Илму дониш василаи муҳимми маҳви хурофоту бегонапарастӣ

Дар Дар тӯли таърихи инсоният, ҷомеаҳо ҳамеша байни ду нерӯ қарор доштанд: нерӯи равшангарии илм ва нерӯи торикии ҷаҳолат. Ҳар қадар ки инсон ба кашфи ҳақиқат, ба фаҳмиши қонунҳои табиат ва ҷомеа наздиктар мешавад, ҳамон андоза аз хурофот, таассуб ва бегонапарастӣ дур мегардад. Аз ин рӯ, метавон бо итминон гуфт, ки илму дониш на танҳо воситаи пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ, балки муҳимтарин абзори мубориза бо хурофот ва нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ мебошад.
Пеш аз ҳама, бояд фаҳмид, ки хурофот чист. Хурофот ҷамъи бовару эътиқодҳое мебошад, ки асоси илмӣ надоранд ва аксаран бар пояи тарс, ноогоҳӣ ва ё анъанаҳои беасос ба вуҷуд омадаанд. Масалан, бовар кардан ба таъсири нерӯҳои ғайримоддӣ ба сарнавишти инсон, ё пайравӣ аз расму оинҳое, ки ба манфиати инсон нестанд, намунаи равшани хурофотанд.
Бегонапарастӣ бошад, як навъ аз худ бегона шудан ва арзишҳои бегонагонро болотар аз фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ донистан аст. Ин падида бештар дар ҳолатҳое пайдо мешавад, ки инсон аз таъриху фарҳанги худ огоҳии кофӣ надорад ва ба осонӣ таҳти таъсири фарҳангҳои бегона қарор мегирад.
Ҳардуи ин падидаҳо хурофот ва бегонапарастӣ барои рушди ҷомеа хатарноканд. Онҳо метавонанд тафаккури солимро заиф гардонанд, пешрафти илмиро боздоранд ва ҳатто ба аз даст рафтани ҳувияти миллӣ оварда расонанд.
Илм ва дониш инсонро ба андешаи мантиқӣ ва таҳлилӣ водор месозанд. Шахсе, ки дониш дорад, ҳар як воқеаро бо ақл ва далел арзёбӣ мекунад, на бо эҳсос ва боварҳои ноогоҳонаву сатҳӣ.
Илму дониш инсонро озод мекунад озод аз тарс, озод аз ҷаҳолат ва озод аз вобастагӣ ба андешаҳои беасос. Ин озодӣ ба инсон имкон медиҳад, ки мустақилона фикр кунад ва қарорҳои дуруст қабул намояд.
Илова бар ин, дониш ҳисси худшиносиро тақвият медиҳад. Шахсе, ки таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии худро медонад, ба бегонапарастӣ камтар гирифтор мешавад. Ӯ метавонад беҳтарин унсурҳои фарҳангҳои дигарро қабул кунад, аммо ҳувияти худро аз даст намедиҳад.
Яке аз вазифаҳои асосии илм фаҳмондани сабабу натиҷаи падидаҳост. Ҳар гоҳ ки инсон сабаби воқеии як падидаро дарк мекунад, дигар барои тавзеҳи он ба хурофот рӯ намеорад. Барои маҳви хурофот лозим аст, ки омӯзиши пайваста, азхуд кардани илму дониш дар ҷомеа ба таври васеъ рушд ёбад, махсусан дар байни ҷавонон.
… В-он кас, ки ба лавҳу хат напардохт,
Ҳагиз сияҳ аз сафед нашнохт.
ВАО, мактаб ва донишгоҳҳо метавонанд дар ин самт нақши калидӣ бозанд. Тарғиби тафаккури илмӣ, омӯзиши фанҳои табиӣ ва иҷтимоӣ, ва ташаккули малакаҳои таҳлилӣ метавонад ҷомеаро аз таъсири хурофот эмин дорад.
Дар ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат идома доранд, бегонапарастӣ бештар ба назар мерасад. Ҷавонон аксаран зери таъсири фарҳангҳои хориҷӣ қарор мегиранд ва баъзан арзишҳои миллии худро нодида мегиранд. Аммо илму дониш метавонад ин равандро ба таври мусбат танзим кунад. Агар инсон донишманд бошад, ӯ метавонад фарқ кунад, ки кадом унсурҳои фарҳанги дигар муфиданд ва кадомашон не. Ӯ кӯр-кӯронаву ноогоҳона пайравӣ намекунад, балки бо дарназардошти манфиатҳои худ ва ҷомеа интихоб мекунад.
