Эҳё ва рушду такомули забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолӣ
«Дар асри бисту як-дар замони ҷаҳонишавии босуръати проблемаҳои башарӣ, ки аз рўйи пешгўиҳои олимон эҳтимоли маҳвшавии тақрибан дусад забони хурди олам вуҷуд дорад, забони тоҷикӣ бояд пойдории таърихии худро ҳифз карда тавонад». Эмомалӣ Раҳмон.
«Дар асри бисту як-дар замони ҷаҳонишавии босуръати проблемаҳои башарӣ, ки аз рўйи пешгўиҳои олимон эҳтимоли маҳвшавии тақрибан дусад забони хурди олам вуҷуд дорад, забони тоҷикӣ бояд пойдории таърихии худро ҳифз карда тавонад».
Эмомалӣ Раҳмон.
Халқи тоҷик яке аз халқҳои қадимтарини ҷаҳон маҳсуб ёфта, забони ин забони хеле ғановатманду бостонӣ ва тавоно мебошад. Муаррифгари ҳар як миллат забони он аст ва забони тоҷикӣ ( форсӣ, дарӣ) дар саросари дунё маъруф асту халқи соҳибистиқлоли тоҷикро муаррифӣ мекунад.
Забон рукни асосии ҳар як миллат буда, маданият, сарват ва ифодагари руҳи халқ мебошад. Забон аломати барҷастаи тафаккур ва фарҳанги миллӣ мебошад. Халқе, ки забони модариашро аз даст медиҳад, оҳиста- оҳиста аз арсаи таърих нопадид мегардад. Забони миллат –пояи миллат маҳсуб меёбад.
3 октябри соли 2009, № 687 бо Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад, яъне дар мамлакати тоҷикон тамоми корҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, моддӣ ва маънавию маърифатӣ бояд ба забони модарӣ (давлатӣ) сурат гирад. Имрўз ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба забони тоҷикӣ беҳамтост. Мо насли имрўз хушбахт аз онем, ки забони мо дорои таърихи куҳан ва ганҷинаи бебаҳост.
Забони тоҷикӣ дар давраҳои қадим пайдо шуда, се марҳилаи тўлонии инкишофро аз сар гузаронидааст: забони форсии қадим, забони форсии миёна ва забони форсии нав ё забони дарӣ-тоҷикӣ. Зиёда аз ҳазор сол инҷониб, халқи тоҷик бо забони форсии нав ё дарӣ-тоҷикӣ гуфтугў мекунад ва фарҳангу адабиёти ҳазорсолаи классикии худро маҳз ба ҳамин забон офаридааст.
Дар асрҳои IX-X он ба ташаккулёбӣ оғоз намуда, дар ин давра тамоми корҳои давлатӣ бо ин забон сурат мегирад ва адабиёти бадеии оламшумул арзи ҳастӣ менамояд. Соҳибқирони шоирон устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ бо ин забон шеърҳои ноб гуфтааст.
«Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бо ҳамин забон дар ҳаҷми 60 ҳазор байт нигошта шудааст. Осори илмии нобиғаи Машриқзамин Абўалӣ ибни Сино ҳам бо забони модариаш-забони форсӣ навишта шудааст. Дар замони ҳукмронии Ғазнавиёну Қарохониён, Салҷуқиёну Темуриён, Шайбониён, Аштархониён ва Манғитиён низ забони тоҷикӣ ҳамчун забони расмию давлатӣ қарор дошт.
