Сиёсати сабри Кабирӣ
Зери шиори озодидониву озодихоҳи Кабирӣ иғвогарои ва савсатагӯӣ мекунад. Ин хоин дар муколимаи худ оид ба озодиву ҷуръатнокӣ ҳарф задааст. Кабирӣ мехоҳан боз солҳои 90-ум барин ба сари мадуми Точикистон фоҷиаи нангинро бор кунад. Аммо ӯ намедонад, ки имрӯз кулли мардуми Тоҷикистон дигар ба суханҳои болохонадору бо лаҳҷаи ким кадом давлати исломи иброз намудаи наҳзатиҳо касе гуш намекунанд. Тантанаҳое, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ даргузор мегардид, собит намудааст, ки халқ сиёсати имрӯзаи дохиливу хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро хамаҷониба тарафдорӣ менамояд.
Нуқтаи дигари муҳими қазияи назҳатиҳоро имрӯз халқ хуб дарк мекунад, ки созмонҳои террористию экстремистӣ ҳизби мамнуъ ва роҳбарони фирории онро ҷонибдорӣ мекунанд ва хуб медонанд, ки имруз ин ташкилоти мамнуъ чи хасту роҳбари он Кабирӣ ки ҳаст.
Аз назари Кабирӣ ва ёронаш гуё дар Тоҷикистон озоди нест шудааст ва ҳеқ гуна озодии эътиқоди риоя намешавад. Сиёсати интихобнамудаи роҳбари ҳизби мамнуъ-Муҳиддин Кабирӣ бо номи “сиёсати сабр”, ки онро солҳои охир пеша кардааст, нусхаи аслии барномаи “Ихвон-ул-муслимин”аст. Мутобиқи “сиёсати сабр” назҳатиҳо дар навбати аввал бояд “қадам ба қадам” вазъи инкилобиро тайёр кунанд ва пасон инкилобро роҳандози намоянд.
Хиёнаткор Ватан надорад. Кабирии беимон ва ба халқу ватан хиёнаткарда дар руйхатии аввалини чунин шахсон меистад. Ин ифротии лаънаткардаи халқ бо кирдору рафтори хоинонаи худ имрӯз низ аз ниятҳои нопоки худ даст накашида, аз пайи туҳмату буҳтонҳои беасоси худ нисбати Тоҷикистон аз хоҷагони хориҷии худ “тӯҳфаҳои гарон” мегирад.
Албатта бинобар чораҳои муассир андешидани Ҳукумати мамлакат масъалаи мазкур мисли пешина тезу тунд нест ва пурра ҳал шуданаш кори вақт аст. Аммо то замоне, ки ҳатто як ҳамдиёри мо, хусусан ҷавонони гумроҳзада дар сафи гурӯҳҳои ифротӣ бошанд, мубориза алайҳи терроризиму экстремизм, бахусус чаҳонбинии “сиёҳу сафед” идома хоҳад ёфт. Озодиро дар ватандорӣ бояд дид.
Изҳороти Баҳриддинов Ҳ.Б. – ассистенти кафедраи
технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт