ҶАВОНОН, ТАРБИЯИ СИЁСӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Агар ба ҷавонон нишон дода шавад, ки хизмат ба Ватан – ин мактаби интизом, таҷрибаи зиндагӣ  ва санҷиши воқеии худшиносии миллӣ аст, пас, табиист, ки онҳо хизмат ба Ватан ва ҳифзи онро ба ҷон мепазиранд.

Ҳар шаб зи худат бипурс агар ту мардӣ,
К-имрӯз чӣ хидмате ба мардум кардӣ…

Агар, имрӯз аз ҷавоне пурсӣ: Ту ба ояндаи давлат чӣ робитае дорӣ? Метавонад лаҳзае сукут кунад. На аз он сабаб, ки ҷавоб надорад, балки барои он ки ҳеҷ кас ӯро водор накардааст то дар ин бора ҷиддӣ фикр кунад. Маҳз аз ҳамин сукут тарбияи сиёсии ҷавонон оғоз мешавад ё баръакс, маҳз дар ҳамин сукут ӯ ноком мегардад.

Дар замоне, ки иттилоот аз ҳар тараф фишор меорад, худшиносиву худогоҳии миллӣ худ аз худ ба вуҷуд намеояд. Онро бояд парвариш кард, ҳифз намуд ва бо амали воқеӣ қавӣ сохт. Эълон гардидани соли 2026 ҳамчун соли «Вусъат додани корҳои созандагиву ободкорӣ ва тақвияти таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» моро водор месозад, то ба масъалаи тарбияи сиёсӣ бо нигоҳи амиқ ва воқеъбинона муносибат карда бошем, зеро он ба сифати омили муҳим дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ баромад мекунад.

Солҳо дар бораи тарбияи сиёсӣ сухан мегӯем. Аммо саволи калидӣ ин аст, ки оё ҷавонон онро эҳсос мекунад? Ҷавононе, ки танҳо мешунаванд, вале иштирок намекунанд, тарбия намеёбанд. Онҳо танҳо иттило мегирад. Тарбияи сиёсӣ он вақт оғоз мешавад, ки ҷавонон масъулиятро ҳис кунад, таъсири амалашро бинад ва дарк намояд, ки давлат танҳо идора нест, балки ҷамъбасти интихоби шаҳрвандон аст.

Таҷрибаи муосири кишварҳои дар ин самт пешрафта нишон медиҳад, ки тарбияи сиёсии ҷавонон на бо роҳи маҷбурӣ, балки симои онҳо ҳамчун шарики эътимодбахш дар раванди ҳалли масъалаҳои давлативу ҷамъиятӣ шинохта шудааст.

Пӯшида нест, ки дар кишвари мо низ байни ин қишр ҷавононе низ ба назар мерасанд, ки нисбати давлат, ояндаи он ва муносибатҳои сиёсие, ки дар ҳаёти сиёсии давлат ба вуҷуд меоянд, бетарафӣ зоҳир мекунанд. Рафтори мазкур ниҳоят боиси паст шудани сатҳи худшиносиву худогоҳии миллии онҳо мегардад. Чунин амал дар илми сиёсӣ бо мафҳумҳои «беаҳамиятии сиёсӣ», «бефарқии сиёсӣ», «бегонашавии сиёсӣ» ё худ «бетафовутии сиёсӣ» ифода карда мешавад. Ба андешаи мо бетарафии сиёсӣ дар фазои холӣ пайдо намешавад. Он натиҷаи чунин омилҳо мебошад:

  1. ҷавонон худро шунидашуда ҳис намекунад;
  2. сиёсат барои онҳо бо зиндагии воқеӣ пайваст нест;
  3. фазои иттилоотӣ аз онҳо пештар фикр мекунад.

Имрӯз ҷавонон метавонанд дар як рӯз садҳо хабар бинад, аммо ҳеҷ кадоме аз онҳо ба ӯ намегӯяд, ки: «Ту дар куҷоӣ ин раванд қарор дорӣ?». Дар чунин ҳолат, худшиносии миллӣ заиф мешавад, зеро ҷавон худро берун аз ҳудуди муносибатҳои милливу давлатӣ ва дар маҷмуъ, давлат эҳсос мекунад. Омили мазкур минбаъд сабаби асосии бетарафии онҳо мегардад.

Яке аз нишонаҳои ин бетарафӣ дар муносибат ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ намоён мегардад. Барои қисме аз ҷавонон хизмат ҳамчун маҷбурият, на масъулият қабул мешавад. Аммо мушкилӣ дар хизмат кардан нест, балки дар дуруст фаҳмонидани он аст. Агар ба ҷавонон нишон дода шавад, ки хизмат ба Ватан – ин мактаби интизом, таҷрибаи зиндагӣ  ва санҷиши воқеии худшиносии миллӣ аст, пас, табиист, ки онҳо хизмат ба Ватан ва ҳифзи онро ба ҷон мепазиранд.

