Хизмати содиқона ба Ватан — ифтихори ҷавонон аст!

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, дорои Қувваҳои мусаллаҳи худ мебошад. Артиши миллӣ яке аз сутунҳои асосии давлатдорӣ ба шумор рафта, дар таъмини амният, субот ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар нақши ниҳоят муҳим дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президинти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад».
Таърихи давлатдории миллати тоҷик собит месозад, ки бе доштани нерӯи мудофиавии қавӣ ҳифзи истиқлолият ва манфиатҳои миллӣ ғайриимкон аст. Миллати тоҷик дар тӯли асрҳо барои озодӣ ва ҳифзи сарзамини худ мубориза бурда, таҷрибаи ғании таърихӣ андӯхтааст. Имрӯз, дар шароите ки ҷаҳон бо таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла терроризм, экстремизм, ҷинояткории фаромиллӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ рӯ ба рӯ мебошад, зарурати доштани артиши муҷаҳҳазу омода ба ҳар гуна вазъият боз ҳам бештар эҳсос мегардад.
Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як нерӯи мустаҳкам, муназзам ва боэътимод табдил ёфтаанд. Дар сафи он ҳазорон ҷавонони ватандӯст, далеру шуҷоъ ва содиқ ба савганди ҳарбӣ хизмат мекунанд. Онҳо дар шароити гуногун, аз марзҳои кӯҳӣ то минтақаҳои душвори иқлимӣ бо ҳисси баланди масъулият амнияти давлатро таъмин менамоянд. Ин худ нишонаи рӯҳияи баланд ва омодагии онҳо ба ҳифзи Ватан аст.
Президенти кишвар дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа буда, дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар нақши калидӣ доранд. Аз ҷумла, хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавон мактаби воқеии ҳаёт ба ҳисоб меравад. Дар ин мактаб ҷавонон на танҳо малакаҳои ҳарбӣ, балки сифатҳои муҳим, аз қабили ватандӯстӣ, интизом, масъулиятшиносӣ, сабру таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмиро меомӯзанд.
Дар баробари ин, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеа мебошад. Оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дар ҳамбастагӣ барои ташаккули чунин сифатҳо дар байни ҷавонон саҳмгузор бошанд. Зеро маҳз ҷавонони имрӯз бунёдгарони фардои дурахшони кишвар мебошанд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ на танҳо иҷрои қарзи шаҳрвандӣ, балки нишонаи шараф, мардонагӣ ва садоқат ба Ватан аст. Ҳар як ҷавон бояд дарк намояд, ки ҳимояи марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият вазифаи муқаддаси ӯст. Бо чунин эҳсоси баланди масъулият, ҷавонон метавонанд ба рушди устувори кишвар ва таҳкими давлатдории миллӣ саҳми арзанда гузоранд.
Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони тоҷик бояд бо ифтихор ба хизмати Ватан равад, зеро ояндаи давлат, амнияти ҷомеа ва саодати миллат ба ирода, дониш ва садоқати онҳо вобаста аст. Танҳо бо такя ба ҷавонони худогоҳ, ватандӯст ва соҳибмаърифат метавонем Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу пешрафта гардонем.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like