Дар ҷаҳони муосир зиёда аз 6000 забон мавҷуд буда, аз нигоҳи хешигарӣ ба 24 оилаи калон тақсим шудаанд ва ин оилаҳо дар навбати худ ба гурўҳҳо ҷудо гаштаанд ва гурўҳҳо бошанд, забонҳои алоҳидаро дар бар мегиранд. Аз ҷумла, забони тоҷикӣ ба гурўҳи эронии хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ (ба монанди русӣ, полякӣ, чехӣ, литвагӣ, ҳиндӣ, юнонӣ, арманӣ, лотинӣ, ирландӣ, немисӣ, англисӣ ва ғайра) тааллуқ дорад ва се давраи инкишофро аз сар гузаронидааст:
Давраи бостон замони давлатдории Ҳахоманишиён (аз давраи қадим то асрҳои IV-III пеш аз мелод) буда, намунаи осори забони мо дар он давра «Катибаи бесутун» маҳсуб меёбад. Забон дар он замон ба забони авестоӣ ва санскрит наздик аст. Осори ин давр бо хатти мехӣ сабт гардидааст.
Давраи миёна ба замони подшоҳии Ашкониён ва Сосониён (асри пеш II аз милод ва асрҳои I-YI мелодӣ) рост меояд. Ин забонро дар таърих паҳлавӣ ҳам меноманд. Асарҳои «Ёдгори Зарирон», «Корномаи Ардашери Бобакон», «Дарахти Асурик», «Минуи хирад» ва ғайра намунаи осор ва хатти паҳлавӣ маҳсуб меёбад.
Давраи нав ё порсии дарӣ (асрҳои YIII-IX мелодӣ то замони мо) дар асрҳои IX-X ташаккул ёфтааст. Осори безаволи адабиёти классикии форсу тоҷик дар он давра бо хатти арабӣ таълиф шудааст ва мероси гаронбаҳои муштараки форсизабонҳо мебошад.
Забони тоҷикӣ аз давраи ташаккулёбиии хеш то ба имрўз аз ҷиҳати луғавӣ ва сохтори наҳвию услубӣ кам ба тағйирот дучор гардидааст ва аз ин лиҳоз, дар байни забонҳои дигар ягона забонест, ки тақрибан вазъи беш аз ҳазорсолаи худро нигоҳ доштааст.
Ба гурўҳи забонҳои имрўзаи эронӣ забонҳои тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ), толишӣ, пашту, осетинӣ, тотӣ, гелонӣ, мозандаронӣ, балуҷӣ, яғнобӣ ва забонҳои помирӣ (шуғнонӣ, рушонӣ, бартангӣ, вахонӣ, ишкошимӣ, язғуломӣ, мунҷонӣ ва ғайра) шомиланд.
Имрўз вазифаи ҳар як тоҷикзабон қабл аз ҳама аз он иборат аст, ки барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони модариамон кўшиш ба харҷ диҳем. Тавре ки Бозор Собир гуфтааст:
Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад, ватандор аст ў,
То забондор аст, бисёр аст ў.
Забони тоҷикӣ забони милливу давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, берун аз қаламрави ин кишвар низ нуфузу эътибори хоса дорад. Аз ҷумла, дар ҷумҳуриҳои Ўзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистону Эрон, шимоли Ҳиндустон, Туркия, Покистон, Курдистон, Қошғари Хитой ва Қафқоз низ аз он истифода менамоянд.
Шоирону нависандагони муосири тоҷик ба тавоноии забони тоҷик, меҳру муҳаббат нисбат ба он, зебогиву шевогии он арҷгузорӣ намуда,чароғи онро фурўзон нигоҳ доштаанд. Мўъмин Қаноат дар васфи забони модарӣ чунин гуфтааст:
Баҳри ман танҳо забони модарист,
Ҳамчу шири модар аст.
Баҳри ў ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки меҳри модар аст.
Устод Лоиқ Шералӣ оид ба забон ва арҷгузорӣ ба он мегўяд:
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае,
Дар замину дар замон гумкардае.
Ин нишон гумкардаеву дигаре,
Хештанро бенишон гумкардае…
Он забони ҳамдилӣ гум кардааст,
Ин забони модарӣ гум кардааст.
Аз тамоми ину он гумкардагон,
Зиштрўтар нест дар рўи ҷаҳон.
З-он ки гум карда забони модарӣ,
Ҳарф гўяд бо ту бо чандин забон.
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ў забони модарӣ гум кардааст…
Султонова Адиба Ҷалиловна