Пешвои миллат – бунёдгузори ваҳдати тоҷикон!

Ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик на танҳо як мафҳуми сиёсӣ, балки кафолатдиҳандаи ҳастии миллат ва сутуни давлатдории муосир ба шумор меравад. Дар таърихи муосиру пурталотуми Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори пойдевори асосии ин сулҳу субот беназир аст. Маҳз иродаи қавӣ ва фидокориҳои ин шахсияти таърихӣ буд, ки мамлакати мо аз вартаи нобудӣ наҷот ёфта, ба шоҳроҳи рушди устувор ва муосир қадам гузошт.

Дар оғози исолҳои 90-уми садаи XX, пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва бародаркуш кашида шуд. Ин ҷанги хонумонсӯз на танҳо иқтисодиёти кишварро фалаҷ кард, балки хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон несту нобуд шудани давлати ҷавони тоҷиконро ба миён овард. Дар чунин лаҳзаҳои тақдирсоз, ки умед ба ояндаи нек дар дили мардуми кишвар коҳиш меёфт, зарурати зуҳури як сарвари ҷасуру дурандеш ба миён омад. Шахсияте лозим буд, ки тавонад тамоми нируҳои солимфикри ҷомеаро муттаҳид созад ва масъулияти вазнини наҷоти ватанро ба уҳда гирад.

Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии ҶумҳурииТоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, нуқтаи гардиш дар таърихи навини мо гардид. Дар ин анҷумани саодати миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд, ки суханҳои нахустин иэшон: «Ман ба шумо сулҳ меорам!» ва «То як гурезаи тоҷик дар хориҷ аз ватан бошад, ман худро ором ҳис намекунам», дар дили ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шуълаи умеди ояндаро фурӯзон намуд.

Нақши Пешвои миллат дар ин марҳила аз он ташкил гардида буд, ки эшон манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои гурӯҳӣ ва шахсӣ воло гузоштанд. Ин оғози роҳи душвор, вале пуршарафи расидан ба Ваҳдати миллӣ буд, ки заминаи онро ҷасорату ватандӯстии беандозаи Роҳбари давлат асос гузоштааст.

Яке аз қадамҳои ҷасуронаи Пешвои миллат дар ин давра, қабули Қонун «Дар бораи авф» буд. Ин иқдом собит сохт, ки роҳбарияти нави кишвар қасди интиқомгирӣ надорад, балки мехоҳад ҳамаи нируҳои мухолифро сари мизи гуфтушунид ҷамъ намояд. Пешвои миллат хуб дарк мекарданд, ки бидуни баргардонидани гурезаҳо ва таъмини амнияти онҳо, ваҳдати воқеиву бардавом имконнопазир нест. Аз ин рӯ, он кас шахсан ба минтақаҳои ҷангзада ва ҳатто ба кишвари ҳамсояи Афғонистон сафар карданд, то ҳамкишварони дур аз ватанро ба оғӯши Тоҷикистони азиз баргардонанд.

Сиёсати “дарҳои боз” ва таҳаммулпазирии Сарвари давлат боис гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ба раванди сулҳи Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Зери роҳбарии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва артиши миллӣ аз нав сохта шуданд. Ин имкон фароҳам овард, ки дар кишвар тартиботи ҳуқуқӣ барқарор гардида, пеши роҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи худсару ҷинояткор гирифта шавад.

Ҷараёни расидан ба Ваҳдати миллӣ роҳи ҳамвору осон набуд. Он солҳои тӯлонии музокироти сахту сангинро (1994–1997) дар бар мегирифт, ки дар маркази ҳамаи ин талошҳо шахсияти муҳтарам ва муҳим – Эмомалӣ Раҳмон қарор доштанд. Нақши Пешвои миллат дар ин давра ҳамчун сиёсатмадори сулҳхоҳ ва инсонпарвар на танҳо дар дохили кишвар, балки хориҷ аз давлат, дар сатҳи байналмилалӣ низ эътироф гардид.

Музокироти байни тоҷикон дар шаҳрҳои мухталифи ҷаҳон — Маскав, Теҳрон, Исломобод, Кобул, Алма-ато ва Бишкек сурат гирифтанд. Дар ҳар як даври ин гуфтушунидҳо Пешвои миллат бо як ҳадафи олӣ — нигоҳ доштани якпорчагии Тоҷикистони биҳиштосо ва ваҳдати халқ ширкат меварзиданд. Эшон боре ҳам аз муколама даст накашиданд, ҳатто вақте ки вазъият дар ҷабҳаҳои ҷанг муташанниҷ гардида буд.

Яке аз лаҳзаҳои ҳассостарин ва диловаронаи ин раванд, сафари Сарвари давлат ба минтақаи Хусдеҳи Афғонистон (соли 1996) барои мулоқот бо роҳбарияти мухолифин буд. Ин иқдом дар таърихи дипломатияи ҷаҳонӣ камназир аст: Сарвари давлат барои хотимаи ҷанг, ҷони худро ба хатар гузошта, ба минтақаи таҳти назорати ҷониби муқобил рафт.

Рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт шудааст, зеро дар ин рӯз дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба ин санади тақдирсоз саривақтиву калидӣ буд. Ин ҳуҷҷат на танҳо нуқтаи ниҳоии ҷанги шаҳрвандӣ, балки ибтидои эҳёи дубораи давлатдории миллии мо тоҷикон гардид. Сарвари давлат бо имзои ин созишнома собит намуданд, ки тоҷикон соҳиби фарҳанги баланди сулҳофарӣ ва таҳаммулпазирӣ ҳастанд. Маҳз иродаи сиёсии Пешвои миллат буд, ки монеаҳои ба назар пурпечутобу ногузаштанӣ дар роҳи сулҳ бартараф шуданд. Эшон тавонистанд бо нишон додани намунаи олии гузашт ва бахшиш, тамоми қишрҳои ҷомеаро дар атрофи як ғоя — “Ваҳдати миллӣ” сарҷамъ созанд.

Пас аз имзои Созишномаи сулҳ, марҳилаи нави фаъолияти Пешвои миллат оғоз ёфт, ки онро “Марҳилаи созандагӣ ва барқарорсозӣ” меноманд. Дар кишвар Комиссияи оштисозии миллӣ ба кор шуруъ кард. Сарвари давлат ҳар як банди созишномаро мӯшикофонаву бодиққат ва масъулияти баланд иҷро мекарданд. Ин аз он шаҳодат медод, ки ваъдаҳои Пешвои миллат дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон додаашон (“Ман ба шумо сулҳ меорам”) на танҳо шиор, балки нақшаи амалии фаъолияти эшон буданд.

Яке аз бузургтарин хидматҳои Пешвои миллат дар замони Ваҳдат — ин раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳисобида мешавад. Пеш аз расидан ба ваҳдат, минтақаҳои Тоҷикистон дар фасли зимистон аз ҳам ҷудо буданд ва бо ибтикори Сарвари давлат нақбҳои “Истиқлол”, “Шаҳристон”, “Шар-шара” ва “Хатлон” сохта ба истифода дода шуданд ва шоҳроҳҳои байналмилалӣ бунёд гардиданд, ки шимолу ҷануб ва шарқу ғарби кишварро ба ҳам пайвастанд. Ин на танҳо рафтуомади мардумро осон кард, балки эҳсоси ягонагиву ваҳдатро дар дили ҳар як шаҳрванди сарзамин қавитар гардонид.

Дар соҳаи энергетика низ нақши Пешвои миллат таърихӣ аст. Бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2” ва албатта, оғози сохтмони азими қарн — Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” маҳсули сиёсати “истиқлолияти энергетикӣ”-и Роҳбари давлат мебошад. Ин иншоотҳо на танҳо манбаи нуру рӯшноӣ, балки рамзи ваҳдат ва қудрати созандаи миллати тоҷик гардиданд.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки таҳти сарварии мустақими Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, имрӯз аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мин ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчун як мактаби нодири сулҳофарӣ эътироф гардидааст. Ин модел нишон дод, ки ҳатто дар печидатарин низоъҳои дохилӣ, агар иродаи қавӣ ва раҳбари хирадманд мавҷуд бошад, метавон тавассути музокироту гуфтушунид ба созиш расид.

Нақши Пешвои миллат дар он зоҳир гашт, ки эшон тавонистанд “формулаи сулҳ”-и хоси тоҷиконро асосгузор бошанд. Ин формула бар пояи бахшиши якдигар, эҳтироми мутақобила ва авлавият додани манфиатҳои миллӣ бар манфиатҳои гурӯҳӣ бунёд ёфтааст. Бисёр кишварҳое, ки имрӯз дар ҳолати ҷанг қарор доранд, таҷрибаи Тоҷикистонро меомӯзанд, то роҳи раҳоӣ аз буҳронро пайдо намоянд.

Ваҳдати миллӣ барои мо тоҷикон танҳо як санади таърихӣ нест, балки он як раванди доимии худшиносӣ ва ватандӯстӣ ба шумор меравад. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд: «Ваҳдат барои мо як вожаи оддӣ нест, он кафили ҳастии миллат ва калиди тамоми муваффақиятҳои мост». Маҳз ҳамин муттаҳидӣ имкон дод, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои обу иқлим ва пиряхҳо шинохта шавад.

Хуллас, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат дар таърихи нави Тоҷикистон беназир ва сарнавиштсоз аст. Агар ҷасорат ва дурандешии ин шахсияти бузург намешуд, шояд имрӯз давлати мустақиле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд намедошт. Эмомалӣ Раҳмон на танҳо сулҳро барқарор карданд, балки онро ба як арзиши муқаддаси миллӣ мубаддал намуданд.

Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст, махсусан мо ҷавонон, аз он иборат аст, ки ин неъмати гаронбаҳо — Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Мо бояд дарк кунем, ки тамоми дастовардҳои имрӯза ва нақшаҳои ояндаи мо танҳо дар фазои осоиштаву беғубор ва ваҳдати комил имконпазиранд. Зери парчами Ваҳдат ва бо сарвариву роҳнамоии Пешвои миллат, Тоҷикистон ба сӯи қуллаҳои нави созандагӣ қадам мегузорад.

Ваҳдати миллӣ — ин ифтихор, саодат ва ояндаи дурахшони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ маҳсуб мегардад.

Саломова Дилафруз Иномовна

ассистенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷик  

You might also like