Ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ ҳамчун омилҳои муҳимми тарбияи ҷавонон

Дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи тарбияи ҷавонон аҳамияти хоса дорад. Ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ ҳамчун арзишҳои бунёдӣ дар ташаккули шахсияти ҷавонон нақши калидӣ мебозанд. Ин мақола ба таҳлили амиқи ин раванд бахшида шудааст.

Имрӯз таъсири фарҳангҳои бегона, шабакаҳои иҷтимоӣ ва тағйирёбии арзишҳо метавонад ба коҳиши ҳисси миллӣ оварда расонад. Аз ин рӯ, омӯзиши илмии масъала ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли он зарур аст. Ватандӯстӣ муҳаббат ба Ватан ва масъулият нисбат ба ҷомеа мебошад. Хештаншиносӣ дарки шахсият ва ҳувияти миллӣ мебошад.

Дар самти таълиму тарбия суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бунёдкорона доранд: “…имрӯз, ки мо зери парчами Ватан ва давлати соҳибистиқлол гирд меоем, бояд пеш аз ҳама, ҷавонони мо мазмуну моҳияти арзишҳои истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро аз худ намоянд.”

Барои татбиқу иҷрои Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омӯзгорону донишҷӯён зарур аст, ки дар таълиму тарбияи худ саъю кушиш намоянд, чунки имрӯз  сатҳи пешрафту инкишофи маънавиёт на шумораи аҳолӣ ва сарватҳои моддӣ, балки таълим ҳамчун низоми такмили истеъдод, маҳорату малака ва тарбияи нек, ҳамчун раванди парвариши мақсадноки ҷавонон аз тарафи муассисаҳои таълимӣ, рушди илму маориф ва техникаю технологияи муосир мавриди истифода қарор мегирад. Таълим ва тарбия асоси рушди миллат мебошанд. Таълиму тарбия равандест, ки дар якҷоягӣ ба роҳ монда мешаванд ва ин раванд фосиларо намепазирад. Тарбия яке аз масъалаҳои асосии ҳаёти мардуми ҷаҳони муосир буда, аз ҳалли дурусти он дар кишвар дигар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ низ ҳаллу фасл мешаванд.Дар раванди тарбия маънавиёту ахлоқ бахши асосӣ мебошанд. Амалӣ намудани лоиҳаҳо ва иҷро намудани қонунҳои давлатӣ, аз он ҷумла фармонҳои Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарғиби одоби муошират, риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, дар рӯҳияи ватандустӣ, худшиносию худогоҳӣ, ҷавонмардиву ахлоқи хамида ва маърифат ба воя расонидани ҷавонон  нақши муҳим мебозанд.

Ватандӯстӣ – муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мебошад. Ҷавононе, ки рӯҳияи ватандӯстӣ доранд барои пешрафти кишвар саҳм мегузоранд ва барои ҳифзи истиқлолият ҷони хешро нисор мекунанд.

Хештаншиносӣ – ин маънои шинохти худ, аслу насаб, фарҳанг ва ҷойгоҳи шахс дар ҷомеа мебошад. Хештаншиносӣ имкон медиҳад, ки ҷавонон худро ҳадафҳои дуруст интихоб кунад ва ба фарҳанги миллӣ содиқ бимонад.

Ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ якдигарро пурра мекунанд. Зеро ин ду омил ҳисси масъулиятро баланд гардонида, ахлоқи некро ташаккул медиҳад, ки чунин раванд ҷавононро аз таъсири манфии фарҳангҳои бегона ҳифз мекунанд.

Бар асоси таҳқиқотҳои солҳои 2020–2024, зиёда аз 70% ҷавонон аҳамияти ватандӯстиро муҳим мешуморанд, аммо танҳо 45% фаъолона иштирок мекунанд.

Сабаби костагии тарбияти ҷавонон ба шахсияти онҳо алоқамандие надорад. Воқеият ин аст, ки дар тарбияти онҳо худи мо устодон ва падару модарон саҳланкорӣ менамоем ва аз ин фурсат онҳо хуб истифода намуда тарбияти дуруст намегиранд, нодуруст тарбият гирифтани онҳо ин аз оила сарчашма мегирад. Ба ин ишорат бузургон мефармоянд:

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

Аз ин рӯ барои баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ омӯзиши таърихи миллат, эҳтироми забони модарӣ, иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ нахуст калонсолон (волидон ва омӯзгорон) барои ҷавонон намунаи ибрат бошанд.

Меъмори асоси дар тарбияти ҷавонон ин падару модари онҳо, баъдан мо омӯзгорон ҳастем. Мо омӯзгоронро мебояд дар раванди дарс аз ҳад зиёд зиндагии сипари шудаамонро дар муқоиса ба зиндагии имрузаи ҷавонон афзалият набахшем, воқеъбин бошем то сухани мегуфтаамон ба шогирдон таъсир расонида тавонад. Яъне худро ҳамду сано ва шогирдонро пастзаниву маломат накунем, воқеият чизе ҳаст ҳамонро мебояд таҳлил карда ба шогирдон расонид, зеро таҳлил кардани воқеияти гузаштаву ҳозира ба шогирдон таъсири бештар расониданаш мумкин аст, ки он маҳсули бештар ба бор оварад.

Тарбият ва ба донишомузӣ ҷалб намудани донишомӯзон роҳҳои бисёре ба худ хосро дорад ва яке аз онҳо ин ба воситаи панду андарзи бузургон ва меъёрҳои динию дунявӣ мебошад.

Дотсенти кафедраи менеҷмент

Ахмедова М. А.

You might also like