Изҳороти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалӣ нисбати ҳушёрии сиёсӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳое ба ҳисоб меравад, ки осоиштагии аҳли ҷомеа ва таъмини онро дар ҷои аввал мегузорад. Доир ба масъалаҳои мубрами рӯз борҳо аз минбарҳои баланд ба аҳли башар аз тарафи Роҳбари давлат гӯшрас гардидааст, ки муқобил гузоштани ҷаҳонбинии гуногун ва тариқи зулму зӯрӣ ҳал намудани низоъҳо на танҳо ба касоду шикасти иқтисод, балки вайрониву вайроншавии давлатҳо инчунин бесарусомонии инсоният оварда мерасонад. Мо инро дар мисоли ҷанги дохилӣ дар Афғонистон, Ироқу Сурия ва низоъҳои дигар дар гушаву канори олам дида метавонем, ки то имрӯз, роҳи ҳалли худро наёфтааст.
Аз тамоми мардуми кишвар махсусан ҷавонон хоҳиш менамоем, ки ҳушёриву зиракро аз даст надода ба доми чунин хиёнаткорон ва мардумфиребон дода нашаванд. Барои гулгулшукуфии Ватани азизамон бо донишу тафаккур ва муттаҳидӣ саҳми худро гузоранд.
Аҳли устодони кафедраи ҳуқуқи
соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