Кабирӣ агар ҷуръат медошт…

Оид ба найрангҳои навбатии иттилоотии Кабирӣ, ки дар мусоҳибаи Паём бо раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар бораи таҳаввулоти охир дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон  худ бо номи “ҷуръат ва ҷасорат хоси инсони озод аст” чиро бояд қайд намоем.

Сараввал, агар ин мусоҳибаро мехонӣ як мақолӣ русӣ ба ёдат меояд “Бумага всё стерпит”. Маълумоти дар ин ҷо оварда шуда ягон асосе надорад ва мебоист барои тасдиқи суханаш ягон далеле меовард. Охир ин шахс, ки худаш дар хориҷ асту аз аҳволи мо гӯё бо хабар аст. Яке аз суханашро барои хонанда меорем, ки худ қазоват намоед – “Чаро мардум ба маҳдудиятҳо дар интиқоли пул зиёд вокуниш накард?” Ин шахс мехоҳад байни давлату аҳолӣ нооромӣ бошад ва бо ҳамин роҳ сиёсати нопоку ғаризонаи худро роҳандозӣ намояд. Сониян, агар ин шахс дар ҳақиқат дилаш ба вазъияти кунунии давлату мардум месӯхт, роҳи баромаданро аз ин ҳолати ногувор пешниҳод медод, на ин ки мардумро бар зидди давлат бархезонад.

Сиёсат мафҳумест, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ ва идоракунии давлатиро, инчунин масъалаҳо ва рӯйдодҳои ҳаёти ҷамъиятиро, ки бо фаъолияти давлат алоқаманд аст, дар бар мегирад. Аз рӯи ақидае, ки ин шахс тарғиб менамояд мо давлати қафомонда ҳастему ва ӯ ягона шахсе мебошад, ки моро аз вазъияти муташанниҷ (ба фикри ӯ) бароварда метавонад. Аммо худ дар давлатҳои хоҷагони хориҷиаш пинҳон шуда мегардад. Чӣ суд аз чунин ақидаи пучаш. Боз як интригаи навбатии Кабирӣ дар остонаи маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар кишвар аст.

Абдуллоев М.М. – сармуаллими кафедраи

 андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

You might also like