Ниятҳои ғаразноки ТЭТ ҲНИ
Бояд ёдовар шуд, ки роҳбари наҳзат Муҳиддин Кабирии хоин дар навбати худ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, манфиатҳо ва арзишҳои миллии халқ, аз ҳама муҳимаш тинҷиву оромӣ ва ҳаёти осоиштаи мардумро вайрон кардааст.
Агар мо имруз бо чашми хирад ба фаъолияти мамнуъгардидаи ТЭТ ҲНИ ва роҳбарияти он назар кунем, дар ҳақиқат ин ҳизб ҳизби моҷароҷӯ буд. Мисоли инро дида истодаем, ки имрӯзҳо ҳукумати кунунии мамлакатҳои Аврупо ба ин хоинон ҷой додаву дастгирӣ карда, ба иғвоангезӣ «маслиҳатҳои дӯстона» медиҳанд ва гӯё ба оташи кайҳо хомӯшшуда боз равған мерезанд. Дар аввали фаъолияташ ин ҳизб диққати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш на он қадар ҷалб карда бошад, алҳол роҳбарияти он Муҳиддин Кабирӣ бо амалӣ намудани мақсадҳои нопокаш аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурда истодааст.
Имрӯз мардуми кишвари азизамон аллакай дарк кардаанд, ки Кабирӣ чоплуси хоҷагони хориҷӣ буда, дар тули таърихи фаъолияти худ кори хубе ба аҳолии мамлакат накардааст, ба ҷузъ бозиҳои сиёсию ҷангу хунрезӣ. Хиёнати Кабирию ҳаммаслаконаш, ки онҳо нисбати давлату миллати Тоҷикистон кардаанд, бахшиданӣ нест. Он рўз ҳам дур нест, ки ин Кабирӣ ва дигар хоинони миллатро хоҷагонашон ба нестӣ расонанд, чункӣ онҳо нағз медонанд ашхосе, ки ба миллати худ хиёнат кардааст барои соҳиб гаштан ба маблағҳои пулӣ, дер ё зуд нисбати дигарон низ онро раво мебинанд. Ниятҳои ғаразноки ТЭТ ҲНИ ва Кабирӣ ҳеҷгоҳ амалӣ намешаванд!
Хулоса, ин тоифа душманони миллат дар мисоли Муҳиддин Кабирӣ мехоҳанд мардумро раҳгум зананд, афкору ақидаи халқро тағйир диҳанд. Аммо, сокинони ин сарзамин мардуми худогоҳу хештаншиносанд ва ҳар бадиву некиро ба осонӣ метавонанд қазоват кунанд. Дар ҳар сурат, Муҳиддин Кабирии хоину пайравони каҷраваш бояд донанд ва дарк кунанд, ки ин миллат мисли шумо беиродаву ватанфурўш нест ва ба ҳар иғвову дасисаҳои мисли шумо бовар намекунад!
Комилова М.М. – сармуаллимаи
кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