Омӯзиши таърих ва адабиёти миллӣ дар ин самт хеле муҳим аст. Ин фанҳо ҳисси ифтихор аз миллат ва фарҳангро бедор мекунанд ва инсонро аз бегонапарастӣ ҳифз менамоянд.
Гарчанде ки мактаб ва Донишгоҳ муҳиманд, нақши оила дар ташаккули ҷаҳонбинии инсон аз ҳама бештар аст. Агар дар оила муҳити донишомӯзӣ ва эҳтиром ба илм вуҷуд дошта бошад, кӯдак аз хурдӣ ба тафаккури солим одат мекунад.
Падару модар бояд фарзандонро ба хондан, таҳсил ва савол додан ташвиқ намоянд. Онҳо бояд худ намунаи ибрат бошанд шахсоне, ки ба хурофот бовар намекунанд ва қарорҳои худро бар асоси мантиқ қабул мекунанд.
Ҷомеа низ бояд арзиши илм ва донишро баланд бардорад. Қадршиносӣ аз олимон, омӯзгорон ва донишмандон метавонад ҷавононро ба роҳи илмомӯзӣ ҳидоят кунад. Бо вуҷуди аҳамияти бузурги илм, дар баъзе ҷомеаҳо ҳанӯз ҳам хурофот ва таассуб мавқеи қавӣ доранд.
Баъзан ҳатто шахсони маълумотдор низ метавонанд ба баъзе хурофот бовар кунанд, агар тафаккури интиқодии онҳо ба қадри кофӣ рушд наёфта бошад. Аз ин рӯ, танҳо гирифтани маълумот кофӣ нест, муҳим аст, ки инсон тавонад онро таҳлил ва дуруст истифода барад.
Илму дониш дар ҳамаи давру замонҳо ҳамчун нерӯи равшангар ва воситаи асосии мубориза бар зидди хурофот, ҷаҳолат ва бегонапарастӣ шинохта шудааст. Бисёре аз адибон, донишмандон ва шоирони бузурги миллати мо дар осори худ ба ин мавзуъ таваҷҷуҳи хос зоҳир намудаанд.
Аз ҷумла, Абӯалӣ ибни Сино илму донишро чароғи роҳнамо барои инсон медонист. Ӯ таъкид мекард, ки танҳо тавассути дониш инсон метавонад ҳақиқатро аз хурофот фарқ намояд.
Абурайҳони Берунӣ низ бар ин назар буд, ки дониш бояд бар пояи таҷриба ва далел устувор бошад. Ӯ хурофотро монеаи рушди тафаккури илмӣ мешуморид.
Шоири бузург Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» борҳо аз ақлу дониш ситоиш намуда, ҷаҳолатро сарчашмаи бадбахтиҳо медонад:
Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.
Ҳамчунин, Саъдии Шерозӣ таъкид мекунад, ки инсон бояд бо илм худро аз ҷаҳолат ва тақлидҳои нодуруст раҳо созад. Ба андешаи ӯ, бегонапарастӣ аксаран аз ноогоҳӣ ва камбуди худшиносӣ сар мезанад.
Абдураҳмони Ҷомӣ низ донишро воситаи камолоти инсон мешуморад ва бар он аст, ки инсон бо маърифат метавонад ҳақиқати зиндагиро дарёбад.
Дар адабиёти муосир ҳам ин андеша идома дорад. Садриддин Айнӣ бар зидди хурофоту таассуб мубориза бурда, дар осораш аҳамияти маърифат ва маорифро таъкид кардааст.
Андешаҳои адибону донишмандон нишон медиҳад, ки илму дониш на танҳо воситаи рушди шахсӣ, балки сипари боэътимод бар зидди хурофот, таассуб ва бегонапарастӣ мебошад. Ҷомеае, ки ба илм такя мекунад, метавонад фарҳанги миллии худро ҳифз намуда, ҳамзамон ба пешрафт ноил гардад.
Илму дониш чароғи роҳнамоест, ки инсонро аз торикии ҷаҳолат ба сӯи равшанӣ мебарад. Он воситаи пуриқтидорест барои маҳви хурофот ва пешгирии бегонапарастӣ. Ҷомеае, ки ба илм такя мекунад, на танҳо пешрафта, балки устувор ва худшинос низ мебошад.
Барои расидан ба чунин ҷомеа, бояд омӯзиши пайваста, азхудкунии илму дониш ва тафаккури илмиро тарғиб кард ва арзишҳои миллиро ҳифз намуд. Танҳо дар ин сурат мо метавонем насли огоҳ, худшинос ва масъулро тарбия кунем, наслеро, ки ояндаи дурахшони кишварро таъмин хоҳад кард.

Ғафурзода Сино – сардори шуъбаи
таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like