Ба андешаи мо, имрӯз ба ҷавонон хизмат кардан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ бо усулҳои нав муаррифӣ карда шаванд. Масалан, тавассути ҳодисаҳои воқеӣ, наворҳои зинда, гуфтугӯ бо ҷавононе, ки аз хизмат баргаштаанд ва худро дигаргуншуда эҳсос мекунанд. Сарбоз ҳамчун шахси қавӣ, худогоҳ ва масъул нишон дода шавад, на ҳамчун образи қолабӣ. Ин равиш метавонад муносибати ҷавононро куллан тағйир диҳад.

Агар мо воқеан хоҳем, ки тарбияи сиёсӣ самара диҳад ва он боиси ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гардад, бояд ба чанд амали мушаххас диққати воқеӣ дода бошем, аз ҷумла:

  • Ҷавонҳоро бояд дар маркази тарбияи сиёсӣ қарор диҳем. Тарбияи сиёсӣ набояд танҳо дар бораи онҳо сухан гӯяд, балки бо иштироки мустақими онҳо амалӣ шавад. Роҳҳои ҳалли масъалаи иҷтимоиву сиёсиро худи ҷавонон таҳлил ва баррасӣ кунанд, то дарк намоянд, ки ҳисси миллӣ ва худогоҳӣ на як сухани назарӣ, балки натиҷаи фаъолияти худи онҳо аст. Ин равиш иштироки ҷавононро бештар мекунад ва тарбияи сиёсиро воқеан самарабахш мегардонад.
  • Тарбияи сиёсӣ бояд бо зиндагии воқеии ҷавонон пайваст бошад. Вақте онҳо мебинанд, ки қарорҳои давлат ба зиндагии ҳаррӯзаашон ба монанди таҳсил, гирифтани кумакҳои иҷтимоӣ ё ҳуқуқи иштирок дар қабули қарорҳо таъсир доранд, онҳо ҳис мекунанд, ки дар ҷомеа мавқеи муайян ва масъулият доранд. Ин раванд нишон медиҳад, ки сиёсат танҳо сухан нест, балки чизе аст, ки воқеан ба ҳаёти онҳо таъсир мерасонад.
  • Бояд фазоҳои озоди муҳокима барои ҷавонон эҷод кард. Агар ҷавонон имкони мубодилаи идеяҳо, муҳокимаи сиёсӣ ва баҳсҳои созандаро дошта бошанд, онҳо худро қисми фаъол ва масъули ҷомеа ҳис мекунанд. Он тарбияи сиёсиро пурсамар ва таъсирбахш мегардонад.
  • Хизматро ҳамчун рамзи (бренди) масъулияти шаҳрвандӣ табдил диҳем. Бо истифода аз воситаҳои муосир ба монанди видеонаворҳои хусусияти тарбияи ватандӯтидошта, мисолҳои зинда аз таҷрибаи хизматчиён ва шарҳи шаффоф оид ба аҳамият ва натиҷаҳои хизмат, ҷавонон метавонанд онро ҳамчун мактаби қавӣ ва таҷрибаи воқеии худогоҳӣ қабул кунанд.
  • Худшиносии миллиро бо ифтихор ташаккул диҳем. Ҷавон ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҳисси ватанпарастиро танҳо вақте қабул мекунад, ки онро бо ифтихор эҳсос намояд. Воситаҳои маҷбуркунӣ иштироки фаъол ва эътимоди ҷавононро кам мекунад. Тарбияи сиёсӣ бояд ифтихор аз дастовардҳо, арзишҳо ва дастгириҳои миллӣ, инчунин имконияти таҷриба кардани ҳисси масъулиятро ба ҷавонон диҳад.

Худшиносиву худогоҳии миллӣ на аз минбар, балки он аз эҳсоси масъулияти ҳар як ҷавон оғоз меёбад. Соли 2026 бигзор соли бедорӣ, яъне бедории ҷавонест мефаҳмад, ки давлат – ин ман ҳастам, оянда ин интихоби ман аст ва худшиносӣ ин танҳо калима нест, балки роҳи зиндагист.

Агар хонанда баъди ин мақола як лаҳза ба худ савол диҳад:
«Ман барои давлатам чӣ мекунам?», пас мақсад иҷро шудааст.

Мирзокомил Комилов

  • сиёсатшинос, омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ. ДДҲБСТ
You might also like