ҷойгоҳи хосро касб намуд; муносибати аҳли ҷомеа ба забони тоҷикӣ тағйир ёфт ва бетафовутӣ нисбат ба ин забон комилан аз байн рафт; забони таълифи асарҳои бадеӣ, забони матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма беҳтар гардид; номҳои аслии таърихию ҷуғрофӣ дубора эҳё гардиданд, ки дар роҳи таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ аҳаммияти бузург дорад; забони тоҷикӣ ба сифати забони артиш ва неруҳои мусаллаҳи мамлакат пазируфта шуд; забони тоҷикӣ дар мамлакат забони илм эълон гардида, дифои рисолаҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуданд; китобҳои дуҷилдаи “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ва Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” таҳия гардиданд.
Абулқосими Фирдавсӣ бо ҳисси баланди миллӣ, соданигорию равонӣ ва оммафаҳмию сухани пурҷазоб бо эҷоди асари «Шоҳнома»-и безаволаш забони тоҷикиро ба курсии заррин нишонд. Ибни Ямин чунин ишора мекунад:
Сиккае, к-андар сухан Фирдавсии Тӯсӣ нишонд,
То напиндорӣ, ки кас аз зумраи фурсӣ нишонд
«Аввал аз болои курсӣ бар замин омад сухан,
Ў суханро боз боло бурду бар курсӣ нишонд».
Дар такя ба ин гуфтаҳо, имрӯз ҳар як соҳибзамону соҳибзабонро зарур аст, ки ба ҳифзу нигаҳдошт ва рушду таҳкими забони миллиамон ба сифати бинои ҳастии миллат муносибати самимонаю содиқона дошта бошем, то ин дурри гаронбаҳо доимӣ воломақом бошад.
Ҳакимова Башорат Наимовна –
дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷик