Рушди сайёҳии байналмилалӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол
...Ибтидои асри XXI барои мамлакати мо баробари пешрафти истеҳсолот ва коркарди захираҳои зеризаминӣ асри инкишофи сайёҳӣ хоҳад гардид. Эмомалӣ Раҳмон
Мусаллам аст, ки соҳаи сайёҳӣ комплекси бисёрсоҳа ва сердаромад мебошад, ки ҷараёни таъмини аҳолии қобили меҳнат бо ҷойи кор ва вазъи некўаҳволии мардумро ба танзим медарорад. Он яке аз соҳаҳои тезинкишофёбандаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, дар рақобат бо соҳаҳои дигари иқтисодиёти ҷаҳонӣ – нафту газ ва автомобилсозӣ рушд меёбад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи инкишоф додани соҳаи сайёҳӣ яке аз ҷузъҳои муҳимми сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат мебошад, ки вазифаҳои он ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва субъектони бозори он бо мақсади такомули шаклҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва тавассути он то як андоза мустаҳкам гардонидани мавқеи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равонаанд. Чунончӣ, бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд. Зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 22 декабри соли 2017 сарвари давлат қайд намуданд, ки «шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имкониятҳои беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад».
Сайёҳӣ соҳаест, ки дар тамоми ҷаҳон тез ташаккул меёбад. Сайёҳӣ бизнеси зуд рўйпўшшаванда ва фоидаовар буда, он дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон бомуваффақият густариш ёфта истодааст. Аз ин лиҳоз ба омўзиш ва ташкили он дар замони муосир аз ҷониби мутахассисон ва соҳибкорон аҳамияти хоса дода мешавад. Ба гуфти иқтисоддони рус Биржаков М.Б. «вақти омўзиши сайёҳӣ, вақти шуѓли сайёҳӣ, вақти гирифтани даромад аз сайёҳӣ расидааст».
Бозори сайёҳӣ соҳаи ниҳоят муҳими хизматрасонӣ мебошад, ки дар он муомилот оид ба воридоту содироти сайёҳӣ ба амал бароварда мешаванд.
Густариши сайёҳӣ барои кишвари мо як қатор афзалият дорад:
– воридшавии селаи пулӣ, аз ҷумла асъори хориҷӣ ба минтақа меафзояд;
– маҳсулоти умумимиллӣ зиёд мегардад;
– ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд;
– шароитҳо барои истироҳат беҳ гардонида мешаванд, кадоме ки ҳам аз тарафи сайёҳон ва ҳам аз тарафи аҳолии маҳаллӣ истифода бурда мешаванд;
– сармоя, аз ҷумла сармояи хориҷӣ ҷалб карда мешавад.
Шиддатнок гардидани рақобат ва афзуншавии талаботи мизоҷон ба хизматрасонии сайёҳӣ ба он оварда расонидааст, ки миқдори зиёди муассисаҳои дар ин соҳа фаъолиятбаранда ба маркетинг рў овардаанд, бо мақсади мутобиқат кардан ба муҳити беруна ва баҳри ба даст даровардани ѓолибият дар муборизаи рақибӣ нақшаҳои дурнамои маркетингӣ коркард намудаанд.
Инкишофи бозори сайёҳӣ дар бисёр мавридҳо бо истифодабарии усулҳои маркетинг, ташкили фаъолияти корхона, кадоме ки дар омўзиши
ҳамаҷонибаи бозор ва талабот асос меёбад, шарт дода мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои пурқуввату рақобатпазири сайёҳӣ дошта, дар фазои сайёҳии ҷаҳонӣ метавонад мақоми устуворро касб кунад. Ин имкониятҳо дар симои фарҳанги анъанавии миллӣ, таърих, муҳити экологии ҳифзшуда, табиати зебою нотакрор, иқлими мусоид таҷассум меёбад. Фазои саёҳии кишвари моро зебогии табиати нотакрор аз қабили кўлҳои қуҳӣ – Искандаркўл, Зоркўл, Рангкўл, Сарез, обанборҳои Нораку Қайроққум, офаридаҳои табиат – Чилдухтарон, Чилучорчашма, Қуллаҳои Помир, кўҳҳои Фон, чашмаҳои шифобахш, ки шумораашон зиёда аз 200-торо ташкил медиҳад, мамнўъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ, шаҳри зебои қадима – Истаравшан, Кўлоб, Панҷакент, Хуҷанд ва амсоли инҳо ташкил медиҳанд.
Дар ҳоли мавҷуд будани инфрасохтори созгори сайёҳӣ ва шароитҳои ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад аз ҳисоби сайёҳӣ бо ҷалб намудани наздики 2 млн. сайёҳ дар як сол то 400-500 млн. доллари амрикоӣ ба буҷети давлат даромади соф ворид созад.
Солҳои охир дар мамлакат ба рушди сайёҳӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бои сайёҳӣ дар намоишгоҳи байналмиллалии ITB Berlin – чорабинии бонуфузи сайёҳии умумиҷаҳонӣ, ки аз соли 1966 инҷониб фаъолият менамояд, гувоҳи қадамҳои устувор дар роҳи манзалат пайдо намудан дар сайёҳии байналмиллалӣ мебошад.
Таҳлили ҳолати имрўзаи сайёҳии воридотӣ ва дохилӣ шаҳодат медиҳад, ки суръати рушди соҳа дар мамлакат ҳам аз нигоҳи сифат ва ҳам аз нигоҳи шумора начандон қаноатбахш аст.
Тадбирҳои андешидаи ҳукумати мамлакат оид ба такмили инфрасохтори сайёҳӣ ва ба меъёрҳои байналмиллалӣ мувофиқ сохтани муассисаву ташкилотҳои марбут ба соҳа, эҳёи фарҳанги асил дар симои анъанаҳо ва урфу одат, ҷашну маросимҳои миллӣ, муҳити миллӣ, инчунин маблаѓгузориҳои иловагӣ ба соҳа гувоҳи он аст, ки ояндаи наздик Тоҷикистон мақоми воқеии худро дар фазои сайёҳии байналмилалӣ касб хоҳад намуд. Ҳамзамон, рушди батадриҷи сайёҳӣ ва мақоми воқеӣ пайдо намудани Тоҷикистон дар фазои сайёҳии байналмиллалӣ аз омилҳо ва ҳалли баъзе мушкилот вобастагӣ дорад.
Алиҷонова Сурайё Абдушукуровна
д.и.и., дотсенти кафедраи назарияи иқтисодӣ