ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ – НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН

Боиси шарафмандист, ки имрӯзҳо халқи шарифи Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот, солиму созанда ва шукуфоиву пешрафт баҳри бо дастовардҳои шоиста таҷлил намудани соли барои халқу миллат таърихӣ –35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Торҷикистон сарбаландона саъю талош доранд. Мояи сарфарозист, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона, азму иродаи қавӣ ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои имрӯзу фардои пурсаодати Тоҷикистон, фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар Ватани маҳбубамон пойдор аст.
Мо аз таърихи Тоҷикистони навин медонем, пас аз соҳибистиқлол гардидан, Тоҷикистон, ки мебоист роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро пеш мегирифт, бо таъсири омилҳои иртиҷоӣ ба коми муноқишаҳои шадиди сиёсӣ кашида шуд, ҷанги шаҳрвандӣ кишварро фаро гирифта, хатари парокандагии миллат ва давлат ба миён омада буд. Ҷомеа ба бӯҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гирифтор шуда буд. Воқеан он рӯзҳоро ҳамчун вазъи беҳокимиятӣ шарҳ додан мумкин буд, зеро пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатӣ фалаҷ гардида, дар мамлакат низоми ягонаи идоракунӣ мавҷуд набуд. Гурӯҳҳои мухталиф бо ҳар роҳу восита мехостанд сохти конститутсиониро тағйир дода, бо роҳи ғасби ҳокимияту зӯрӣ ба сари қудрат оянд. Дар чунин марҳилаи ҳассос ва тақдирсоз, халқу миллати тоҷик ба Сарвари пурҷасорат, боазму ирода, созанда, адолатпеша ва дилсӯзу ғамхори халқу миллат, сарвари хирадманде, ки дар муттаҳидсозии аҳли ҷомеа ва пешбурди соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷойгоҳ ва нақши муайянкунандаву таъсиргузор дошта бошад, эҳтиёҷ пайдо кард.
Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар қасри маданияти “Арбоб”и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид ва чун иҷлосияи наҷотбахши миллат ва сароғози таърихи навини Тоҷикистон эътироф гардидааст, имрӯзу ояндаи миллати моро дар марҳилаи эҳёи давлатдории миллиамон муайян сохт, самтҳои асосии сиёсати сулҳу оштӣ, ваҳдати миллӣ ва давлатсозиву давлатдориро муайян намуд ва муваққатан, то ба эътидол овардани вазъият, идоракунии парламентиро ҷорӣ намуд. Маҳз дар Иҷлосияи ХУ1 вакилони мардумӣ фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олӣ – Сарвари давлат интихоб намуданд ва лаҳзаи аз ҷониби Сарвари тозаинтихоби миллат бӯсидану ба рӯи дида молидани парчами тозақабули давлатамон фаромӯшнопазир аст.
Халқи шарифи Тоҷикистон, ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ, тавассути иштироки бевосита дар маъракаҳои интихоботи Президенти мамлакат (солҳои 1994, 1999, 2006, 2013, 2020) ва додани раъйи эътимод ба фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарнавишти фардои дурахшони худ ва сарзамини Тоҷикистонро муайян намуд ва бо ин интихоби худ хато накард.
Дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бунёдкориву созандагӣ, ҳалли худро ёфтани масоили муҳими тақдирсози кишвар бори дигар қудрату қобилият, азму иродаи қавии Пешвои муаззами миллатро дар амалӣ намудани мақсадҳои наҷиб дар роҳи шукуфоиву пешрафти мамлакат собит менамояд.
Нуктаи муҳим он аст, ки меҳвари асосии фаъолияту мавқеъгирии муҳтарам Пешвои миллатро ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ташкил медиҳад, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистонро бе амалисозии ин ҳадафҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар ин самт таъмиру азнавсозии шоҳроҳҳо, сохтмони нақбу пулҳо ва хатҳои роҳи оҳан, сохта ба истифода додани ду агрегати аввали иншооти бузурги аср – нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва даҳҳо нерӯгоҳҳои хурду миёна, ташвиқу тарғиби истифодаи оқилонаи замину об, ба роҳ мондани кишти такрорӣ, рушди боғу токпарварӣ ва бисёр дигар иқдомоти муассирро метавон мисол овард.
Инҷо мехоҳам иқдомоти Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти арҷгузорӣ ба модар ва баланд бардоштани мақом ва манзалати занон дар ҷомеа, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ба шумор меравад, махсусан таъкид намоям. Боиси қаноатмандист, ки барои таҳкиму тақвияти нақши модарон ва занон дар ҷомеа, баланд бардоштани мавқеъ ва эътибор, шаъну шарафи занон, ҷалби занон ба идоракунии давлатӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби занону духтарон, маърифатнокӣ ва ҳунаромўзии онон, ташкили ҷойҳои корӣ, ҷалби занон ба фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои оқилонаву ҳадафманд андешида шуданд.
Бо камоли ифтихору сарфарозӣ метавон изҳор намуд, ки халқу миллати саодатманди тоҷик дар симои Пешвои муаззами худ пеш аз ҳама наҷотбахши миллат, бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, абармарди сиёсати ҷаҳонӣ, пуштибони мардум, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзӣ, муаррифгари таъриху тамаддуни ниёгон, эҳёгари арзишҳои милливу фарҳангӣ, зиндакунандаи номи қаҳрамонони халқи тоҷик ва болотар аз ҳама амалисозандаи орзуву омоли худ – Пешвои миллиро ёфтааст ва мо эътимоди комил дорем, ки маҳз сиёсати хирадмандона, инсондӯсона ва миллатсози Пешвои муаззами миллат, ки ба манфиати ҳар як фарди тоҷику Тоҷикистонӣ аст, фақат барои ободонӣ, некӯаҳволӣ ва таъмини шароити шоистаи зиндагӣ барои ҳар як сокини мамлакат, таҳкими давлати соҳибистиқлолу куҳанбунёд равона шудааст, Тоҷикистони азизамонро ба ояндаи дурахшон раҳнамоӣ менамояд.
Кулли ҳамватанони азизро бо ҷашни муқаддаси миллӣ – 35 – умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, барояшон сиҳатмандиву саодатмандӣ ва барои Тоҷикистони азизамон осмони софу беғубор ва пешрафту шукуфоиро таманно менамоям.

Назира ҒАФФОРӢ, Ходими давлативу ҷамъиятӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати чорум) профессори ДДҲБСТ

You might also like