Наврўзи байналмилалӣ дар сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон

«Наврўз дар тасаввур ва оини миллати қадимаи мо ва умуман, нажоди ориёӣ иди пирўзии нур бар зулмот ва тантанаи некӣ бар бадӣ аст». Эмомалӣ Раҳмон

Ҷашни байналмилалии Наврӯзи фархундапаю бостонӣ, ки  ифодагари ормонҳои миллии мардуми тоҷик мебошад, ибтидояш решапайванди ҳазорсолаҳост ва шукуҳу шаҳоматаш заррае коста нагардида, то ба рўзҳои мо пойдору барқарор,  неруманду устувор  омада расидааст ва ба ҳайси оғози рўзи наву соли нав ҳукми баҳори бехазону пуртаровати зиндагиро доро мебошад.

Миллати сарбаланди тоҷик аз он ифтихорманд аст, ки бо ибтикор ва талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи хуҷастапай аз 30-юми сентябри соли 2009  аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон миёни мардуми ориётабор бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Ҷаҳонишавии Наврӯзи миллии тоҷикон эътирофи ҷаҳонии дастовардҳои миллати соҳибтаъриху соҳибтамаддун ва шарафманди моро нишон медиҳад. Тавассути сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат корҳои ободонию созандагӣ, эҳёи ҳунарҳои қадима, равнаќи соҳањои мухталифии хољагии халќ бомаром ҷараён мегирад.

Воқеан, Наврўз дар таърихи миллати сарбаланди мо мисли китоби муқаддасест, ки дар тўли ҳазорсолањо суннатҳои неки гузаштагони ориёии моро дар саҳифаҳои худ маҳфуз доштааст. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкидан зикр намудаанд: «Наврўз дар тасаввур ва оини миллати қадимаи мо ва умуман, нажоди ориёӣ иди пирўзии нур бар зулмот ва тантанаи некӣ бар бадӣ аст».

Тибқи ахбори сарчашмаҳои мўътабари таърихӣ, аз ҷумла, рисолаҳои пурарзиши мутафаккирони барҷаста Абўрайҳони Берунӣ, Мўсои Кисравӣ, Умари Хайём ҷашни Наврўз дар аҳди давлатдории Пешдодиён ба ҳукми анъана даромада, чун ҷашни эҳёи табиат ва бузургдошти пешаи кишоварзӣ, истиқболи баробарии рўзу шаб ва фарорасии нахустин рўзи Соли нав, айёми шодмонии мардум таҷлил мегардад.

Иди фархундаи Наврўз бо қадами мубораки хеш ба пиру барно пайки шодӣ, муждаи иқбол, бахту саодати тоза меорад. Соли нави аҷдодӣ бо нафаси тозаи баҳор фаро расида, аз оғози кишту кор, аз оғози нақшањои тозаи аҷодию офарандагӣ башорат мерасонад.

Иди фархундаю пуршараф ва бостонии қавмҳои ориёӣ – Наврўзи байналмилалӣ дар сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон  имсол низ чун анъанаи неки ниёгони фарзонаамон бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат таҷлил мегардад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like