Эълон!
Ба таваҷҷӯҳи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ расонида мешавад, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мувофика бо Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон санаи 22 феврали соли равон рӯзи «Дарҳои кушод»-ро баргузор менамояд.
Дар доираи чорабинии рӯзи «Дарҳои кушод» озмуни ҷумҳуриявии «Хатмкунандагони болаёқат» доир карда мешавад. Муҳимияти озмуни мазкур дар он аст, ки довталабон дониши худро аз рӯи намунаи саволномаҳои санҷишии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешакӣ месанҷанд.
Хатмкунандагони минтақаҳои дурдасти мамлакат дар озмуни «Хатмкунандагони болаёқат», метавонанд тариқи интернет-онлайн-тест бо воридшавӣ ба сомонаи СКАРТ. TSULBP.TJ иштирок намоянд.
Ғолибон бо компютерҳои фардӣ ва дигар тӯҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ сарфароз мегарданд.
Марҳамат ба рӯзи Дарҳои кушод ва озмуни «Хатмкунандагони болаёқат» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон !