Душмани Ватан ва миллатро ҳаргиз мабахш!

Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хат ва сатҳи амудии аз ин хат гузарандааст, ки ҳудуди қаламрави давлатии (хушкӣ, обҳо, қаъри замин ва фазоӣ ҳавоии) Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ҳадди фазоии амали соҳибихтиёрии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

Сарҳади давлатӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муайян карда мешавад.

Сиёсати сарҳадӣ ҷузъи сиёсати давлатии дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Сиёсати сарҳадӣ бо назардошти принсипҳои байналмилалии эҳтироми соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳадҳои давлатӣ ташаккул ёфта, ба он асос меёбад.

Ҳодисае, ки рӯзи 6-уми ноябри соли гузашта ба миён омад, мо тоҷикистониёнро ғамгин намуд. Якчанд нафар иблисон кўшиш намуданд, ки  сарҳади давлати моро убур намуда, ба дидбонгоҳи “Ишқобод” воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва наздикии марзи Ҷумҳурии Тоҷикистону Ӯзбекистон ворид гаштанд.

Дар натиҷаи ҳамлаи нохалафон, террористон ду нафар сарбозон ҷон бохтанд. Бист тан хунхороне, ки ба ин амали ғайри инсонӣ даст заданд, фикре ҳам  накардаанд, ки ҳар як сарбози ин ватан дар паноҳи давлат мебошад ва мо намегузорем, ки ҳар гуна бадхоҳон ба мақсади ғаразу нопоки худ бирасанд.

Дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд риояи талаботи қонунгузории ҷорӣ барои ҳамагон ҳатмӣ мебошад. Ҳар як инсоне, ки ба чунин роҳи нодуруст қадам мемонад, дониста бошад, ки оқибати кори вай нодурст асту амалаш нобахшиданӣ мебошад. На аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ, на аз нуқтаи назари инсонӣ ва на аз нуқтаи назари дин ин амали онҳо дурустии худро надорад.

Бадхоҳоне, ки аз рехтани хуни ноҳақи миллат наметарсанд, бояд дониста бошанд, ки чоҳкан зери чоҳ аст, ҳақиқат ҳамеша ҷойи худро меёбад. Тавре дар урфият сухан мегуянд: «Душмани шахсиятро бубахш, аммо душмани Ватан ва миллататро ҳаргиз мабахш».

Арзишҳои олие, ки мо қадр мекунем арзишҳое мебошанд, ки дар худ ватандўстӣ, инсондўстӣ, меҳрубонӣ, дӯстиву рафоқат, ягонагӣ ва созандагиро ҷой намудааст. Дар баробари ин мо, тоҷикистониён ба монанди як тану як ҷон ҳастем ва ба ҳар гуна бадхоҳон ҷавоби қотеъ ва зарбаи шадиди худро хоҳем дод.

Самадов Б. О. н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи

 ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ

You might also like